«Нуфузи мамлакат ин обрӯест, ки бояд нигоҳ дошт ва ҳифз кард», чунин ифода намуд фикри худро яке аз иштирокдорони «мизи мудаввар» дар Тошканд, ки бахшида ба масъалаҳои таҳкими нуфузи байналхалқии Ӯзбекистон гузашт.
Коршиносони соҳаҳои коммуникатсияҳои оммавӣ, намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ, расонаҳои ахбори оммавии хориҷӣ ва ватанӣ масъалаҳои мустаҳкам кардани нуфузи мамлакатро дар доираи «мизи мудаввар» бино бар мавзӯи «Масъалаҳои рӯзмарраи таҳкими нуфузи байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон доданд, муҳокима карданд.
Хабарнигори АА «Дунё» маърӯза ва мубоҳисаҳоро шунида, мақсад ва ғояҳои асосии онҳоро аз забони иштирокдорони чорабинӣ пешниҳод менамояд.
Ба Ӯзбекистон нуфузи байналхалқӣ барои чӣ зарур аст?
Тамоми иштирокдорон ба он фикру ақида ҳамроҳ шуданд, ки нуфузи Ӯзбекистон тӯли 2-3 соли охир дар арсаи байналхалқӣ аз бисёр ҷиҳат мустаҳкам гардид. Бинобар ақидаи Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон Ҷон МакГрегор ин ба шарофати мулоқоти байни роҳбарияти давлат ва ҷомеаи байналхалқӣ аз як ҷониб, ҳамчунин халқ аз ҷониби дигар имконпазир шуд.
Коршиносон таъкид намуданд, ки бо вуҷуди қадамҳои мусбат дар озодкунии иқтисодиёт, татбиқ сохтани сиёсати ошкоро ва дигар тағйироти мусбии Ӯзбекистон ҳанӯз бренди умумии он дар арсаи байналхалқӣ ташаккул наёфтааст.
Алҳол эътибори доираҳои коршиносони ҷаҳон, сиёсатмадорон, дипломатҳо ва тоҷирони байналхалқӣ воқеан ба Ӯзбекистон нигаронида шудааст, вале шиносоии мамлакат дар байни мардуми алоҳидаи хориҷа, мутаассифона, ҳанӯз чандон баланд нест. Тамоми ин омилҳо барои ба нуфузи Ӯзбекистон баҳои мушаххас додан сабаб шуданд.
Бинобар ҳамин ҳам Вазорати корҳои хориҷӣ якҷо бо идора ва муассисаҳои дигар ҳоли ҳозир Консепсияи таҳкими нуфузи мусбати Ӯзбекистонро дар арсаи байналмилалӣ кор карда мебарояд. Муовини вазир Дилшод Аҳатов таъкид кард, ки дар ҷаҳони кунунӣ мамлакат бидуни нуфузи мусбати байналхалқӣ наметавонад ба нақши давлати пешқадам даъво кунад, зиёда аз он вай дар назди хурӯҷҳои хориҷии иқтисодӣ ва сиёсӣ ночор мемонад.
Мо Ӯзбекистонро чӣ гуна мехоҳем бубинем?
Баҳо ба нуфузи нав баробари рӯзмарра будан дар ҷараёни кори «мизи мудаввар» масъалаи аз ҳама бештар баррасишуда буд.
Чунончӣ, роҳбари идораи тадқиқоти маркетингии Кумитаи давлатии оид ба рушди сайёҳӣ Алишер Ғуломов зикр сохт, ки Ӯзбекистон нуфузи худро фаъолона ҷустуҷӯ мекунад. Ба Ӯзбекистон нуфузи нав лозим гуфтан, ҳанӯз кам аст. Бояд дарк кард, ки ин нуфуз дар чӣ гуна шакл бошад. Вай эътибори ҳозиронро ба зарурияти ташаккул додани нуфузи кишвари дӯст бо суннатҳои демократӣ, иқтисодиёти бозаргонӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб кард.
Дар навбати худ сафири Фаронса дар Ӯзбекистон Виолен де Вилмор бо чунин суол муроҷиат кард: «Оё Ӯзбекистон кишвари «қадима»-и дорои ёдгориҳои зиёди таърихӣ боқӣ мемонад, ё худ кишвари пешқадами соҳиби иншооти нави меъморӣ мегардад?» Вай афзуд «Ман ҳангоми сафарҳои худ мушоҳида намудам, ки одамони оддӣ дар бораи шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хива нисбат умуман ба Ӯзбекистон бештар чизро медонанд».
Иштирокдорони «мизи мудаввар» ҳамчунин иброз доштанд, ки мафҳуми нуфузи мамлакатро бояд бинобар самтҳои гуногун дарк кард, яъне тамоми аудиторияро, хоҳ вай сармоягузор бошад, хоҳ сайёҳи оддӣ ё худ ҷомеаи байналхалқӣ ба инобат бигирифт. Чунончӣ, мувофиқи таъкиди Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ӯзбекистон хонум Ҳелена Фрейзер, фаҳмиш ва маҳаки обрӯи мамлакат барои ҳар кас ҳар хел аст. Барои мисол, он баҳри сайёҳон амният, сифати хидматрасонӣ ва маданияту таърихи амиқ бошад, барои доираҳои академӣ ин дастёбӣ ба ахбороту бойгониҳо, барои сармоягузорон – шаффофияти тиҷорат дар мамлакат ва волоияти қонунҳо, барои журналистони байналхалқӣ – озодии сухан ва дастрасӣ ба коммуникатсияҳо, бо мардум ва хидматгузорони давлатӣ мебошад.
Роҳбари Маркази PR -и Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ Акрам Муҳаммадқулов ақида дорад, ки бояд ғояи миллӣ асоси нуфузи нав қарор гирад. Баъд аз он ки сохтори он ташаккул ёфт, ғояро бояд ба майдони ягонаи худшиносӣ кашид: аз тариқи сухан, аз тариқи сиёсати визуалӣ, ки дар он бисёр омилҳо, ҳатто логотипҳо, рангҳо ва ғайра низ нақш мебозанд.
Коршиносон ҳамчунин дар бораи зарурияти мувофиқаткунии нуфузи дохилӣ ва хориҷии мамлакат ҳарф заданд, онҳо бояд мусовӣ-баробар бошанд. Аз ин нуқтаи назар, директори Маркази миллии оид ба ҳуқуқи инсон Акмал Саидов бар он аст, ки нуфузи дохилии мамлакат ин нишондиҳандаи эътимод ба ҳукумат мебошад.
Стратегия бояд ба натиҷаҳои мушаххас расонад
Стратегия ин ҳанӯз қадами аввал дар бозсозӣ ва таҳкими нуфузи байналхалқии мамлакат аст. Татбиқсозии он ба ҳаёт бояд натиҷаҳои мушаххас диҳад.
«Иҷро нашудани ваъдаҳо метавонанд нуфузи мамлакатро танҳо кам кунанд», қайд кард Виолен де Вилмор. Дипломати Фаронса масъалаи тақсим кардани заминҳоро ба соҳибкорон, ки бо падид кардани мамлакат ба чашми сармоягузорони байналхалқӣ алоқаи бевосита дорад, мисол овард.
Дар бораи натиҷаҳои мушаххас сухан ронда, хонум Ҳелена Фрейзер дар навбати худ гуфт, ки нуфузи Ӯзбекистон вақте мустаҳкам мешавад, ки мамлакат «харитаи амалиёт»-и худро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа фаъолона татбиқ созад. Бинобар ақидаи ӯ ба ин метавон аз тариқи мониторинги мунтазам ва ҷамъоварии маълумот муваффақ шуд. Сипас вай таъкид кард, ки бояд корҳои аввалиндараҷа иҷро шаванд ва охирон, бояд манфиати тамоми ҷонибҳоеро фаро гирифт, ки метавонанд ба ташаккулёбии нуфузи Ӯзбекистон таъсир расонад.
Механизми ягонаи ҳамоҳангсозӣ
Тамоми маърӯзаҳоро шунида, мушоҳида кардан душвор набуд, ки ҳар кадом ташкилоти пешниҳодшуда дар бораи нуфузи мамлакат фикру ақидаи худро дорад. Вале дар назди иштирокдорон масъалаи ҳамоҳангсозии ягона ва таҷассуми минбаъдаи сиёсати нуфузафзои Ӯзбекистон қарор гирифт. Муовини раиси Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ Камолиддин Эшонхӯҷаев гуфт, ки ташаккул додани нуфузи мамлакат кам аст. «Вайро бояд нигоҳ дошт», таъкид кард ӯ.
Сафири Исроил дар Ӯзбекистон Эдуард Шапиро аз таҷрибаи кишвари худаш бинобар навсозии нуфуз сухан ронда, ба ҷиҳати мувофиқсозӣ эътибори махсус дод. «Исроил нуфузи нави худро ба шарофати стратегияи коркардшудаи амалиёт ва механизми дақиқи ҳамоҳангсозӣ бомуваффақият ҷорӣ кард», гуфт вай.
Дар ин бобат, гуфтанд коршиносони соҳаи ҳуқуқ, ҳангоми ташаккул додани консепсия бояд волоияти қонун ба инобат гирифта шавад.
Таълим – гарави пойдории нуфузи байналхалқӣ
Ягон консепсия, агар он сармояҳоро дар капитали инсонӣ пешбинӣ накунад, пойдор буда наметавонад. Маълум шуд, ки дар давраи кунунӣ на фақат масъалаи ба роҳ мондани обрӯи мамлакат, балки тарбияву таълими иқтидорҳои кадрӣ низ бояд дар мадди эътибор қарор гирад.
Иштирокдорон ба тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои брендинги мамлакат, коммуникатсияҳои оммавӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ эътибори зиёд доданд. Бинобар ақидаи Акмал Саидов бояд дар барномаи муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон курсҳои оид ба «имиджмейкинг» ҷорӣ карда шаванд.
Тавре ки ректори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавӣ Шерзод Қудратхӯҷаев иброз дошт, масъалаи брендинг дар Ӯзбекистон дар даврони ташаккулёбӣ қарор дорад, ки он ин давраро хушоянд мекунад, ин озодиест, ки самараи ислоҳоти куллии мамлакат мебошад. Вай имкон медиҳад ба ҳаёти ҷамъиятӣ эҷодкорона муносибат кард.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо коршиносон маҷмӯи хеле васеи масъалаҳоро баррасӣ намуданд. Дар байни тамоми фикру ақидаҳои гуфтаву иброзшуда, аз назари мо, як ғояи асосиро бояд таъкид кард, ки ба он иштирокдорон борҳо рӯй оварданд. Яъне одамон ҷузви аз ҳама муҳими нуфузи Ӯзбекистон мебошанд, зеро обрӯйи мамлакат бо мардум ва барои мардум аст.
Ҷаҳонгир АЗИМОВ,
ОИ «Дунё»