Дар байни одамон шахсоне ҳастанд, ки дили онҳо саршори некиву накукорӣ аст.
Профессори Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Раҳмон Фармонов яке аз чунин инсонҳост, ки бо ахлоқи ҳамида ва фазилатҳояш сазовори эҳтироми атрофиён гардидааст.
Суҳбати мо бо ӯ чанде қабл ба вуқӯъ пайваст.
– Ҳар чоршанбеву шанбеи ҳафта интизори рӯзномаатон мешавам, – гуфт мусоҳибам, — матолибе, ки оиди ҳаёти намояндагони адабиёти классикии тоҷик ва таъриху давраи навини он дар рӯзнома чоп мешаванд, ба ман хеле писанд меояд.
— Сабаби чунин эҳтиром ба адабиёти форс-тоҷик дар чист?
— Овони бачагӣ аз як деҳа ба деҳаи дигар кӯч мебастем ва ин сабаби аввал ба забони тоҷикӣ, пас ба ӯзбекиву русӣ савод баровардани ман гардид. Баъдтар, вақте донишҷӯйи омӯзишгоҳи педагогии Панҷакенти Тоҷикистон гардидам, дари баҳрабардорӣ аз ин адабиёти ғанӣ ба рӯям боз шуд.
— Раҳмон Фармонович, аз даврони бачагиву донишҷӯйӣ низ сухане чанд мегуфтед.
— Давраи бачагии ман ба солҳои баъди ҷанг рост омад. Деҳаҳо ҳоли хароб доштанд. Ҳамдеҳагони ман бо оҳангариву сандуқсозӣ, гаҳворасозиву сабадбофӣ ва бештар бо зироатпарварӣ машғул шуда, сахтиҳои зиёди зиндагиро паси сар кардаанд. Зимистони он солҳо басе сард меомад ва ҳолатҳое мешуд, ки калӯшро бе ҷуроб пӯшида мактаб мерафтем... Аммо, ба фикрам, хурду калон нисбат ба донишомӯзӣ шавқу ҳаваси баланд доштанд. Як китоби бадеӣ пайдо шавад, қариб ҳамаи доништалабон хонда мебаромаданд. Ман дар дил орзуи филолог шуданро мепарваридам.
— Аммо сиёсатшинос шудаед...
— Пас аз хатми мактаб ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷатҳоямро супоридам. Аз чаҳор фан 18 холро ба даст оварда бошам ҳам, донишҷӯӣ насибам нагардид. Пас ба омӯзишгоҳи педагогӣ дохил шудам, ки таҳсил ба ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ буд. Омӯзишгоҳ барои ман мактаби маҳорат гардид. Дар ин ҷо, баробари асрори касби омӯзгорӣ, санъати наттоқиву маданияти муомиларо азхуд кардам.
Баъди хатми омӯзишгоҳ ба ман барои идома додани таҳсил ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон роҳхат доданд.
Ба ҷавонони имрӯз ҳавасам меояд, илмро тариқи онлайн дастрас карда метавонанд, шабакаҳои Интернет дар ихтиёри онҳост. Вале бояд гуфт, ки ҳамаи маълумотҳои онҳо саҳеҳ нестанд. Овони ҷавонии мо ҳарчанд адабиёти бадеӣ кам буд, аксарият рӯзномаву маҷалла мехонданд. Барои ман бошад, адабиёти форсу тоҷик қадри беандоза дошт.
Солҳои донишҷӯйӣ дар Панҷакент ба осорхонаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бештар мерафтам... Ашъори пурмаънову суфтаи он маро мабҳут мекард. Дар Душанбе саргарми омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмади Дониш будам.
Инак, то ҳол «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш китоби рӯйимизии ман аст. Ва дар ҷараёни дарс ба дипломатҳои оянда оиди фаъолияти сиёсии ин шахси бузург маълумотҳои заруриро пешкаш менамоям, ки ӯ дар беҳшавии муносибатҳои Аморати Бухоро ва Русияи он давр чӣ гуна саҳм гузоштааст.
– Дар бораи муҳити илмии донишгоҳ дар Душанбе ва фаъолияти илмиатон маълумот медодед.
– Аз устодоне, ки барои корҳои илмӣ ба ман шароит фароҳам овардаанду маро дастгирӣ кардаанд, сипосгузорам. Бо марҳамати Офаридгор дар омӯзишгоҳу донишгоҳ ба ман устодони беназир вохӯрда буданд. Академикҳо З. Раҷабов, М. Эркаев, А. Мухторов, Х. Назаров, С. Табаров, профессорон А. Слонимский, М. Бобохонов, М. Шукуров, Р. Набиева, Д. Хайтун, Е. Турчанинова, О. Боқиев сатҳи донишомӯзию иқтидори ҳар як донишҷӯро хуб медонистанду ба ояндаи ҳеч яки онҳо бефарқ набудаанд...
Мудири кафедраи таърихи навтарини донишгоҳ Анатолий Слонимский ҳавасмандии маро нисбат ба таърихи халқҳои Аврупо ба ҳисоб гирифта, барои пешбурди корҳои илмӣ тавсияҳо мекард. Азбаски барои омӯхтани таърихи Фаронса донистани забони фаронсавӣ лозим буд, ман дар давоми ду сол ин забонро азбар намудам.
Фармонов соли 1967 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуд ва фаъолияти омӯзгориашро дар ҳамин ҷо оғоз кард. Дар байн дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов рисолаи номзадиро ҳимоя кард ва дар Донишгоҳи Сарбоннаи Фаронса корҳои илмиву таҳқиқотии худро идома дод. Тӯли ду сол дар бойгонӣ ва Китобхонаи миллии Фаронса дунболи ҷустуҷӯҳои илмӣ буд. Натиҷаи пажӯҳишҳои муттасил буд, ки соли 1992 дар Маскав рисолаи докториро дифоъ кард.
Баъди бозгашт ба кишвар дар мактаби олии партия ва ДД Тошканд фаъолияти педагогиашро идома дод.
Солҳои аввали истиқлолият дар пойтахт Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия ташкил ёфт, ки Р. Фармонов аз он сана то ҳол дар ин ҷо фаъолият мебарад.
То имрӯз беш аз 20 нафар рисолаи номзадию доктории худро таҳти роҳбарии Р. Фармонов ҳимоя кардаанд, ки ҳоло бештари онҳо дар ташкилотҳои бонуфузи давлативу хориҷӣ фаъолият доранд.
Раҳмон Фармонов ба ҷуз китоби дарсии «Таърихи ҷаҳон» барои синфҳои 8 доир ба таърихи халқҳои Ӯзбекистон ва ҷаҳон асарҳои зиёде офаридааст, ки «Муносибатҳои байналхалқии Ӯзбекистон ва Уммон: таърих, фарҳанг, маънавият ва сиёсат” (2017), «Таърихи муносибатҳои байналқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (2017), «Сиёсатшиносӣ: назария ва амалия» (2013), «Ҷараёнҳои сиёсӣ дар Фаронса» (2016) аз он ҷумлаанд.
Ӯ бо мутолиаи адабиёти бадеӣ маҳдуд нашуда, машғули эҷод низ ҳаст. Аз китобҳои ӯ ”Мадҳи Ватан, истиқлол, муҳаббат, маънавият» ва «Дафтари дил» дубайтӣ, рубоӣ ва шеъру ғазалҳое, ки дар тӯли чандин солҳо навишта шудаанд, ҷой гирифтааст.
– Овони бачагиву мактабхонӣ қатори муаллимон падарам низ мегуфтанд, ки имрӯз дар китобҳои дарсӣ баъзе ниёгони моро нодуруст маънидод мекунанд. Дар солҳои истиқлол азбаски шароит фароҳам оварда шуд, ман оиди Амир Темур маълумотҳои зиёдро аз маъхазҳое, ки ба забонҳои гуногун таълиф шудааст, дастрас кардам ва маҳсули ин саъю ҳаракатҳо буд, ки китоби «Амир Темур Кӯрагон ва император Наполеон» рӯйи чопро дид.
Суоли охиринамон аз педагоги сертаҷрибаву серкор дар хусуси чӣ гуна дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас буд, ки ҳоло ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани он мушкилиҳои зиёд пеш меояд.
– Ман тарбияи фарзандро ба парвариши ниҳол монанд мекунам: агар ниҳолро шинонему дигар ба он эътибор надиҳем, ё хушк мешавад ё камҳосил. Ба фарзанд аз хурдсолӣ ҳамчун ба шахс бояд муомила кард. Волидон, устодон, хешу табор аз насли наврас дар оянда ҳурмату эҳтироми хоссаро мунтазир мешаванд. Аз ин рӯ, худашон низ бояд ба онҳо чунин муомила кунанд, ба рафтору гуфтору пиндори онҳо боэътибор бошанд.
Суҳбаторо
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».