Субот ва пешрафти муҳити сиёсӣ, иҷтимоию маънавии ҷомеа ба муносибат ва таваҷҷуҳ ба зан ва оила вобаста аст.
Сабаб дар он аст, ки дар ташаккул ва вусъат додани маънавиёти ба худ хоси миллат бешубҳа, нақши оила, дар оила бошад, ҷойгоҳи зан алоҳида аст.
Солҳои охир дар мамлакатамон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои занону духтароне, ки мехоҳанд таҳсил гиранд, дастгирӣ кардани пайваста баланд бардоштани малака ва салоҳияти илмии онҳо эътибори калон дода мешавад.
Инчунин, дар кишварамон низоми миллии ҳуқуқӣ офарида шуд, ки ба таъмин кардани баробарии ҳуқуқи занон бо мардон дар тамоми соҳаҳо, гиромӣ доштани онҳо, ҳифзи ҳуқуқи қонунӣ ва манфиатҳои онҳо нигаронда шудааст.
Агар гӯем, ки қарори сарвари давлат аз 18 июли соли равон «Дар бораи чораҳои дастгирии таҳсилоти занон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва касбӣ» дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии онҳо ба давраи нав ва марҳалаи нав оғоз бахшид, муболиға нахоҳад шуд.
Вақте ки бо матни ин қарор шинос шудам, боварӣ ҳосил кардам, ки он яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтаринест, ки мақсад аз он дар солҳои минбаъда ҳамаҷониба дастгирӣ кардани бонувон мебошад. Зеро, дар ҳуҷҷат бинобар соҳиби маълумот ва маҳорати касбӣ шудани духтарон, дуруст равона намудани қобилияти онҳо вазифаҳои аввалиндараҷа муайян карда шудаанд.
Аз ҷумла, мувофиқи фармони дахлдори сарвари давлат аз 7 марти соли 2022 аз соли таҳсили 2022/2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва касбии хусусӣ, хориҷӣ ва давлатии ҷумҳурӣ барои тибқи қарордоди пулакӣ дар шаклҳои таълими рӯзона, ғоибона ва шабона таҳсил гирифтани занону духтарон ба мақсади бо шартҳои имтиёзнок маблағгузорӣ карда шудани қарзҳои таълимӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ низоми нави аз буҷаи давлат ҷудо кардани маблағ ҷорӣ карда мешавад.
Аз ҷумла, далели аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ҷудо карда шудани қарзҳои таълимӣ дар ставкаи 14 фоиз, танҳо баъд аз ним соли хатми мактаби олӣ оғоз ёфтани адои қарзи асосӣ, дар тӯли ҳафт сол идома меёбад ва имтиёзҳои дигар барои ҷомаи амал пӯшидани орзуи ҳазорҳо занон, ки солҳои дароз кӯшиш намудаанд, ки таҳсил гиранд, қарори муҳим хоҳад гардид.
Қобили зикр аст, ки фоизи қарзҳои таълимӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби Фонди маблағгузории қарзи таълимии назди Вазорати молия пардохта мешавад. Инчунин ба аъзои оилаи дорои манбаи даромади доимӣ ва дигар ашхоси сеюм иҷозат дода мешавад, ки дар расмигардонӣ ва баргардонидани қарзи таълимӣ ҳамчун қарзгиранда иштирок намоянд.
Тибқи ин қарори сарвари давлатамон барои қарзҳои таълимӣ ба занони оилаҳое, ки ба «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» дохил карда шудаанд, гарав ва кафолат талаб карда намешавад. Дар асоси дархости бонкҳои тиҷоратӣ маблағҳои амонатӣ бинобар ставкаи 10 фоиз барои минбаъд ҷудо кардани қарзҳои таълимӣ ба андозаи 14 фоиз аз ҳисоби маблағҳои фонд ҷойгир карда мешаванд.
Бо мақсади таъмин кардани аз ҷониби Фонд ҷудо намудани маблағҳои барои қарзҳои таълимӣ зарурӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин назорати он ба Фонд ҳамагӣ 2 воҳиди штатӣ аз ҳисоби оптимизатсияи як воҳиди штати Вазорати таълими томактабӣ ва як воҳиди штатӣ дар доираи воҳиди штатии Вазорати молия ҷудо карда мешавад.
Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки дар ягон давлат ба занон чун дар Ӯзбекистони Нав эътибор дода, онҳо гиромӣ дошта ва ба сифати такягоҳи мамлакат эътироф карда нашудаанд. Пайваста татбиқ карда шудани сиёсати давлатӣ нисбати занон миқёси ислоҳотро дар ин самт боз ҳам васеъ мегардонад. Ба шарофати ин таваҷҷуҳ имрӯз нақш ва нуфузи занон дар тамоми соҳаҳо ва бахшҳо баланд мегардад.
Умуман, имрӯз занони мо на танҳо иштирокчиёни фаъоли раванди сиёсӣ мебошанд, балки ба қувваи бузурги ҷамъияти мо табдил меёбанд. Бешубҳа, ин қарор ва иҷрои бечунучарои вазифаҳои дар он муайяншуда нақши намояндагони ҷинси латифро дар ҷамъият боз ҳам баланд бардошта, имкон медиҳад, ки онҳо дар ҳар соҳа якҷоя бо мардон пурсамар кор кунанд.
Одинахан ОТАХОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис