БАРОИ ЗИСТ САРПАНОҲ ДОШТАНИ ИНСОН ХУШБАХТИИ БЕБАҲОСТ

Ҳамчун намояндаи халқ мехостам таъкид намоям, ки нисфи муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон, ки дар вохӯриҳо бо интихобкунандагони ҳавза ба миён мегузоранд, ба соҳиби манзил шудан марбут мебошад.

Ҳамчун намояндаи халқ мехостам таъкид намоям, ки нисфи муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон, ки дар вохӯриҳо бо интихобкунандагони ҳавза ба миён мегузоранд, ба соҳиби манзил шудан марбут мебошад. Албатта, ин яке аз мушкилоти ҷиддии аҳолии ба он эҳтиёҷдошта ба ҳисоб меравад. Инсон барои зист сарпаноҳ надошта бошад  — ҳеҷ гоҳ комилан хушбахт буда наметавонад. Хусусан барои халқи мо, ки соҳиби «ватани хурд» буданро арзиш меҳисобад.
Дар натиҷаи сиёсати халқпарваронаи Президент  солҳои охир дар мамлакати мо, алалхусус барои ниёзмандон, маъюбон, шахсони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бо нархҳои арзон ва дар асоси шартҳои имтиёзнок манзилҳо сохта мешаванд.
Ин масъалаи муҳим бори дигар дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба сохтмони манзил ва чораҳои рушди бозори ипотека, ки таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 3 марти соли равон баргузор гардид, бори дигар амиқ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зикр гардид, ки соли равон бо хонаву ҷой таъмин намудани 54 ҳазор оила ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар доираи барномаи ипотекаи давлатӣ дар маҷмӯъ 45000 хона сохта мешавад. Аз ин миқдор 12 000 манзил аз ҷониби  ширкатҳои инжинирингии «Қишлоқ қурилиш инвест» ва «Ӯзшаҳар қурилиш инвест», 26 500 манзил аз ҳисоби захираҳои аз ҷониби Вазорати молия ба бонкҳои тиҷоратӣ ҷойгиркардашуда ва 8000 хонадон аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ ба истифода дода мешаванд. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва дар ҳамаи вилоятҳо барои сохтмони манзили инфиродӣ ба 500, дар маҷмӯъ 6,5 ҳазор оила қарз дода мешавад. Ғайр аз ин, ба ҳазор оила, алалхусус заноне, ки бинобар шароити вазнини зиндагӣ бесарпаноҳ мондаанд, дар асоси иҷора манзилҳои иҷтимоӣ дода мешаванд.
Ҳамзамон, пешбинӣ шудааст, ки ба шаҳрвандон барои сохтмон ва таҷдиди хонаҳои инфиродӣ қарз дода шавад. Чунин қарзҳо ба 20 сол ҷудо карда шуда, як қисми фоизҳо ҳамчун субсидия барои аҳолии ниёзманд пардохта мешавад.
Маълум аст, ки дар бобати манзилҳои ба оилаҳои ниёзманд ҷудомешуда дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон оид ба  «соҳибони воқеӣ»-ашонро наёфтани хонадон эътироз менамоянд.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳои номатлуб пешниҳод карда шуд, ки бо иштироки вакилони Шӯроҳои маҳаллӣ, фаъолони ҷамъият «комиссияи халқпарвар» таъсис дода шавад. Онҳо аз болои ҷудо кардани одилонаи замин ба бинокор, ташаккул додани рӯйхати оилаҳои ниёзманд ба имтиёз ва сифати сохтмон назорати ҷамъиятӣ барқарор мекунанд. Дар маҳаллаҳо оиди имкониятҳое, ки дар ин самт фароҳам оварда шудаанд, ба аҳолии васеъ корҳои тарғиботӣ мебаранд.
Ҷиҳати дигари муҳимаш он аст, ки бо ин роҳ шуғли чӣ қадар аҳолӣ таъмин карда мешаванд. Охир, ин майдонҳои сохтмонӣ садҳо ҳазор нафарро бо кор таъмин мекунанд.
Ғайр аз ин, мутаносибан ба мураккабии ҷараёни гирифтани манзил, баланд будани фоизи қарзҳои ипотека, зиёд гардидани аҳолӣ талаби ба манзил доштаи бисёр оилаҳо сол аз сол меафзуд.
Ташаббусҳои мазкури нек сари вақт амалӣ мешаванд, дар натиҷа ҳазорон оила ба орзуҳои деринаи худ ноил хоҳанд шуд. Хусусан, оилаҳои ҷавон, бо роҳи доштани хонаи худ, ки ин мушкилоти бузургтарини онҳост, дар роҳи зиндагии мустақилона қадамҳои қатъӣ мегузоранд. Ин дар ниҳояти кор маънои оилаи мустаҳкам, ҷомеаи шукуфон ва давлати пешрафтаро дорад.
Тавре донишмандонамон мегӯянд, парранда барои парвоз, одам барои хушбахтӣ офарида шудааст. Ғояи олиҷаноби сарвари давлатамон «инсон на дар оянда, балки  имрӯз хушбахтона зиндагӣ кунад», дар амал исботашро дар ҳаёти одамон нишон медиҳад.
Албатта, корҳое, ки дар ин бобат анҷом дода мешаванд, ба зиммаи мо, депутатҳо низ масъулият мегузорад.
 
Фирдавс ШАРИПОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви Кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: