БАРОМАДИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН – ДАР НАШРИЯҲОИ КУРИЁ

Сханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҳамоиши дуюми байналхалқии «Шарикӣ барои пешрафти сабз ва ҳадафҳои ҷаҳонӣ – 2030» (P4G), ки дар уконфронси видеоӣ дар Сеул ба амал омад, аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ бо шавқу рағбат қабул гардид.

Сханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҳамоиши дуюми байналхалқии «Шарикӣ барои пешрафти сабз ва ҳадафҳои ҷаҳонӣ – 2030» (P4G), ки дар уконфронси видеоӣ дар Сеул ба амал омад, аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ бо шавқу рағбат қабул гардид.
Дар суханронии худ роҳбари давлат як қатор ташаббус ва таклифҳоро пеш гузошт. Вай қайд намуд, пандемия собит сохт, ки саломатии инсон ва аҳволи муҳити атроф, ҳамчунин пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ чӣ андоза ба якдигар алоқаманд мебошанд, вобаста ба ин таҳдидҳоеро, ки худи табиат пеши мо мегузорад, набояд нодида гирифт. Дар бораи кам шудани ҳаҷми резишгоҳи дарёҳои асосӣ ва гуногунрангии биологии минтақаи мо низ суханони ҷиддӣ изҳор шуданд.
Иштироки Президенти кишвари мо дар ҳамоиши байналхалқӣ ва баромади ӯ дар бисёр нашрияҳои чопӣ ва интернетии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар расонаҳои ахбори оммавии Ҷумҳурии Куриё васеъ равшан карда шуданд. Чунончи, ба наздикӣ дар яке аз нашрияҳои машҳури Куриёи Ҷанубӣ – дар сомонаи The Korea Post дар бораи иштироки сарвари Ӯзбекистон дар ин чорабинии бонуфуз мақола чоп гардид ва тарҷумаи пурраи суханронии ӯ ба забони англисӣ пешниҳод шуд.
Дар мақола гуфта мешавад, ки дар суханронии Президенти Ӯзбекистон самтҳои муҳими дигаргуниҳое, ки дар мамлакат дар соҳаи пешрафти «сабз» амалӣ мешаванд, инъикос ёфтаанд, аз ҷумла нуқтаи назари роҳбари давлат ба пешомадҳои ҳамкории байналхалқӣ дар самти мазкур ифода гардиданд. 
Шавкат Мирзиёев зарурияти муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои тамоми ҷомеаи байналхалқиро барои қабул кардани қарорҳои самарабахш бинобар рушди «сабз» ва устувор махсус таъкид сохт. Аз ҳама муҳимаш, ба мақсади вусъат додани ҳамкориҳои тарафайни амалӣ дар соҳаи мазкур Президент изҳор намуд, ки Ӯзбекистон барои дохилшавӣ ба шарикии P4G ва иштирокдори баробарҳуқуқи он гардидан тайёр аст, – менависад нашрия.
Пӯшида нест, ки солҳои охир бисёр мушкилоти вобаста бо экология ва ҳифзи муҳити атроф мушоҳида мегарданд, ки дар тамоми ҷаҳон боиси ташвиши ҷиддӣ мебошанд. Аз тариқи вусъат додани чорабиниҳои баргузоршуда, ҷорӣ намудани ташаббусҳои пешқадам метавон дар соҳаи пешрафти «сабз» ба натиҷаҳои мусбат муваффақ шуд. Аз ин нуқтаи назар, бешубҳа, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардидани ташаббусҳое, ки аз ҷониби роҳбари давлати мо дар баромади ӯ дар ҳамоиши байналхалқӣ пешниҳод шудаанд, хурсандиовар аст.

Муҳтарама КОМИЛОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: