БАРОМЕТРИ ҲАМРАЪЙӢ ВА МЕҲНАТДӮСТӢ

Дар ҳашари хайрияи умумихалқие, ки ба мақсади тайёрӣ ба 27-умин солгарди Истиқлолият ва муносиб ҷашн гирифтани Иди қурбон ташкил карда шуд, тамоми ҳамватанонамон фаъол иштирок карданд.

Дар ҳашар, ки як қисми ҷудонопазири арзишҳои азалиамон ба ҳисоб меравад, аҳлӣ, ҳамҷиҳатӣ, саховат, садоқати халқамон ба кишвар равшан намоён гардид. Дар асоси фармоиши Девони Вазирон моҳи августи соли ҷорӣ дар мамлакатамон моҳонаи ободонӣ ва тозагӣ, 18-19 август рӯзи ҳашари хайрияи умумихалқӣ эълон карда шуд.
Ҳашари хайрияи умумихалқӣ дар тӯли ду рӯз дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бо руҳбаландӣ ва ҳамҷиҳатӣ гузаронда шуд.
Дар ҳашари хайрияи умумихалқӣ беш аз 45 ҳазор гектар майдон ободу тоза карда шуда, зиёда аз 57 тонна партовҳо ба берун бароварда шуданд. Ҷӯю новаҳои дарозиашон беш аз 48 километр тоза карда шуданд. Қариб 9 ҳазор қабристон, беш аз 800 зиёратгоҳ обод гардонда, ба тартиб оварда шуданд. Танаи беш аз 12 миллион дарахтонро сафед карда, ба онҳо шакл дода шуданд. Барои амалӣ гардондани чорабиниҳои мазкур беш аз 17 ҳазор воситаи техника ҷалб карда шуданд.
Дар ҳашаре, ки таҳти шиори «Барои ободонии кишвар саҳми худро гузор» гузаронда шуд, ҳамкишваронамон муносиб иштирок карданд. Аз ҷумла, фаъолони экоҳаракат ва талабагон дар беш аз 70 боғи маданияту истироҳат 6 километр ҷӯйборро тоза карда, ба беш аз 4 ҳазор дарахт шакл дода, 138 тонна партовҳоро берун бароварданд.
Дар рӯзҳои ҳашар ба табақаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ ёрии беминнати мурувват расонда шуд. Беш аз 16 ҳазор хонаи оилаҳои камтаъмин бо роҳи ҳашар таъмир карда шуданд. Аз ҳоли қариб 22 ҳазор оилаи эҳтиёҷманд, аз ҷумла беш аз 14 ҳазор ногирову куҳансолони танҳо хабар гирифта шуда, ба онҳо ёрии моддӣ расонда шуданд.
Дар рӯзҳои ҳашар дар маҳаллаҳо 236 иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонии маишӣ ва ғайра ба истифода супурда шуданд.
Дар ҳашари умумихалқӣ беш аз 16 миллиону 440 ҳамватанонамон иштирок карданд. Дар чорабинӣ якдилӣ, ҳамҷиҳатӣ, аҳлӣ ва меҳнатдӯстии халқамон бори дигар намоён гардид.

Н.УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: