БАРОР ВА НОКОМИҲОИ ДАРВЕШИ ЛАМАНЧӢ

Яке аз асарҳое, ки дар тамоми дунё гаштаю баргашта нашр шуда, хонандагони бешумор дорад, «Дон Кихот»-и Мигел де Сервантес мебошад.

Дар вақташ Тургенев, Белинский, Лев Толстой, Ҷ.Байрон, Ҳейне барин адибу мутафаккирони Аврупо ба ин асар баҳои баланд дода буданд. Таваҷҷӯҳангез он ки «Дон Кихот» бо мурури вақт шӯҳрат ва қадру қимати баланд касб мекунад, онҳое, ки ба мутолиаи он дода мешаванд, торафт меафзоянд.
Қаҳрамони марказии асар Кехона ном шахси камбағал (аниқтараш дворянини муфлисшуда), дарвештабиат, содда ва беозор, ки тақрибан панҷоҳсола буда, хаёлан худро бойбача, зиёда аз ин, ритсар тасаввур менамояд. Ба шикор ва саргузаштҳо ҳавасманд аст. «Дон Кихот» аз саргузаштҳои аҷоиб ва ғароиби ӯ таркиб ёфтааст. 
Воқеан, Кехона ба худ Дон Кихот ном мегузорад. Ламанч деҳаест, ки ӯ зиндагӣ мекард. Ман ритсари ҷасури ламанчӣ Дон Кихот мебошам, гӯён худро муаррифӣ созад, ҳама механдиданд. Вале аз ин вай парво намекард. Аз байни оҳанпораҳо яроқу аслиҳаҳои куҳнаро ёфта, онҳоро соз кунонд. Санчо Панча ном деҳқони чун худаш содда ва камбағалро ба худ аслиҳабардор таъин намуд. Ӯро Кехонаи дарвештабиат ба олами хаёлот ва афсонаҳои худ бовар кунонда буд.
Вале афсӯс, Дон Кихоти хаёлпараст, ки ба аспи пир ва лоғари худ Росинант ном гузошта, мехост савори он чун ритсарҳои воқеӣ корнамоиҳо нишон диҳад, ҳар дафъа ба нокомиҳо дучор меояд. Корвонсарое, ки аз пеши роҳаш баромад, ба назараш қаср, зане, ки дар роҳ дучор гашт, маликаи зебо намуда, вай тамоми шаб он қасри муҳташам ва маликаи зеборо посбонӣ карда мебарояд. Шахсоне, ки шабонгоҳ моли худро барои об додан мебароранд, ба назараш душман тофта, Дон Кихот ба ҳуҷум мегузарад. Молбонҳо бечораро сангборон мекунанд. Дафъаи дигар дид, ки занеро дар фойтун бурда истодаанд. Гумон кард «маликаи зебо»-ро дуздида бурда истодаанд. Ба озод кардани он шурӯъ сохту мурданивор шатта хӯрд.
Тавре дида истодаем, Дон Кихот аз ҳад зиёд содда ва дилсафед. Мехоҳад дар роҳи адолат мубориза барад, корнамоӣ нишон диҳад. Вале оқибат ҳама ба аҳволи вай механданд.
Кехона дар ҷавонӣ мақсади дигар дошт. Китобҳои зиёд мутолиа мекард. Хусусан, романҳои ритсарӣ – асарҳое, ки саргузашти ритсарҳо дар онҳо акс ёфта буданд, ӯро мафтун сохта буданд. Ҳатто молу мулк фурӯхт ва китоб харид. Ончунон ба мутолиа дода шуд, ки ин гуна асарҳо ба ақл ва майнааш таъсир карданд, ӯро «бемор» ё худ заҳролуд намуданд. Инсоне, ки ақли солим дошт, ба ноқисулақл табдил ёфт. Ниҳоят, дарк намуд бофтаҳои дурӯғ ва бемаънӣ дар бораи корномаи ритсарҳо ба барҳадарравии ҳаёти вай сабаб шудаанд. Аз баҳри мутолиаи ин гуна романҳо баромад. Ба ин нигоҳ накарда, Кехона боз ҳис кард, ки зиндагӣ ва «корнамоӣ»-ҳои соддалавҳона, ки ҷумла бебарор буданд, барояш дарси муҳим гашт.
Муаллифи асар Мигел де Сервантес менависад: «Дон Кихот чун девона зиндагӣ ва чун донишманд вафот намуд».
Адиб назди худ мақсад гузошт романҳои пур аз лофу газоф дар бораи сарнавишти ҳангомахези ритсарҳоро, ки он вақтҳо хеле оммавӣ шуда буданд, зери танқид қарор диҳад. Мехост китобхонҳо ба мутолиаи ҳар гуна асарҳои ҳавоӣ ва бепоя дода нашаванд. Кехона, ки дар ибтидо кӣ буду бо аз ҳад зиёд ба мутолиаи ин гуна асарҳои пуч, ки касро афсун ва аз ақл бегона мекунанд, ба чӣ гуна одам табдил ёфт, барояшон ибрат бояд бошад.

Ш.МУҲАММАД. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: