БАРОРИ КОР

Имсол барои деҳқонони хоҷагии фермерӣ барорнок омад.

Онҳоро мавсими дарави ғалла хеле шод гардонда буд. 29 сентябри соли ҷорӣ бошад, супоришоти пахта дар ноҳия дар қатори аввалинҳо иҷро шуд. Супоришоти шартномавӣ бо чинаки аввал 102 фоиз иҷро гардид. Ба хирмани давлат ба ҷойи 60 тоннаи пешбинишуда қариб 62 тонна «тиллои сафед»-и домани дашт инъом гардид. Ба ин муносибат сардори хоҷагии фермерӣ Шермат Шарифов барои меҳмонону мизбонон дастархон боз намуд, ки баъди заҳматҳои тӯлонӣ ва фатҳи қуллаи мақсад густурдани дастархони мурод, албатта, мезебад.
– Шермат, соли таваллудатон чандум аст? – пурсид яке аз ҳозирон.
– Соли 1979, – ҷавоб дод вай.
– Пас чилсолагиатон низ муборак! – табрик кард меҳмон. Шермат сар ҷунбонд ва беихтиёр тарҳи рӯяш дигар шуд. «Аллакай?, Наход?» Ин саволҳо дар майнааш чарх мезаду чизе гуфта наметавонист. Гӯё ӯ аз гузашти айём бехабар буд. Тадриҷан мурғи хаёлаш ба парвоз омад.
***
Шермат дар хонадони деҳқон ба дунё омада ба воя расид. Вай аз фазилатҳои меҳнатдӯстӣ, накӯкорӣ ва хушмуомилагиҳои бобои тракторронаш Равшан Шарифов огоҳ аст. Ӯ хуб медонад, ки хоксорию фидокорӣ ва дигар фазилатҳои беҳтарини Равшанбобо нафақат ба падараш, балки ба амакҳояш низ «сироят» кардааст. Аҷибаш дар он, ки қариб ҳамаи фарзандон бо касби падар – (бобо) тракторчигӣ ва соҳаи техникаи хоҷагии қишлоқ дар зиндагӣ комёб гаштаанд. Хусусан, ба нахустфарзанд Равшанамак Шарофиддин (падари Шермат) аз механикии оддӣ то сардории шуъбаи хоҷагии давлатӣ, раисии хоҷагии ҷамоавӣ ва сармуҳандисии иттиҳодияи техникии ноҳия барин вазифаҳои масъулиятнок кор кардан насиб кард. Хулоса, чил сол муқаддам дар яке аз рӯзҳои наврӯзӣ дар ҳамин хонадон чун фарзанди сеюм қаҳрамони мақолаи мо ба дунё омад. Ҳамчун апаю бародар, хоҳару додар дар муҳити меҳнатдӯстӣ нашъунамо ёфт. Баъди хатми мактаби миёнаи он гоҳ соф тоҷикии  ба номи А.Фирдавсии деҳа таҳсилро дар техникуми автомобилӣ ва роҳҳои Бухоро давом дод. Баъди хизмати ҳарбӣ дар низоми корҳои дохилӣ ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуд. Дар шуъбаи ғоибонаи факултети иқтисодиёти ДДБ хонда, соҳиби маълумоти олӣ гардид. Ш.Шарифов минбаъд ба корҳои хоҷагии фермерии боғу чорбоғпарварии бародараш кӯмак мерасонд. Ҳамин тариқ, вай дар таркиби хоҷагии фермерии боғу чорбоғпарварии «Равшанобод» пахтаю ғаллакориро ба роҳ монд. Ба маслиҳатҳои падар амал карда, пай дар пай комёб гардид. Ӯ соли 2016 ба хоҷагии фермерии ғаллаю пахтакории «Ҷайрон замини» асос гузошт. Дар 30 гектар гандум, 17 гектар парвариши пахтаро ба роҳ монд. Инчунин соҳиби 1,9 гектар майдони озуқаворӣ ва 34 гектар чарогоҳ шуд. Азбаски майдонҳо санглох буданду зуд ба об ташна мемонданд, насосҳои обёрикунӣ харида масъалаи таъминоти оби киштзорро ҳал кард. Меҳнати суботкорона ва риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ ӯро ба мақсад расонд. Натиҷаи дилхоҳ сардори хоҷагии фермерӣ ва аъзоёнашро рӯҳбаланд намуд. Ниҳоят баъди меҳнати оқилона ҳосили фаровон фароҳам омад. Истеҳсоли ғаллаи навъи «Краснодар» ба 65 сентнерӣ расид. Ба давлат 90 тонна дон инъом гардид. Нақшаи солонаи пахтасупорӣ 147 фоизро ташкил кард. Ҳосилнокӣ ба ҷойи 26 сентнерии пешбинишуда ба 37 сентнерӣ рост омад. Дар шароити дашт ин натиҷа нафақат дар мавзеи Вардонзе, балки дар миқёси ноҳия низ самараи хуб аст.
Аввали соли ҷорӣ миқдори киштзорҳои хоҷагии фермерӣ ба 62,1 гектар расид. Аз ҳамин 30 гектарашро зироати ғалла, 25 гектарашро зироати пахта ва қисми боқимондаро озуқаи чорвою сабзавот ташкил мекунад. Борони пай дар пайи фасли баҳор ташвиши пахтакоронро зиёд кард. Онҳо маҷбур шуданд, ки дар ҳамаи майдонҳо кишти дубора гузаронанд. Даҳ аъзои хоҷагӣ бо сарварии саркор Ҳомид Шарифов ором нагирифтанд. Хусусан, меҳнати поквиҷдононаи Анвар Рустамов, Ислом, Сайфулло, Сайфиддин Шарифовҳо боиси фароҳам омадани ҳосили фаровон гардид. Ниҳоят дар панҷ рӯзи ғунучини ҳосил деҳқонон ба нияташон расиданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки хоҷагии фермерӣ дар муддати кӯтоҳ ба бошишгоҳи саҳроӣ, тракторҳои «МТЗ-80», ду трактори «Т-28» ва таҷҳизоти зарурии деҳқонӣ соҳиб шуд.
– Имкониятҳои хубе, ки давлат барои фермерон фароҳам меорад, моро водор месозад, ки бобати зиёд кардани соҳаҳои нав аз қабили чорвопарварӣ, моҳидорӣ, истеҳсоли мева чораҷӯӣ кунем. Ҳоло ният дорем, ки ба техникаи нави замонавӣ соҳиб шавем. Имсол ҳосили фаровон рӯёндем. Агар онро беталаф ғундорем, бешубҳа, супоришоти шартномавӣ 160 фоиз иҷро мегардад, – арзи дилашро гуфт фермер.
***
Соли 2019 дар ҳаёти Ш.Шарифов соли фаромӯшнашаванда гардид. Маълум аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар мамлакатамон маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи раисон (оқсақолон)-и мақомоти худидоракунии шаҳрвандон ба амал омад. Аз ҷумла, ба вазифаи раисии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қӯрғони Вардонзеи ноҳияи Шофиркон ду номзад (яке аз онҳо Шермат Шарифов) пешбарӣ шуда буд. Дар интихобот Ш.Шарифов бо фарқи калон (овози хеле зиёд) ғолиб баромад ва раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қӯрғони Вардонзе таъин шуд. Вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, вай баҳри ҳалли масъалаҳои ҳудуд ба қадри ҳол ба корҳои назаррас даст задааст. Ҳоло бо ташаббуси ӯ дар деҳаи Қӯрғони Вардонзе нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, шустушӯи автомобилҳо, вулканизатсия, толори зебоии бонувон, сартарошхона, сехи дӯзандагӣ, дуконҳои гӯшту қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо фаъолият дорад. Дар маҳалла тӯю маросимҳо мувофиқи қарори қабулгардида, асосан, камхарҷу замонавӣ мегузаранд. Барои бачагони деҳа сохтмони муассисаи таълими томактабӣ оғоз ёфтааст.
***
Дуои мӯйсафедон Шерматро аз мавҷи андешаҳо берун кард. Вай ҳис кард, ки фурсати интиҳои давра, фотеҳаи дасторхон фаро расидааст. Аз ин рӯ, ба дигарон пайравӣ намуда, баҳри иҷобати ниятҳои нек даст боло карда омин гуфт.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: