Барот БОЙҚОБИЛОВ: “ЗОДАИ ИЛМУ ҲУНАР ҲАСТӢ САРОПО, ТОҶИКАМ!”

Ба қарибӣ китоби «Адиб ва адабиёт» (Тошканд, 2017)-и суханвари варзида, шоир ва муҳаррири маъруф, дӯсти азизам Фармон Тошевро такрор мутолиа намуда, аз файзу таровати қалами сеҳрофаринаш баҳраманд гаштам.

Ба қарибӣ китоби «Адиб ва адабиёт» (Тошканд, 2017)-и суханвари варзида, шоир ва муҳаррири маъруф, дӯсти азизам Фармон Тошевро такрор мутолиа намуда, аз файзу таровати қалами сеҳрофаринаш баҳраманд гаштам. Мактубҳои адабии пурмазмун ба устодону шогирдон, андешаҳои ҷолиб оиди меҳру ихлос ба кори эҷодӣ ва маслиҳатҳои судмандаш ба қаламкашони ҷавон рӯҳияи публитсистии китобро таъмин кардаанд. 
Яке аз мақолаҳои китоб «Мисли чинорҳои Ургут боқӣ ҳастед, устод» номгузорӣ шуда, дар шакли мактуби адабӣ ба эҷодиёти Шоири халқии Ӯзбекистон Барот Бойқобилов бахшида шудааст. 
Барот Бойқобилов зодаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд аст. Ӯ 14 марти соли 1937 дида ба дунё кушодааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ мебошад. Дар рӯзномаи «Ёш ленинчи», нашриёти «Ёш гвардия» ва собиқ Комитети Марказии ҳизби коммунистони Ӯзбекистон адои хидмат намудааст. Ҳамчунин ба сифати муҳаррири маҷаллаҳои иҷтимоӣ ва адабию бадеӣ  фаъолияти ибратбахш дошт.
Ба машқҳои шогирдонаи ӯ нахустин бор назари устодон Садриддин Айнӣ ва Воҳид Абдулло афтодааст. Шеърҳояш аз соли 1954 рӯйи чопро дидаанд. Дертар устодони кушодадили ҳимматбаланд Ойбек ва Миртемир ба қаламиҳои ӯ назари илтифот афкандаанд. Ин буд, ки бо маҷмӯаи нахустини шеъриаш «Сатрҳои Самарқанд» ба майдони назми ӯзбек бо азми қатъӣ қадам гузошта, минбаъд маҷмӯаҳои шеърии «Ушшоқи Самарқанд», «Афросиёб», «Сонетҳо», «Висол ва ҳиҷрон»,  «Дил ором намешавад», «Хоки Ватан» ва дигарҳоро пешкаши хонандагони закитабъ мегардонад.
Дар назми ӯ мавзӯи таърих ва талқини шахсиятҳои эҷодкори замони мозӣ мавқеи муҳим дорад. Чунончи, дар қиссаи шеърии «Шаб ва рӯз» («Тун ва кун») образи шоҳ ва шоир Заҳириддин Бобурро бо камоли маҳорат офаридааст, ки падидаи тозае дар назми он солҳо буд. Дар достонҳои «Хамсаи нав» бошад, образҳои бадеии Алишер Навоӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ  мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Биноан, ин шоҳкорӣ ба Мукофоти давлатии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ сазовор гаштааст.
Барот Бойқобилов дар бораи ғояи ин асар бо ифтихор чунин навишта буд: «Шукри Худо, ки бароям бахту саодати дӯстии қиёматии Ҷомию Навоӣ, қаробату бародарии абадии халқҳои тоҷику ӯзбекро дар «Хамсаи нав» якқалам кардан насиб гардид. Дар он Ҳироту Самарқанд, дӯстиву қаробати халқҳои тоҷику ӯзбек ва Навоию Ҷомӣ васф шудааст. Анвори офтоби дилро ба сари ин ду шоир, ду халқи бузург, ду зоти муборак нисор намудам.
Зи водии Ҳарирӯду Зарафшон, 
Самарқанду Ҳироти анбарафшон,
Зи боғи Кенагас, ҳам «Боғи Хамса»,
Канори «Унсия» – оғӯши бӯстон.
Вазад, бигзор, анфоси ду устод,
Шавад рӯҳи бузургон ҷовидон шод».
Солҳое, ки дар Тошканд дар идораи нашрияи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») кор мекардам, ҳайъати таҳририя дар кори ба роҳ мондани нашри муттасили рӯзнома, фаъолияти мунтазами гуфторҳои тоҷикии радиои ҷумҳурӣ такягоҳу пуштибони беғараз будани Барот Бойқобиловро сипосгузорона таъкид менамуданд. Мақолаҳои публитсистии бо порчаҳои шеър оростааш дар саҳифаҳои рӯзнома тез-тез чоп мешуданд. 
Барот Бойқобилов дар эҷоду гуфтор дӯстиву рафоқатро монда нашуда тарғиб менамуд. Ӯ достонҳои Мирзо Турсунзода «Чароғи абадӣ» (дар ҳамкорӣ бо Ҷонибек Қувноқ) ва «Ҷони ширин»-ро бо маҳорати баланд ба ӯзбекӣ баргардонидааст. Бо ихлосу сипос мегуфт: «тоҷикидониям имкон дод, ки аз шеърияти форс-тоҷик баҳраманд шавам». Ҳамин афзалият ба ӯ имкон додааст, ки ашъори шоирони тоҷик, бахусус достонҳои Мирзо Турсунзода «Ҷони ширин» ва «Чароғи абадӣ»-ро (достони охирин дар ҳамдастӣ бо Ҷонибек Қувноқ)  ба ӯзбекӣ моҳирона тарҷума намояд. Бале, ӯ суханвари фозили дилаш соф буд. Дар як шеъраш ба ин ишора кардааст: 
Қаламам аз чинори Ургут аст, 
Сафои дилам аз чашмаҳояш.
Ашъори  Барот Бойқобилов аз ҷониби дӯсти эҷодкораш Ҷонибек Қувноқ ба тоҷикӣ равону хотирмон тарҷума шудаанд. Дар онҳо меҳру оқибат, дӯстиву бародарӣ, сидқу вафо нисбати халқу Ватан самимона тараннум ёфтаанд. Мисолан, дар шеъри «Меҳрнома»-и ӯ дӯстиву бародарии тоҷикону ӯзбекон чун «дуруди дӯстӣ», «байти эҳтироме аз суруди дӯстӣ» ва «суҷуди дӯстӣ» ин тавр бо садоқату кушодадилӣ васф шудааст: 
Баҳри некӣ омадӣ бар рӯйи дунё, 
тоҷикам,
Ёфт дунёе зи ту дунёи дилҳо, тоҷикам,
Ҳар куҷо хайрест, дорӣ мӯҳру имзо, 
тоҷикам,
Нур меҷӯӣ фақат з-имрӯзу фардо, 
тоҷикам.
Дар ин манзумаи меҳру ихлос, ки онро гимни дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик метавон ҳисоб кард, илму адаби халқи тоҷик, бахусус, саҳми суханварони беназири он дар олами шеъру шоирӣ бо сидқу вафо мавриди тасвир қарор гирифтаанд:
Бо каломи тоҷикӣ Ҳофиз дили дунё 
гирифт,
Чун худои достон Фирдавсӣ сар боло 
гирифт,
Саъдиву Хайём номи булбули гӯё гирифт,
Рӯдакӣ бар шоирони даҳр бобо, тоҷикам!
Мунодии дӯстиву бародарии халқҳоямон Барот Бойқобилов дар бандҳои дигари манзума низ аз азал дӯсту бародари ҷонӣ будани мардумони кишварҳоямон, парвардаи илму ҳунар, ҳамқисмату ҳамсояи қарин, ҳамрозу ҳамбол будани онҳоро дар роҳи бахту саодат бо сидқу вафо дилнишину хотирмон сароидааст:
Ту забони хокро як умр аз бар кардаӣ,
Ҳар ваҷаб саҳрои худро махзани зар 
кардаӣ,
Осмони ҳар ҳунарро зери шаҳпар кардаӣ,
Зодаи илму ҳунар ҳастӣ саропо, тоҷикам.

Аз азал пайваст бо мо марзаю дарёи ту,
Мардуми як деҳа бо ду лафз дорад 
гуфтугӯ,
Ҳайрате ояд аз ин: ӯзбек ку, тоҷик ку!
Дар ғаму шодӣ шарик, ҳамрозу ҳампо, 
тоҷикам!
Ёд дорам, Барот Бойқобилов солҳои аввали истиқлол яке аз аввалинҳо шуда, пешниҳоди сарвари давлатамонро оиди ободу зебо намудани мақбараву дахмаи зотҳои табаррук Абӯалӣ ибни Сино,  Алишер Навоӣ, Камолиддин Беҳзод, Абӯрайҳони Берунӣ, Заҳириддин Бобур, Бобораҳим Машраб, Зокирҷон Фурқат ва дигарҳо, ки берун аз хоки Ватананд,  дилсӯзона ҷонибдорӣ намуда, дар ин хусус мақолаҳои хотирмон навишта буд.  «Эҳсоси меҳанпарастӣ дар дили одамон реша давонд. Онон идрок намуданд, ки хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар аст, он ҷо ки хуни ноф рехт, азиз мебошад. Подоши чунин дилбастагист, ки намои деҳоту гузарҳо, ҳисорҳо, дар маҷмӯъ Самарқанд, ба биҳишти афсонавӣ монанд мешавад», – навишта буд ӯ дар мақолаи «Самарқанд сайқали рӯйи замин аст»:
Назар кардам чу бар сӯйи Самарқанд,
Биҳиште рӯ ба рӯям ҷилвагар шуд.
Регистон, Шоҳизинда пешам омад,
Ба чашмам Оби Раҳмат оби зар шуд.
Вассофи дӯстиву бародарии халқҳоямон Барот  Бойқобилов зимистони соли 2006 аз олам даргузашт. 
Дар ин айём, ки халқҳоямон робитаҳои деринаи ҳамкориро тибқи талаботи замони нав ба роҳ мемонанд, фикр мекунам, пос доштани хотираи Барот Бойқобилов ва Ҷонибек Қувноқ барин суханварон, ки пули дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик буданд, кори хайру ибратпазир аст.

Абдусалом САМАДОВ, 
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дотсент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: