БАРҚАРОР КАРДАНИ САЛОМАТИИ ОДАМОН – АЗ ҲАМА МУҲИМ

Бо Абдурашид Ақрабов аз солҳои донишҷӯӣ инҷониб дӯсту бародар ҳастам.

Ҳарду донишгоҳро дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ба итмом расонидем ва бо дипломи пизишкӣ (шифокор) ба диёр баргаштем. Ман дар бемористони вилоятии ёрии таъҷилӣ кор мекунам, Абдурашид дар маркази махсуси урологияи вилоят  ба ҳайси пизишки гурда фаъолият дорад. 
Чанд сол ҷойи сукунатамон дар шаҳри Фарғона низ бо ҳам наздик буд. Вай бо зану бачаҳояш дар хонаи баландошёнаи рӯ ба рӯи хонаи мо зиндагӣ мекард. Гоҳ-гоҳ шому саҳар ҳамдигарро медидем ва каме суҳбат карда, боз аз пайи кор мешудем. Маҷрои зиндагӣ ҳамин будааст. Агар хумори дидани ҳамдигар боло гирад, баъди кор дар ягон ҷойи ором боҳам нишаста суҳбат мекардем.  Аммо ҳоло ҳарду ҳавлӣ сохта, аз ин минтақаи шаҳр ба яке аз маҳаллаҳои беруни он кӯчидем. Барои ҳамин муддати дидорбиниамон низ баъзан ба дарозо мекашад. 
Боре телефонӣ пурсидам, ки кору ҳолаш чӣ хел аст. Гуфт, ки агар имкон дошта бошам, баъди кор дар ягон қаҳвахона вохӯрем ва суҳбат кунем. Розӣ шудам ва баъди кор ба ҷойи ваъдагӣ худро расондам. Аммо Абдурашидро пайдо накардам. Барояш занг задам. Гӯширо набардошт. Эҳсоси нигаронӣ вуҷудамро фаро гирифт.
Ба рақами хонааш занг задам, ки гӯширо завҷааш бардошт. Ба хотири он ки вайро ба ташвиш нагузорам, пурсидам, ки агар Абдурашид дар хона бошад, гӯширо ба вай диҳад. Аммо завҷааш гуфт, ки шавҳараш ҳанӯз ба хона барнагаштааст, зеро занг зада гуфтааст, ки як бемори вазнинро оварданд. Аҳволи бемор чандон хуб набудааст ва маълум нест, ки оё шавҳараш ба хона бармегардад ё на.
Аз ин суҳбат фаҳмидам, ки мулоқоти ҳамоҳанг сохтаамон баргузор намешавад. Ба ҳавлӣ омадам ва хӯроки шомро тановул карда, хостам телевизор тамошо кунам. Аммо дилам гуфт, ки як бор ба Абдурашид занг зада, ҳолашро пурсам.
– Шумо ҳам ваъдабоз будаед-ку, – шӯхиомез гуфтам ба ӯ.
– Э ҷӯраҷон, баъзан чунин ҳолатҳое рух медиҳанд, ки мулоқот бо дӯстат он тараф истад, чанд рӯзу шаб зану бачаҳоро низ фаромӯш мекунӣ, – посух дод Абдурашид бо ҳамон ширинбаёние, ки ҳамеша дорад.
– Бале, туро дарк мекунам, дӯстам. Бароят сабру таҳаммул мехоҳам. Худам ҳам баъзе шабҳо ба хона барнамегардам. То ба худ омадани бемор болои сараш рост меистам, – гуфта ҳарфҳои дӯстамро тасдиқ намудам.
Баъд Абдурашид тавзеҳ дод, ки бемораш нигаронкунанда аст. Вай аз Тошканд як профессори урологро даъват кардааст, ки бо бемори ӯ мувозибат кунад, то ки ба по хезад. Зеро бемор ҳанӯз зани ҷавон аст ва фарзандҳояш бояд бо модари худашон калон шаванд. Абдурашид илова кард, ки ба Тошканд интиқол додани бемор имконнопазир аст, зеро дар роҳ пеш омадани ягон мушкилоти тиббӣ аз эҳтимол холӣ нест.
Баъди чанд дақиқаи суҳбат аз ин тарафу он тараф худоҳофизӣ кардем. Аммо ин бор аз ваъдаву қарор дар бораи он ки мулоқоти навбатиамон дар куҷо баргузор хоҳад шуд, худдорӣ намудем.
Бале, кори мо, шифокорон ҳамеша ба ҳамин минвол давом мекунад. Мо на ҳамеша ба тӯю маъракаҳои даъватшуда ҳозир мешавем ва дӯстони худро бо ҳузурамон хурсанд мекунем. Аммо кӯшиш мекунем, ки одамони дигар, яъне бемор ва пайвандону наздикони ӯ аз мо  хурсанду розӣ бошанд. 
Абдурашид Ақрабов зодаи деҳаи Қалъаи Болои ноҳияи Сӯх аст. Зимни таҳсил дар мактаби таълимоти умумии рақами 7 бештар ба касби омӯзгорӣ, хусусан, забон ва адабиёти тоҷик шавқу рағбати калон дошт. Абдурашид аз овони мактабхонӣ шеър  менавишт. Чанд намунаи шеърҳояш дар рӯзномаи ноҳиявии «Садои Сӯх», китоби дастаҷамъонаи қаламкашони сӯхӣ ва амсоли он интишор шудаанд. Вай мактабро бо шаҳодатномаи имтиёзнок хатм кардааст. Мо, як гурӯҳ ҷавонони деҳаҳои гуногуни ноҳияи Сӯх ҳамроҳ ҳуҷҷатҳоямонро ба факултаи тибби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд супурдем. Дӯстиву рафоқати мо аз ҳамон солҳои донишҷӯӣ маншаъ гирифтааст ва то кунун идома дорад. 
Абдурашид ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ низ бо шеърҳои равони худ дар миёни донишҷӯён ном бароварда буд. Дар маҳфилҳо ва шабнишиниҳо шеърҳояшро хеле гарм истиқбол мекарданд. Чанд намунаи ашъорашро рӯзномаи донишгоҳ низ ба табъ расонидааст.
 Боре аз Абдурашид суол кардам, ки чаро омӯзгор нашудӣ, зеро одамоне, ки ба адабиёт ва шеъру шоирӣ каму беш сарукор доранд, бештар ҳамин касбро интихоб мекунанд.
– Медонӣ, ҷӯраҷон, ман аслан омӯзгор шуданӣ будам. Аммо баъди он ки модарам зуд-зуд аз дарди ҷонкоҳ ва бемории дуру дароз азият мекашанд, ман хостам, ки духтур шаваму ба ҷони он кас марҳам бахшам, – гуфта буд Абдурашид.
 Бо вуҷуди табобатҳои пай дар пай ва муназзами шабонарӯзӣ модари Абдурашид ду сол пеш қазо карданд. Дӯстам аз он дар шигифт монд, ки ба ҷони модари зораш натавонист марҳам бахшаду ӯро аз марг наҷот диҳад. Тақдир чунин будааст.
Мо соли 1999 донишгоҳро хатм кардем ва муддати ду солӣ дар бахши ординатура таҷриба андӯхтем. Абдурашид аз рӯзҳои аввал мехост, ки донишу маҳорати худро дар соҳаи урология такмил диҳад ва фаъолияти минбаъдаи худро маҳз ба ҳамин соҳа бахшад, ки ҳоло бо муваффақият ба дарди беморон дармон мебахшад. Вай бештар санги гурдаҳои беморонро тавассути дастгоҳҳои хос парчаву майда мекунад ва ин майдаҳои санг тавассути пешоби бемор аз узвашон хориҷ мешавад.
Абдурашид ба як духтари маҳаллии сӯхӣ издивоҷ кардааст. Ҳоло зану шавҳар соҳиби ду фарзанд ҳастанд. 
 
Фарҳод ПӮЛОДОВ,
шифокори шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ»-и
шифохонаи марказии вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: