Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ яке аз донишгоҳҳои бузургтарини улуми инсонӣ дар Ховари Миёна муаррифӣ шудааст.
Дар 140 риштаи ин донишгоҳ донишҷӯён машғули таҳсил ҳастанд. Дар тасарруфи донишгоҳ ёздаҳ донишкада (факулта) низ мавҷуд аст, ки бист ҳазор донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифтааст.
–Дар донишкадаҳо маҷмӯан 600 нафар кормандони илмии дараҷаҳои гуногун ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Ҷамъи кормандон аз ду ҳазор нафар бештарро ташкил медиҳанд, ки ҳар кадоми онҳо дар бахшҳои худ машғули фаъолият ҳастанд,–мегӯяд раиси Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ оқои Ҳусайн Салимӣ.
Вай ибрози хушҳолӣ кард, ки бори нахуст мизбонии меҳмонони ӯзбекистониро бар дӯш дорад.
– Шумо дар вақти таътили донишгоҳ омадед. Бо вуҷуди ин, мо ҳар кадоми шуморо ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ ба канор мепазирем. Дар ин айёми таътил тасмим гирифтем, ки як мулоқоти густурдаеро бо шумо, устодон, аспирантҳо ва донишҷӯёни азиз баргузор кунем.
– Мо чанд муддат аз ҳамдигар дур афтодем, барои ҳамин шумо аввалин гурӯҳ ҳастед, ки аз Ӯзбекистон ба Маркази омӯзиши забони форсӣ барои ғайри форсизабонони Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ ташриф фармудаед. Умедворам, ки ин ташрифи шумо минбаъд равуоҳои зиёдеро дар пай дошта бошад ва мо низ сафар ба кишвари шуморо пешбинӣ кардаем, – гуфт Ҳусайн Салимӣ.
Вай ба он нукта боз таъкид кард, ки бо ба сари қудрат омадани муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дубора барқарор шуданд. Аҳли илму фарҳанги Эрон низ талошҳои зиёд ба харҷ хоҳанд дод, то ки ин ҳамкориҳо беш аз пеш беҳбуд ёбанд ва дар шаклҳои густурдатар идома пайдо кунанд.
– Медонед, баъзан дипломатҳо шояд дар ин ё он маврид бо ҳам дар ихтилофи назар қарор дошта бошанд, аммо ин ихтилофи назарҳо наметавонанд барои робитаҳои фарҳангии мардумону қавмҳо монеа эҷод кунанд. Зеро муҳим нест, ки мо ба кадом забон гуфтугӯ мекунем, муҳим он аст, ки пайвандҳои таърихӣ моро ба ҳам васл мекунанд ва аксари расму ойин ва анъанаҳоямон муштарак мебошанд, — зикр намуд раиси донишгоҳ.
Вай ишора кард, ки дар айни замон забони форсӣ абзори гуфтугӯҳо, маҷмӯаи донишу зебоиҳост. Бидуни омӯзиши забони форсӣ кас наметавонад ба умқи афкори мероси гаронбаҳои Рӯдакиву Саъдӣ, Мавлавию Ҷомӣ ва Хайём сарфаҳм биравад ё барои дарки маъниҳои он дастрасӣ пайдо кунад.
– Мероси ҳамаи адибони мумтози мо мероси умумбашарист. Забони онҳо забони ишқу муҳаббат аст ва касе наметавонад дар муқобили ин ақида ҳарфе гуфта тавонад. Талоши мо танҳо барои он равона шудааст, ки забони форсӣ ва арзишҳои он дар саросари олам эҳтиром карда шавад ва густариш ёбад,–мегӯяд Ҳусайн Салимӣ.
Вай ҳамчунин муътақид аст, ки донишгоҳи онҳо маҳз дар рушду нумӯъ ёфтани забони ноби форсӣ саҳм ва нақши муассир дорад. Ба гуфтаи раиси донишгоҳ табодули таҷриба маҳз, бар асари омаду рафт анҷом мепазирад. Барои ҳамин онҳо омодаанд, ки дар баробари пазируфтани олимону мударрисони забони форсии донишгоҳҳои Ӯзбекистон, ҳамчунин, кормандони худро барои табодули таҷриба ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Тирмизу Бухоро ва Фарғона бифиристанд.
– Аслан таъсиси як маркази муштараки пажӯҳишӣ ба мақсад хеле мувофиқ мебошад. Ин иқдом метавонад ба корҳои пажӯҳишӣ ба таври муштарак машғул шудани олимони ҷавони ду кишварро ба таври ҳамешагӣ таъмин намояд. Барои пиёда кардани ин иқдом монеаҳо вуҷуд надоранд ва инро мақомоти Вазорати омӯзишу парвариши мо хеле хуб истиқбол хоҳанд кард,–гуфт Салимӣ.
Ба гуфтаи мавсуф яке аз ҷанбаҳои асосии кори ин марказро мебояд омӯзиши забони форсӣ ва ӯзбекӣ ташкил намояд. Чунки таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ин ду забон муштаракан дар муддатҳои дароз омӯхта нашудаанд ва чӣ пайвастагиҳо доштан, то кадом дараҷа доман фарох намудани онҳо низ мавриди таҳқиқу тадқиқ бояд қарор дода шавад.
Дар ин мулоқот мудири кафедраи забони форсӣ-дарии Донишгоҳи ховаршиносии Тошканд Ҳулкар Мирзоаҳмедова гуфт, ки чунин давраҳои омӯзишии забони форсӣ ба пешрафти кори онҳо хеле мусоидат менамояд. Аммо беҳтар мебуд муддати давраи омӯзишӣ дарозтар карда шавад. Ҳамчунин, ӯ тазаккур дод, ки масъалаи ба Тошканд даъват кардани устодони варзидаи эрониро низ бо мақомоти донишгоҳ баррасӣ хоҳанд кард.
– Фикр мекунам, ки агар мо баъзе машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯёнро дар иштироки устодони эронӣ ба роҳ андозем, корамон боз беҳтар мешавад. Албатта, дар Донишгоҳи давлатии ховаршиносии Тошканд мутахассисони варзида хеле зиёданд, вале табодули кадрҳо ҳамеша ва дар ҳар вақту замон ҷиҳати пешрафти кор манфиати бештар меорад,–иброз дошт Ҳулкар Мирзоаҳмедова.
Зимнан бархе аз меҳмонони ӯзбекистонӣ дар ҷараёни мулоқот оид ба фаъолият ва тарзу усули корбарӣ дар донишгоҳҳое ҳарф заданд, ки он ҷо кор мекунанд.
– Акнун замоне расидааст, ки мо ҳамкориҳои густурда ба роҳ монем ва аз таҷрибаҳои ҳамдигар баҳра бардорем. Ин кишвар барои шумо бегона нест ва мо шуморо дар ин сарзамин боз интизор хоҳем буд, – гуфт дар охири мулоқот Ҳусайн Салимӣ.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
ТЕҲРОН–ТОШКАНД.