БАРҚАРОРИИ СИҲҲАТИИ МАРДУМ МАҚСАДИ МОСТ

Ман дар хонаводаи Холисхон ва Муҳаммадҷон Муллоҷоновҳо зодаву парварда шудаам.

Ман дар хонаводаи Холисхон ва Муҳаммадҷон Муллоҷоновҳо зодаву парварда шудаам. Мо шаш фарзанд ҳастем: ду писару чор духтар. Номи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи моро, ки аксарияти сокинони он  тоҷикон мебошанд, “Боғи Хондӣ” меноманд. 
Ҳанӯз солҳои таҳсил дар мактаби таълимоти умумии рақами 6-ум орзу мекардам, ки ҳамшираи шафқат шавам ва хилъати сафед ба бар намуда, ҷиҳати барқарор намудани саломатии мардум хидмат кунам.
Соли 2008 коллеҷи тиббии Андиҷонро хатм намудам. Вақте ки ба поликлиникаи оилавии деҳ омадам, бидуни ягон мушкилот маро ба кор пазируфтанд. Аз ҳамон сол то кунун дар ҳамин поликлиника фаъолиятамро идома медиҳам.
Қобил ба ёдоварист, ки бобои модариам – Таваралӣ Ғафуров маро хеле дӯст медоштанд. Солҳои мактабхонии ман ба падару модарам ва пайвандони дигари мо мегуфтанд, ки агар ҳамин Нодира духтур шуда  маро табобат накунад, аз ин дунё бо армон меравам.
Аз як ҷиҳат ин орзуи бобоям низ буд, ки ман хилъати сафед ба бар намудаам. Ҳамеша хурсандам, ки дар хонаводаи мо низ як нафар дар барқарор намудани саломатии одамони деҳ саҳми худро мегузорад ва боиси ифтихори падару модар ва хешу ақрабо мешавад.
– Ту бояд ба одамон ҳамеша дасти мадад дароз кунӣ ва муҳимтар аз ҳама, накӯкорӣ хислати асосии ту бошад. Он гоҳ одамони зиёд дар ҳаққат дуо мекунанд, – мегуфтанд бобоям. 
Ҳоло дар поликлиникаи оилавӣ якҷо бо мудири он Ҷамилахон Акбарова, духтурон Орифҷон Эшонов, Рафиқҷон Тоҷиев, ҳамшираҳои шафқат Умеда Мадаминова, Гулбодом Бекматова ва амсоли онҳо барои саломатии мардум камарбастаем.
Ҷамила Акбарова аввал ба донишкадаи тиббии Лвови Украина шомил шудааст. Он ҷо ду сол таҳсил кардааст. Баъди ба истиқлол расидани кишварамон дар Донишкадаи тиббии Андиҷон таҳсилро идома дода, онро муваффақона хатм намудааст. Соли 23-юм аст, ки дар поликлиникаи оилавии ҷамоати “Боғи Хондӣ” кор мекунад. 
Дар поликлиникаи мо хидмати “ёрии таъҷилӣ” низ ба роҳ монда шудааст. Он 24 соат дар хидмати мардум. Ҳар рӯз як духтур ва ду ҳамшираи шафқат дар он ҷо навбатдорӣ мекунанд. Дар давраи пахши пандемияи коронавирус мошини “ёрии таъҷилӣ” бештар ба бемороне хидмат мерасонад, ки ҳамеша зери назорати духтурон қарор доранд.
Ин шуъба ғайр аз мардуми ҷамоати шаҳрвандони “Боғи Хондӣ” барои маҳаллаи “Мадиёрчек” низ хидмат мерасонад. Теъдоди умумии аҳолие, ки зери назорати шуъбаи “ёрии таъҷилӣ” фаро гирифта шудааст, беш аз нӯҳуним ҳазор нафарро ташкил мекунад.
Поликлиникаамон дорои лабораторияи муҷаҳҳаз мебошад. Ин лаборатория зери назорати шифокори тоифаи якум Дилнавоз Ортиқова ва ҳамшираҳои шафқат Марғуба Эгамбердиева, Моҳиной Полвонова фаъолият мекунад. Он барои ташхиси пешоб ва хун бо асбобҳои зарурӣ таъмин карда шудааст. 
Ногуфта намонад, ки дар поликлиникаи оилавии мо 35 нафар кор мекунанд. Бист нафари онҳо  тоҷиконанд. Шаш нафар низ дар барқарор намудани саломатии беморон шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Хидмати патронаж низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Он даҳ нафар ходимро муттаҳид намудааст. Духтурону ҳамшираҳои шафқат мувофиқи нақша аз бемороне хабар мегиранду хизмат мерасонанд, ки ба кӯмаки тиббӣ ниёз доранд.
Сенздаҳ нафар кормандони поликлиника беморонро мунтазам дар утоқҳои худ қабул мекунанд. Дар ин шабонарӯз аз зумраи ашхосе, ки ба пандемияи коронавирус мубтало шудаанд, 15 нафар саломатии худро комилан барқарор намуданд. Мо саъй мекунем, ки дар миёни мардум гашта, барои сироят нашудани онҳо ба ин беморӣ корҳои тарғиботиро пурзӯр намоем.      
Ҳоло аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи мо се нафар мактаби олии тиббиро хатм намуда, ба поликлиника барои кор муроҷиат кардаанд. Як нафари онҳо магистрант мебошад. Боз як нафари дигар машғули таҳсил мебошад.
Ба наздикӣ ҳокимияти ноҳияи Олтинкӯл қарор қабул намуд, ки соли 2021 кормандони поликлиникаи оилавии мо дар бинои наву замонавӣ барои барқарории саломатии мардум машғул хоҳанд шуд. Аммо ҳоло барои гарм кардани бинои поликлиника шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин марказгармӣ тавассути ангишт кор мекунад.
Мо маошамонро саривақт мегирем. Баъзан бароямон мукофотпулӣ низ медиҳанд, ки ба рӯҳбаланд намудани ходимони поликлиника мусоидат менамояд.

Нодира МУҲАММАДҶОНОВА,
ҳамшираи тиббии поликлиникаи
оилавии ҷамоати шаҳрвандони 
“Боғи Хондӣ”-и ноҳияи Олтинкӯли вилояти Андиҷон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: