БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ БЕМОРИҲОИ ОНКОЛОГӢ

Ба наздикӣ бо як дӯсти давраи мактабхониам вохӯрдам.

Табъаш хира менамуд ва ба саволҳоям низ нимғурма ҷавоб медод.
– Тинҷӣ аст? – кафидам аз чунин муносибати дӯстам ба ҳайрат омада.
– Чиашро мегӯӣ? Як бародарзодаам чанд рӯз аст, ки беҳолу бемадор шуда меравад. Пизишкони шифохонаи онкологии вилоят машварат доданд, ки беморамон ба муоинаи профессорони онкологияи пойтахт ниёз дорад. Барои ҳамин тараддуд дорем, ки  ӯро ба шаҳри Тошканд барему ба ҳамон мутахассисон нишон диҳем, – гуфт ин дӯсти давраи мактабхониам.
– Ҳеҷ гап не, ҳамааш хуб мешавад. Дар Тошканд пизишкони ботаҷрибаву босалоҳият хеле зиёданд. Албатта, додарарӯсат шифо меёбад ва бемориаш дидаму надидам шуда меравад, – гуфта ӯро тасаллӣ додам.
Баъди каме муддат хабардор шудам, ки баъди муоинаи профессорони тошкандӣ ва муолиҷа  вазъи додарарӯси ӯ хеле беҳтар шудааст.
Аммо шояд одамони зиёдро ин савол ба ташвиш оварад, ки чаро дар солҳои охир теъдоди одамони ба бемориҳои онкологӣ ё саратон мубтало беш аз пеш  зиёд шуда меравад. Бисёриҳо намедонанд, ки сабабҳои паҳншавии бемориҳои онкологиро чиҳо ташкил мекунанд? Ё оё то мубталоӣ ба  ин бемории хавфнок  роҳҳои пешгирии он вуҷуд доранд?  
Маҳз ҳамин масъалаҳо дар шаҳри Фарғона тайи конфронси байналхалқии ХV илмиву амалӣ зери унвони «Муаммоҳои муҳими пешгирӣ, скрининг ва кансер-регистри  бемории саратон» баррасӣ гардид. Дар он мутахассисони  15 кишвар ширкат карданд. 
Дар айни ҳол қайди он нукта бамаврид аст, ки Президенти мамлакатамон перомуни такомул додани тарзи хизматрасонӣ ба беморони саратон қарори вижаеро имзо кардааст. Бар асоси ин қарор дар диспансерҳои онкологии шаҳру вилоятҳо филиалҳои Маркази онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд, ки ба муоинаву муолиҷаи беморони мубталои саратон ва барқарор намудани саломатии онҳо машғуланд.
Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хонум Суизи Коин ба мухбири «Овози тоҷик» гуфт, ки баргузории конфронс барои табодули таҷрибаи миёни мутахассисони соҳаи онкология хеле қадами муҳим мебошад. Вай тазаккур дод, ки дар се бахши алоҳида ин мутахассисон аз маслиҳату машварати якдигар баҳра бардоштанд ва онро дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода хоҳанд кард.
– Профилактикаи бемории саратон аз масъалаҳои хеле муҳим маҳсуб меёбад. Пеш аз ҳама ба одамон бояд фаҳмонид, ки истеъмоли тамоку, машрубот, беҳаракатии аз ҳад зиёд иллатҳое мебошанд, ки хуруҷи бемории саратонро дар узви инсон суръат мебахшанд. Барои ҳамин Созмони ҷаҳонии тандурустӣ алайҳи ҳамин иллатҳо муборизаро вусъат бахшидааст. Дар ин ҷо намояндагони ширкатҳои истеҳсоли дору ва технологияи тиббӣ низ иштирок доранд, ки маҳсулоташонро ба мутахассисон медиҳанд, – илова намуд хонум Коин. 
– Шифохонаи вилояти мо аз тарафи Маркази ихтисосгардонидашудаи онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ барои андӯхтани таҷрибаҳои скрининги бемориҳои саратон объект интихоб шудааст. Асосан саратони қафаси сина, бачадон, меъда ва амсоли он мавриди таҳқиқу баррасӣ ва муоинаву муолиҷа қарор гирифтааст. Мо ба он ноил шуда истодаем, ки то андозае умри одамони мубталои саратонро қисман дароз кунем. Ҳоло як идда беморон ҳамеша зери назорати мутахассисон қарор доранд, – мегӯяд сардори раёсати тандурустии вилояти Фарғона Одилҷон Умаров.
 Намояндаи ширкати дорусозии «Beakon Medikare Limited»-и Ҳиндустон Раҳул Кумар Дипак  дар робита ба он ҳарф зад, ки барои иштирокчиёни ин конфронс феҳрасти доруҳоро тақдим карданд ва ин доруҳо барои табобат ва пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои саратон ихтисос дода шудаанд. 
Дар ниҳояти конфронси байналхалқӣ як қатор пизишкони маҳаллӣ, ки роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои саратонро ба риштаи таҳқиқ кашидаанд ва муҳтавои онро дар меҳвари маърӯзаҳои худ қарор додаанд, аз тарафи намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рағбатнок карда шуданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: