БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ УСТУВОРИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

Таҳти унвони “Масъалаҳои устувори мубориза бо коррупсия” конфронси байналмилалӣ роҳандозӣ гардид. Он таҳти ҳамкории Сенати Олий Маҷлис, Агентии мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Барномаи рушди СММ ташкил гардид.

Таҳти унвони “Масъалаҳои устувори мубориза бо коррупсия” конфронси байналмилалӣ роҳандозӣ гардид. Он таҳти ҳамкории Сенати Олий Маҷлис, Агентии мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Барномаи рушди СММ ташкил гардид.  
Дар кори конфронс намояндагони палатаҳои Олий Маҷлис, Вазорати молия, Бизнес омбудсман, Ҷунбиши умумимиллии “Юксалиш”, роҳбарони ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин вакилони САҲА, Садорати мубориза бо нашъамандӣ ва ҷинояткории СММ ва амсоли он ширкат намуданд.
Конфронс бо паёми Раиси Сенати Олий Маҷлис, Раиси  Шӯрои миллӣ оид ба мубориза алайҳи коррупсия Танзила Норбоева оғоз гардид. Вай аз ҷумла гуфт, ки таъмини устувории қонун ва ислоҳ намудани сохтори ниҳодҳои суд ва ҳуқуқ мусоидат хоҳанд кард, ки мубориза бо коррупсия самараи бештар диҳад. Гузашта аз ин, такомул додани механизми ташкиливу ҳуқуқии мубориза бо коррупсия аз омилҳои асосӣ арзёбӣ гардид.
– Конфронси мазкур ба манзури он ташкил карда шуд, ки дар солҳои охир мо кадом ислоҳотро дар соҳаи мубориза алайҳи коррупсия пиёда мекунем. Ҳадафи дигари мо ин аст, ки мардуми кишвар, вакилони созмонҳои байналмилалӣ аз ин раванд бештару беҳтар огоҳ карда шаванд. Инчунин дар бораи иҷрои барномаҳое, ки дар ин самт татбиқ мегарданд, мутахассисону коршиносон фикру пешниҳодҳои худро ироа намоянд ва мо онро ҷамъбандӣ ва натиҷагирӣ кунем, – гуфт директори Агентии мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Акмал Бурҳонов.
Директори Агентӣ таваҷҷӯҳи иштирокчиёни конфронси байналмилалиро ба он ҷалб намуд, ки дар ин бора ду ҳуҷҷати муҳимро Президенти мамлакат имзо кардааст. Ҳуҷҷати аввал фармон “Дар бораи чораҳои фароҳам овардани фазои таҳаммулнопазирӣ ба коррупсия, якбора коҳиш додани коррупсия дар идоракунии давлатӣ ва густариши иштироки мардум” ва ҳуҷҷати дуввум қарор “Дар бораи чораҳои иловагии ташкили самараноки фаъолияти мубориза бо коррупсия” мебошад.
– Коҳиш додани омили инсон дар раванди коррупсия, фароҳам овардани шароит ва имконият барои мардум, ки битавонанд бо роҳбарони идораҳои мухталиф вориди мулоқот шаванд, таъмини шаффофият, муқаррар будани ҷавобгарӣ зимни даст доштан ба коррупсия, афзоиши масъулияти роҳбарони идораҳои давлатӣ ва амсоли он аз намунаҳои ислоҳот дар ҷомеаи мо мебошанд, – изҳор кард Акмал Бурҳонов.
Вай бо таассуф қайд намуд, ки ҳанӯз дар як қатор соҳаҳо ришватхорӣ авҷ гирифтаву ҷиҳати коҳиш додани он агентие, ки вай роҳбарӣ мекунад, талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Ҷорӣ намудани ваксинаи покӣ ва ҳалолӣ, бар асоси озмун ба кор ҷалб намудани мутахассисон, ба роҳ мондани рейтинг, маҳдудият барои онҳое, ки бо иллати даст доштан дар коррупсия муҷозот шудаанд ва монанди он омилҳое маҳсуб меёбанд, ки барои барҳам додани коррупсия хидмат хоҳанд кард. 
– Дар мамлакате, ки одамонаш бофарҳанг ҳастанд, илму фан тараққӣ мекунад, коррупсия ҳатман коҳиш хоҳад ёфт. Зеро илму дониш ва фарҳанг мусоидат менамояд, ки инсонҳои ҷомеаи фавқуззикр ҳуқуқи худро дарк кунанд ва барои коррупсия шароит фароҳам наоваранд, – гуфт раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза бо коррупсия Наримон Умаров. 
Намояндаи хоси Раиси вақти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар мубориза бо коррупсия Анита Рамасастри аз тариқи онлайн дар ин конфронс ширкат намуд.
– Сиёсати давлати Ӯзбекистон дар мубориза бо коррупсия қобили дастгирӣ мебошад. Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ низ, ки мавҷуданд ва ҷавобгӯи талаботи ин замонанд. Таъмини шаффофият ва ошкоргӯӣ дар кишвари шумо барои самаранокии мубориза бо коррупсия хеле мусоидат хоҳанд кард. Барҳам додани иллати марбут бо коррупсия аз мардуми кишвар низ шуҷоат ва далерӣ тақозо менамояд. Бояд онҳое, ки дар бораи зуҳури аломатҳои коррупсия агентиро хабардор мекунанд, таҳти ҳимоят қарор гиранд, – гуфт Анита Рамасастри.
Маълум шуд, ки САҲА омода аст дар соҳаи мубориза бо коррупсия ба Ӯзбекистон ҳар гуна кӯмакҳои лозимаро бирасонад.
Дар конфронс баромадкунандагон эътироф намуданд, ки тибқи фармони Президент барномаи давлатии иборат аз 44 банд оид ба мубориза бо коррупсия барои солҳои 2021-2022 тасдиқ шудааст. 
Ногуфта намонад, ки дар ин конфронс ба Агентии мубориза бо коррупсия дар соҳаи такмили ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва меъёрӣ 7 тавсия ва дар соҳаи тақвияти назорати парлумонӣ ва иҷтимоӣ 7 тавсия тақдим гардид. Ин тавсияҳо аз суханрониҳо ва маърӯзаҳои нотиқону коршиносони байналмилалӣ маншаъ гирифтаанд. 

Дурдона ОЧИЛОВА,
масъули дафтари матбуоти
Агентии мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: