БАРРАСИИ МАСОИЛИ ИҶТИМОӢ

Дар мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ вохӯрии сайёри ҳокими ноҳия Азамат Файзиев ва намояндагони сектори дуюм бо сарварии прокурори ноҳия Фахриддин Норов баргузор гардид.

Ҳокими ноҳия ҳар як гузориш ва пешниҳодро бо намояндаи муассисаи дахлдор муҳокима намуда, вақти иҷрои онро баррасӣ намуд. Масоили таъмини ёрии тиббӣ, таълиму тарбия, алоқаи мобилӣ ва интернет, муаммоҳои экологӣ, таъмини ҷавонон бо кор дар коргоҳи навбунёди Қизилча ва чанд муаммои дигар ҳаллу фасл ёфтанд. Ҳозирин ба саволу таклифҳои хеш ҷавобҳои аниқ пайдо намуданд.   
Гузориши масоили таъмини ёрии тиббӣ, таъмини мактабҳои тоҷикӣ бо китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ, алоқаи мобилӣ ва интернет таклиф ва ё пешниҳодоти нав нестанд. Деҳоти хоҷагии Нурато аз маркази ноҳия беш аз 100 км дур воқеъ буда, беморхонае надорад, ки маризонро қабул ва ба онҳо ёрии тиббии шабонарӯзӣ расонад. Борҳо шудааст, ки занони ҳомила дар роҳ таваллуд кардаанд... Дар деҳот ҳамшираҳои тиббӣ намерасанд. Мисолан, деҳаи Сойхурд беш аз 2 км тӯл кашидааст. Як ҳамшира бо 0,25 ставка кор мекунад. Ӯ ба беш аз 500 нафар одамон кӯмаки тиббӣ мерасонад. Ин масъала то ба гӯши депутати Палатаи қонунгузорӣ Мақсуда Ворисова расидааст, вале ҳама хомӯширо ихтиёр кардаанд.
Дар хусуси дарёфти маблағ барои хариди китобҳои бадеии тоҷикӣ бо ҳокими ноҳия гуфтугузор ба вуқӯъ пайваст. 
Чандин сол аст, ки аҳолии деҳаҳои Сойхурд ва Соб аз алоқаи мобилӣ ва интернет маҳруманд. Азамат Файзиев савумин ҳокими ноҳия аст, ки ин масъала гузориш меёбад. Ваъдаҳои болохонадор садо додаанд. Шояд ҳокими кунунӣ Азамат Файзиев ба ваъдаи худ вафо кунад. Дунё ба умед.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
мухбири ҷамоатии «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: