Дар сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Лондон суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардид, ки якҷоя бо Шӯрои тиҷоратии Бритониё-Осиё (UK-Asian Business Council) ташкил шуда, ба имкониятҳо барои тиҷорати миёна ва хурд дар Бритонияи Кабир дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ӯзбекистон бахшида шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарони ширкатҳои аъзои Шӯрои тиҷоратии Бритониё ва Осиё, ки ба соҳаҳои фармасевтӣ, тандурустӣ, маориф, истихроҷи маъдан ва масолеҳи сохтмон тахассус доранд, ширкат доштанд.
Доираҳои корчаллонии Бритониё он далелро истиқбол намуданд, ки дар Ӯзбекистон афзалияти асосии тамоми дигаргуниҳо, ҳуқуқ ва озодии инсон гузошта шудааст. Нақшаҳои Ӯзбекистон оид ба гузариш ба иқтисодиёти «сабз», лоиҳаҳои истиқболнок дар бахшҳои нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ, сайёҳӣ, маориф, тиб ва ғайра мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҳозирон гардид.
Инчунин оид ба барномаҳои давлатии барои соҳибкорони хориҷӣ бо истифода аз механизми шарикии давлатию хусусӣ дар чунин соҳаҳо, аз қабили хоҷагии коммуналӣ ва хоҷагии об, тандурустӣ ва маориф пешниҳодшуда мубодилаи муфассали афкор сурат гирифт. Бартарияти рақобатпазирии маҳсулоти содиротии Ӯзбекистон, ки аз ҷониби ҳукумати Бритониё дар доираи низоми имтиёзноки савдои «Developing Countries Trading Scheme» пешниҳод шудааст, қайд карда шуд.
Дар ҷамъбасти суҳбати «мизи мудаввар» дар бораи ташкили миссияи тиҷории иборат аз намояндагони ширкатҳои манфиатдори Бритониёи Кабир ба Ӯзбекистон бо мақсади ба роҳ мондани робитаҳои мустақими ҳамкорӣ бо корхонаҳои Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил шуд.
Шӯрои тиҷоратии Бритониё ва Осиё соли 2014 таъсис ёфта, имрӯз беш аз 300 соҳибкории хурду миёнаро муттаҳид мекунад. Ба барқарор намудан ва инкишоф додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо мамлакатҳои Осиё ва Африқо тахассус дорад.
АИ «Дунё»,
ЛОНДОН