БАРРАСИИ ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИИ ХАЛҚҲОИ ӮЗБЕКУ ТОҶИК

Вохӯрии вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон - Тоҷикистон» Шавкат Ҳамроев ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо Содиқ Имомӣ ба амал омад.

Халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дӯстӣ ва некҳамсоягии бисёрасрина, маданияти муштарак, урфу одат ва анъанаҳо ба ҳамдигар пайванд месозанд.
Ба туфайли мулоқоти мустақим ва мунтазам, робитаи наздик ва боварбахше, ки байни роҳбарони мамлакатҳои мо ба вуҷуд омадааст, тӯли солҳои охир дар рушди муносибатҳои дуҷониба тағйиротҳои калони мусбат ба мушоҳида мерасанд. Муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба дараҷаи ҳамкории стратегӣ бардошта шуд. Бо назардошти манфиатҳои ин халқҳои бародар имкони ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои дуҷонибаи тамоми соҳаҳо фароҳам омад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои  ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон–Тоҷикистон» алоқаманд муҳокима  шуданд. Хусусан, оид ба минбаъд мустаҳкам кардани алоқаҳои дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик, дар ин бобат гузарондани чорабинӣ, вохӯриҳои маданиву маърифатӣ, ба роҳ мондани мулоқотҳо бо аҳолӣ, роҳандозии ҳамкории ҷамъияти дӯстӣ бо воситаҳои ахбори оммавии ҳарду мамлакат мубодилаи афкор ба амал омад.

Хидмати матбуоти Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: