БАРРАСИВУ ҲАЛЛИ МУРОҶИАТҲО БОЯД СТРАТЕГИЯИ ХУДРО ДОШТА БОШАД

Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов дар ноҳияи Пастдарғам бобати масъалаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия маҷлис баргузор кард.

Гуфта шуд, ки ҳар як роҳбар ва мутасаддӣ мувофиқи сиёсати имрӯза ҳангоми баррасиву ҳалли муроҷиатҳо бояд стратегияи худро дошта бошад. Зеро муаммое, ки имрӯз ҳал нашуд, фардо аз пайи худ муаммоҳои дигареро меоварад. 
Дар маҷлис риоя ба Қонун «Дар бораи муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ» таҳлил гардид. Маълум шуд, ки ҳокимият ва дигар идораҳои ноҳия беш аз 100 муроҷиатро саривақт наомӯхтаанд. 
Аз рӯйи барномаи махсус дар ноҳия бояд 820 шуъбаи хидматрасонии сайёр ташкил ёбад, вале то 14-уми феврал ҳамагӣ 23-то шуъба ба кор оғоз кардааст. Дар маҳаллаҳо ташкили шуъбаҳои зарурии хидматрасониҳои сайёр умуман иҷро нашудааст.
Аз рӯйи мантиқ нигоҳ андозем, дар ҳар сурат масъулон дар ин вазъият бояд фидокорӣ кунанд. Зеро пайдо нашудани хоҳишмандон барои ташкили хидматрасониҳои сайёр натиҷаи тарғиб нашудани имконияту имтиёзҳо, ба мардум фаҳмонда нашудани фоидаи он мебошад. Агар баръакс бошад, дар ин сурат низ мумкин аст, ки ба он ҳамчун беҳавсалагии мутасаддиён баҳо дода шавад. Яъне, азбаски халқ сабадчаи истеъмолии худро наметавонад пур кунад, ба ин гуна хидматрасониҳо низ талаб надорад. Ин дар навбати худ пайомади ташкил нашудани ҷойҳои нави корӣ, дар ноҳия амалӣ нашудани ислоҳоти афзоиши даромади аҳолӣ аст.
Барномаи ҷалби 4587 нафар аҳолӣ ба корҳои доимӣ, мавсимӣ ва якрӯза 54 дарсад иҷро шудааст. Дар 10 самт нақшаҳо умуман иҷро нашудаанд.
Дар давоми маҷлис аз мутасаддиён сабаби ин ҳолатҳо пурсида шуд, вазъият ба таври ҷиддӣ таҳлил гардид ва масъулон вазифаҳои муддатнок гирифтанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: