Ҷараёни тайёрӣ ба интихобот дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар идома дорад.
Дар ҷойҳо бо мақсади дар доираи талаботи демократӣ ва ошкороӣ гузарондани он тарғиботу ташвиқот бурда мешавад. Чунонки пештар зикр гардида буд, моҳонаи тарғиби интихобот то 20 ноябр идома меёбад.
Дар Маркази байналхалқии матбуот маҷлиси навбатии Комиссияи марказии интихобот баргузор шуд. Дар он аъзои Комиссияи марказии интихобот, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ширкат варзиданд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри Тошканд бинобар баргузор кардани интихоботи депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис 12 ҳавзаи интихобот, интихоботи депутати шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Тошканд – 60, интихоботи депутатҳои шӯроҳои ноҳия бошад, 327 ҳавзаи интихобот ташкил карда шудааст. Бинобар қарори Комиссияи марказии интихобот 53 ҳавзаи интихоботие, ки дар ваколатхонаҳои дипломатӣ ва идораҳои консулии Ӯзбекистон дар мамолики хориҷӣ ташкил гардидаанд, ба 12 ҳавзаи интихоботие, ки бинобар интихоботи депутати Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд роҳандозӣ шудааст, вобаста мебошад.
Дар давоми омӯзиш маълум шуд, ки дар биноҳои комиссияҳои интихоботии ҳавзаи мазкур то ҳол алоқаи интернет мавҷуд нест, дар 46 биное, ки барои комиссияҳои қитъаҳои интихобот ҷудо карда шудаанд, корҳои таъмир бурда мешавад, барои онҳо бинои алоҳида ҷудо кардан зарур аст, аъзои комиссия дар машғулиятҳои хониш бинобар низоми ахбори идоракунии ҷараёни интихобот ширкат намеварзанд.
То имрӯз ба ғайр аз ноҳияҳои Сергели, Учтеппа ва Яшнобод қарорҳои сессияҳои шӯроҳои депутатҳои халқи ноҳияҳои дигар ҳанӯз ба комиссияҳои ҳавзаи интихобот пурра тақдим карда нашудааст. Ин ҳолатҳо тақозо мекунанд, ки барои комиссияҳои интихобот шароити кофӣ муҳайё карда, комиссияҳои қитъаҳои интихобот роҳандозӣ гардад, рӯйихати интихобкунандагонро тартиб дода, ташаккул додани рӯйихати ягонаи электронӣ дар муддати кӯтоҳ амалӣ карда шавад.
КМИ дар тамоми ҳудуди мамлакат бинобар ҷорӣ кардани Низоми ахбори идоракунии ҷараёни интихобот ва истифода аз Рӯйихати ягонаи электронии интихобкунандагон (РЯЭИ) раҳбарии умумӣ ва мувофиқкунониро дар амал татбиқ мекунад.
Таъкид шуд, ки дар асоси РЯЭИ бинобар идоракунии ҷараёни интихобот низоми ахбор (НАИҶИ) ташкил карда шуд. Ҳамдиёрони мо рӯзи овоздиҳӣ дар интихобот ба операторҳои НАИҶИ муроҷиат мекунанд ва бюллетени интихоботро гирифта, дар кабинаи овоздиҳӣ номзади худро дастгирӣ менамоянд. Дар натиҷаи он дар як вақт рӯйихати пурраи иштироккунандагони интихобот ба тарзи автоматӣ ташкил карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки якчанд маротиба овоз додан ё аз номи ҳамаи аъзои оила овоз додани як нафар пешгирӣ карда шавад.
Дар бобати ташвиқоти пешазинтихоботӣ низ дар маҷлис сухан рафт. Таъкид шуд, ки ташвиқоти мазкур эътиборан аз пагоҳи рӯзи охире, ки барои рӯйихатгирии номзадҳо муайян шудааст, шурӯъ мегардад. Рӯзи интихобот ва як рӯз пеш аз овоздиҳӣ ба ташвиқот роҳ дода намешавад.
Дар маҷлис ҳамчунин, натиҷаҳои омӯзиши ҳуҷҷатҳои номзадҳое, ки ба депутатӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ тақдим гардидаанд, низ эълон гардид. Бинобар натиҷаҳои санҷиш ҳангоми расмикунонии ҳуҷҷатҳои номзадҳо баъзе ҳолатҳои ба меъёрҳои Кодекси интихобот номутобиқ ё номувофиқиҳо муайян шуданд. Барои бартараф кардани чунин ҳолатҳо ду рӯз муддат дода шудааст, ки пас аз ислоҳ даровардан ба Комиссияи марказии интихобот тақдим карда метавонанд. Агар дар муддати мазкур ҳуҷҷатҳо ислоҳ гардида, ба КМИ тақдим карда нашаванд, ин номзадҳо ба сифати номзад ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба рӯйихат гирифта намешаванд.
Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».