БАРТАРИИ НИЗОМИ НАВ

Дар Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти сарварии Сарвазир А. Арипов бахшида ба муташаккилона ташкил кардани ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2018-ум ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Дар он роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони ташкилотҳои дахлдор иштирок карданд.
Соли ҷорӣ ба муташаккилона ташкил кардани ҷамъоварии ҳосили пахта, таъмин кардани манфиатдории моддии пахтачинон ва мустаҳкам кардани ҳолати молиявии хоҷагиҳои пахтакорӣ эътибори алоҳида дода мешавад.
Қаблан дар мавсими пахта ба ҷамъоварандагони пахта муносиб ҳақ дода намешуд. Барои хӯрду хӯрок ва зист пурра шароит фароҳам оварда намешуд. Соли ҷорӣ ба чунин камбудиву хатогиҳо роҳ дода намешавад. Ба онҳое, ки пахта мечинанд, муносиб ҳақ дода мешавад. Ба онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.
Бино бар маълумотҳо барои як тонна пахтаи бо мошин чидашуда 400 ҳазор сӯм ҳаққи хидмат пардохта мешавад. Барои пахтаи бо даст чидашуда дар зинаи якум то 60 фоиз иҷро шудани ӯҳдадории шартномаи контрактатсия 650 сӯм, дар зинаи дуюм аз 60 то 80 фоиз иҷро шудани он 850 сӯм, дар зинаи сеюм аз 80 фоиз гузаштани он 1000 сӯм ҳаққи меҳнат пардохта мешавад.
Баробари он дар вилоятҳои Ҷиззах, Сирдарё ва Тошканд, ноҳияҳои Косон, Муборак, Нишон, Касбии вилояти Қашқадарё, ноҳияҳои Қизириқ ва Музработи вилояти Сурхондарё (ба ғайр аз ҳудудҳое, ки ташкилотҳои истеҳсоли пахтаву бофандагӣ фаъолият нишон медиҳанд) ба мақсади ба таври  иловагӣ ба ҷамъоварии пахта ҷалб намудани ҳашарчиён аз ҳисоби хазинаи аз ҷониби давлат дастгирӣ намудани хоҷагии кишоварзии назди Вазорати молия барои як килограмм пахтаи бо даст чидашуда  150 сӯм иловапулӣ, инчунин барои маҳсулоти озуқаворӣ 150 сӯм, ҳамагӣ ба миқдори 300 сӯм бо пули нақд иловапулии ҳаррӯза дода мешавад. Соли ҷорӣ аз пуле, ки барои пахтачинӣ дода мешавад, андоз ситонда намешавад. Пахтачин ҳаққи меҳнаташро пурра мегирад. Пули пахта дар ҳар панҷ рӯз, дар ҳолатҳои зарурӣ ҳар рӯз дода мешавад.
Соли ҷорӣ барои ҷамъоварии пахта беш аз 26 ҳазор отряди пахтачинӣ ташкил карда, зиёда аз 2 миллион ҳашарчӣ ҷалб карда мешавад. Одами дилхоҳ ба таври ихтиёрӣ ба таътили меҳнатӣ баромада, метавонад дар мавсими ҷамъоварии пахта иштирок намояд. Дар ин бобат вай ба отряди маълуми пахтачинӣ вобаста карда шуда, бо ӯ шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонда мешавад ва имкони пурра гирифтани ҳаққи меҳнатро ба даст меорад.
Ба хоҷагиҳои фермерие, ки супоришотро аз миқдори дар шартномаҳои контраксияи барои эҳтиёҷоти давлатӣ муайяншуда барзиёд иҷро намудаанд, ба нархи хариди ашёи хоми пахта ба миқдори 15 фоиз иловапулӣ дода мешавад.
Таъкид гардид, ки ба пахтачинӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба 18 пур нашудаанд, хонандагон ва омӯзгорони мактабҳои таълими ҳамагонӣ ё муассисаҳои таълими дигар, кормандони тиб қатъӣ манъ карда мешавад. Инчунин, ба ҳолатҳои маҷбурӣ ба пахтачинӣ баровардани аҳолӣ роҳ дода намешавад. Дар вазъи ба назар расидани ин ҳолатҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бо хӯроки нисфирӯзӣ, оби ошомиданӣ таъмин намудан ва ба майдони пахта бурдану овардани ҷамъоварандагони пахта ба зиммаи хоҷагиҳои фермерӣ гузошта шудааст.
Дар мавсими пахтачинӣ аз Девони Вазирон намояндагон вобаста карда шуда, онҳо ба ҳудудҳои маълум фиристода мешаванд. Намояндаи мазкур шароити меҳнатро назорат карда, маслиҳатҳои услубӣ медиҳад, сари вақт ва шаффоф иҷро гардидани вазифаҳоро меомӯзад. Кормандони аз ҷониби прокуратура вобаста кардашуда бино бар пешгирӣ намудани меҳнати маҷбурӣ, ҳимоя намудани манфиати фермерону пахтачинон корҳоро амалӣ менамоянд.
Сарвазир таъкид намуд, ки бобати низомнок ва муташаккилона амалӣ намудани корҳо, тағйир додани шууру муносибати одамон, дар ҳолатҳои вайрон карда шудани тартибот ба зудӣ маълумот додан воситаҳои ахбори оммавӣ ёрдамчиёни ҳақиқӣ гарданд.

Нурилло НАСРИЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: