Тибқи қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани сохтори маблағгузорӣ барои парвариши маҳсулоти хоҷагии деҳот ва хариди онҳо» аз 27 апрели соли 2022, низоми коркарди маҳсулоти хушсифат дар хоҷагиҳои боғдорӣ ва гармхонаҳо, таъмини пайгиронаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии деҳот бо захираҳои моддӣ, ҳамчунин, хариди кафолатнокии маҳсулоти парваришкарда ба вуҷуд омад.
Дар баробари ин, тибқи қарори мазкур барои дастгирии соҳаи меваю сабзавоти вазоратҳои хоҷагии деҳот, молия ва Агентии рушди хоҷагиҳои боғдорию гармхона дар муддати 12 моҳ ба Бунёди рушди хоҷагиҳои боғдорию гармхона аз он ҷумла, дар давраи 11 моҳи имтиёзнок ссудаи буҷет ба миқдори 300 млрд. сӯм дар 10 фоизи ставкаи солона ҷудо кардани маблағ пешбинӣ шудааст.
Аз ҳисоби ссудаи буҷет ба корхонаҳои хоҷагии деҳот – захираҳои моддию техникие, ки барои парвариши мева, ангур, сабзавот, гул, кабудиву гиёҳҳои шифобахш, ҷуворимаккаи донӣ ва лубиёгиҳо мисли тухмию кӯчат, хидматгузории хоҷагии деҳот, нигоҳдорандаву содиркунандагони маҳсулот, аз ҷумла, ба корхонаи воҳиди давлатии «Агросервис оператор» – барои хариди маҳсулоти парваришнамудаи хоҷагии деҳот ва сарпур кардани маблағи даргардишбуда ҷудо кардани вом ба миқдори 14 фоизи ставка пешбинӣ шудааст.
Ба корхонаҳои хоҷагии деҳот расондани захираҳои моддию техникӣ, аз он ҷумла, тухмию кӯчатҳое, ки барои парвариши зироати хоҷагии деҳот заруранд, вазифаи хидматрасонӣ ба зиммаи «Агросервис оператор»-и назди Вазорати хоҷагии деҳот гузошта шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки расондани захираҳои моддию техникӣ ва тухмию кӯчатҳое, ки барои парвариши маҳсулоти хоҷагии деҳот заруранд, тибқи шартномаи вомии хидматрасонии хоҷагии деҳот ба корхонаҳои хоҷагии деҳот дар муддати то давраи вегетатсия дар 14 фоизи ставкаи солона ба амал татбиқ карда мешавад.
Захираҳои моддию техникӣ, аз он ҷумла тухмию кӯчат, ҳамчунин, хидматҳои хоҷагии деҳот аз ҷониби корхонаи «Агросервис оператор» тавассути харид аз биржаҳои тиҷоратӣ ё бино ба интихоби беҳтарин пешниҳодҳои интиқолдиҳанда расонда мешавад.
Ба парваришкунандагони маҳсулоти хоҷагии деҳот, азнавкоркунандагон, нигоҳдоранда ва содиркунандагон (аз ин «Агросервис оператор» мустасно) маблағи қарз, пас аз пешниҳоди суғуртаи хатар, ҷудо карда мешавад.
Бино ба маблағгузорӣ ба парвариши маҳсулоти хоҷагии деҳот ва мутобиқгардонандаи корҳои хариди онҳо комиссия созмон дода шуд. Тибқи қарор ба зиммаи комиссияи мазкур вазифаи ворид намудани таклифҳо доир ба захираҳои моддии техникӣ, аз он ҷумла, тухмию кӯчатҳое, ки барои парвариши маҳсулоти хоҷагии деҳот заруранд, ҳамчунин, муайян намудани самтҳои маблағи қарз ва лоиҳаҳо хидматрасонии хоҷагии деҳот, интихоби хидматгузорон ва интиқолдиҳандагони амволе, ки аз ҷониби «Агросервис оператор» харидорӣ мешаванд, ташкили мониторинги пайгирона аз болои истифодаи босамар ва манзилноки қарз аз ҷониби ин корхона, инчунин ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ ба хидмати хоҷагии деҳот дар асоси шартномаи шарикии давлатию хусусӣ, ҳаллу фасли мушкилоте, ки дар ҷараёни парвариши маҳсулоти хоҷагии деҳот, маблағгузорӣ ва хариди маҳсулот ба миён меоянд, гузошта шудааст.
Вазорати хоҷагии деҳот якҷо бо Вазорати адлия ба зиммаи Шӯрои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони замин ва Агентии боғдорӣ вазифа гузошт, ки дар тӯли ду ҳафта, тавре ки дар қарор пешбинӣ шудааст, доир ба ҷудо кардани маблағи қарз шартномаҳои намунавиро ташаккул диҳанд, якҷо бо раиси Шӯрои Вазирони Қароқалпоқистон, ҳокимони вилояту ноҳия (шаҳр)-ҳо ба маҳалҳо тухмиҳои серҳосил ва навъҳои кӯчат, воситаҳои ҳифзи растанӣ ва поруҳоро бирасонанд, оиди баргузории ярмаркаҳо ва дар майдонҳо ҷобаҷокунии воситаҳои кишткунанда тибқи тамоюли як контур – як маҳсулот ва бино ба ташкили шартномаҳо оиди хариди кафолатноки маҳсулоти хоҷагии деҳот чораҳо андешанд.
Бародар РАҲИМОВ,
ҳуқуқшинос.