БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ — КОРИ МУҲИМУ МАСЪУЛИЯТНОК

Дар конфронсе, ки бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи “Маҳалла ва оила”-и назди Вазорати пуштибонӣ аз маҳалла ва оила дар ҳамкорӣ бо Хазинаи аҳолишиносии СММ (ЮНФПА) дар масъалаи барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор гардид, намояндагони барномаҳои мухталифи СММ, Бонки ҷаҳонӣ, инчунин олимон, коршиносон ва мутахассисони аҳолишиносии Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Белорус, Украина, Венгрия, ИМА, Гурҷистон, Полша, Чехия, Туркманистон ва мамолики дигар ширкат карданд.

Дар конфронсе, ки бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи “Маҳалла ва оила”-и назди Вазорати пуштибонӣ аз маҳалла ва оила дар ҳамкорӣ бо Хазинаи аҳолишиносии СММ (ЮНФПА) дар масъалаи барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор гардид, намояндагони барномаҳои мухталифи СММ, Бонки ҷаҳонӣ, инчунин  олимон, коршиносон ва мутахассисони аҳолишиносии Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Белорус, Украина, Венгрия, ИМА, Гурҷистон, Полша, Чехия, Туркманистон ва мамолики дигар ширкат карданд. 
 Маълум шуд, ки дар ҳар як кишвар ба ин масъала ба таври хос бархурд сурат мегирад ва роҳҳои гуногуни анҷоми он ҷустуҷӯ мешавад. Барои ҳамин масъалаи зеринро иштирокчиёни он дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор доданд. Он таҳти унвони “Роҳҳои истифодабарии маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ баҳри ҳадафҳои рушди устувор” ба вуқӯъ пайваст. 
“Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2022”  фармони Президенти мамлакат содир шудааст. Бар асоси он Девони Вазирон низ қарори вижаеро қабул кард ва 1-25 ноябри соли 2023 маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад.
 Акнун бори нахуст дар солҳои касби истиқлол доир ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ иқдоми ҷиддӣ сурат мегирад, то ки ин чорабинии басо муҳиму сиёсӣ муваффақона ба фарҷом расонида шавад.  Дар ин консепсия тазаккур ёфтааст, ки дар бораи шумори мардум маълумотҳои эътимоднок заруранд ва мушаххас намудани теъдоди аҳолии мамлакат аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хеле муҳим хоҳад буд.
– Барӯйхатгирии аҳолӣ барои Ӯзбекистон аз ҳар нигоҳ аҳамияти муҳимро касб менамояд. Баъди анҷоми он банақшагирии инфрасохторҳои иҷтимоӣ, беҳтаршавии дараҷаи хидматрасонӣ, қонеъ намудани эҳтиёҷоти гурӯҳҳо ва ҳудудҳои ҷуғрофии заиф, кор карда баромадани сиёсати боэътимод ва амсоли он хеле осон мегардад, – гуфт раиси Кумитаи занону баробарии ҷинсии Сенат Малика Қодирхонова.
 Вай афзуд, ки тайёр ва нашр намудани натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, тарҳрезии салоҳияти марказҳои таҳлилӣ ва ривоҷ додани он аз қадамҳои муҳим дар ин ҷода маҳсуб меёбанд. 
 1-25 ноябри соли равон дар ноҳияи Хӯҷаободи вилояти Андиҷон, ноҳияи Юқоричирчиқи вилояти Тошканд, шаҳри Хива ва ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд ба таври таҷрибавӣ маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор мегардад.
Бори охир соли 1989 барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шудааст ва он ба давраи шӯравӣ рост меояд. Дар конфронс аз рӯи тақрибан 40 тақдимот маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуданд ва масъалаҳои баёнгардида мавриди муҳокимарониҳо қарор гирифтанд.
 Ирина Збарская – намояндаи садорати омори ИДМ гуфт, ки барӯйхатгирии аҳолӣ як қисми таркибии низоми миллии омор мебошад. Гузашта аз ин, он манбаи асосии ахбори дақиқ дар бораи аҳолӣ маҳсуб меёбад.
  Ба гуфтаи ӯ дар ин ҷараёни кор ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ бояд фаъолона иштирок кунанд. Ҷойгоҳи воситаҳои ахбори умум дар инъикоси мавзӯъҳои марбут ба рӯйхатгирии аҳолӣ алоҳида хоҳад буд.
– Ҳаминро илова мекунам, ки 10 июни соли 2015 СММ қатъномаи “Барӯйхатгирии аҳолии ҷаҳон ва хонаву ҷой-2020”-ро қабул кардааст ва тақозо намудааст, ки аз соли 2015 то соли 2024 ҳадди ақалл як маротиба рӯйхати аҳолӣ ва хонаву ҷойро гузаронанд, – иброз дошт Збарская.
Томас Шпуренберг – мутахассиси шуъбаи пешгӯикунии аҳолии садорати корҳои иқтисодӣ-иҷтимоии СММ (ЮНДЭСА), ки дар конфронс аз тариқи онлайн ширкат намуд, гуфт, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими барӯйхатгирии аҳолӣ муқоиса мебошад.
– Ин ба он маънӣ мебошад, ки маълумотҳои худро бо маълумотҳои беруна муқоиса кардан лозим аст. Ба таври мисол, муқоисаи теъдоди таваллуд ва нобудшавии кӯдакон нишон медиҳад, ки дар ин росто ҳолат чӣ гуна аст, – мегӯяд Томас Шпуренберг.  
 Ноиб-директори Пажӯҳишгоҳи “Маҳалла ва оила” Ҳамид Абдураҳмонов таваҷҷӯҳи иштирокчиёни ин чорабиниро ба он ҷалб намуд, ки дар Ӯзбекистон консепсияи ривоҷи таълим то соли 30-юм се намудро мадди назар гирифтааст: таълими томактабӣ, ҳамагонӣ ва олӣ. 
– Вақти он расидааст, ки ба никоҳҳои зӯракӣ хотима диҳем. Дар айни ҳол ҷиҳати пешгирӣ намудани никоҳҳои пеш аз мӯҳлат дастовардҳои мо қобили мулоҳиза мебошанд. Инро рақамҳо низ тасдиқ менамоянд. Қайди никоҳҳои барвақт ба 97 фоиз коҳиш ёфтааст ва ин нишондиҳандаи хеле баланд мебошад, – изҳор намуд Ҳамид Абдураҳмонов.
 Дар ҷараёни конфронси Тошканд Януш Дегачевич (Полша), ки ба тариқи онлайн ширкат намуд, чунин гуфт: 
– Дар мамлакати мо 1 апрел – 30 сентябри соли равон маъракаи барӯйхатгирӣ гузаронида шуд. Ба далели пахши коронавирус мо бештари корро ба воситаи телефон, компутери ба телефон пайвастшуда, почтаи электронӣ ва онлайн анҷом додем. Агар дар маъракаи барӯйхатгирии гузашта 12 фоиз ширкат карда бошанд, ин бор 54 дарсади аҳолӣ дар он фаъолона иштирок карданд. Маълумотҳои зиёд гирдоварӣ карда шуданд. Нисбати барӯйхатгирии пешин 50 миллион евро маблағ сарфа гардид.

Манижа БАҲРИЕВА,
котиби матбуоти
Пажӯҳишгоҳи “Маҳалла ва оила”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: