БАРВАҚТ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ҶИНОЯТ – МАҚСАДИ АСОСИИ МО

Дар Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади васеи муштараки Шӯроҳои Палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад.

Дар Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади васеи муштараки Шӯроҳои Палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад.
Дар ҷамъомад, ки дар шакли видеоселекторӣ гузашт, узви Шӯроҳои палатаҳои Олий Маҷлис, роҳбарони Комиссияҳои ҷумҳурӣ оид ба барвақт пешгирӣ кардани ҷиноят ва мубориза бар зидди қонуншиканиҳо дар маҳалҳо ва гурӯҳҳои кории минтақавӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора дар маҳалҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Раиси Сенати Олий Маҷлис Н.Йӯлдошев таъкид намуд, ки ба туфайли саъю ҳаракати амалие, ки барои таъмин кардани волоияти қонун ва адолат андешида мешаванд, Ӯзбекистон на танҳо барои тамоми минтақа, балки барои ҷаҳон дар қиёфаи комилан нав, ба сифати давлати ҳақи-қатан демократӣ боз мегардад. Имрӯз халқи сермиллатаи мо дар муҳити дӯстӣ ва ризоият, бунёдкорӣ бо ҳисси боварӣ ба фардо ва шукргузорӣ барои ҳаёти ҳозираи осоишта меҳнат мекунанд. Чунки омили асосии ҳаёти хушбахтона сулҳу осоиш мебошад. Зеро, танҳо дар мамлакате, ки сулҳу осоиш ҳукм мефармояд, мардум хушбахт, некӯҳол ва фаровон зиндагӣ мекунад.
Дар доираи рӯзномаи чорабинӣ, ки бо мақсади таъмин кардани иҷрои супоришоти сарвари давлатамон, ки дар рафти ҷамъомади видеоселектории бахшида ба ҳолати ҷории корҳо бино бар барвақт пешгирӣ намудани ҷиноят ва барҳам додани камбудиҳо 27 июли соли 2018 садо доданд, камбудиҳое, ки дар тӯли ҳафт моҳи гузаштаи соли ҷорӣ роҳ дода шудаанд, инчунин вазифаҳои минбаъда дар кор бино бар барвақт пешгирӣ намудани ҷиноят ва мубориза бо қонуншиканиҳо, қоида ва тартиби ҷорӣ кардани низоми «Ҳақиқати ҷиноят ва адолат» баррасӣ гардиданд.
Дар чорабинӣ, ки дар рӯҳи танқиди амалӣ гузашт, таъкид гардид, ки дар давраи кӯтоҳ сохтори мақомоти корҳои дохилӣ пурра нав карда шуда, беш аз 80 ҳуҷҷати меъёрӣ, ки ба такмил додани он нигаронда шудааст, қабул гардиданд.
Масалан, агар пештар 60 фоизи кормандон дар раёсатҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ҳамагӣ 40 фоизашон дар маҳалҳо кор карда бошанд, имрӯз дар дастгоҳҳо танҳо 35 фоизи кормандон боқӣ монда, 65 фоизашон ба маҳаллаҳо, ҷойҳои ба аҳолӣ наздик фиристода шуданд. Дар натиҷа дар соли 2017 миқдори ҷиноят нисбат ба соли 2016 ба 13 720 ё ки 16 фоиз, дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ – 13 599 ё ки 39 фоиз кам гардид.
Аммо сарфи назар корҳои васеъмиқёси амалишуда ва натиҷаҳои муайяни ба дастомада дигаргуниҳои вазъияти криминогении мамлакат ба дараҷаи бояду шояд намебошанд. Сабаб дар он аст, ки ба ҷои зоҳир намудани сабабу шартҳое, ки ба содир намудани ҷиноят мусоидат менамоянд, бештар бобати бартараф намудани оқибатҳои он кор бурда мешаванд, дар соҳаи мубориза бар зидди ҷиноят ҳанӯз аз услуби кӯҳнаи кор даст накашидаанд.
Зиёд гардидани миқдори баъзе намудҳои ҷинояти самти ҷиноиву ҷустуҷӯӣ ташвишовар аст. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Андиҷон, Сурхондарё, Тошканд, Фарғона, Ҷиззах ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон зиёд гардидани миқдори куштори барқасд, ҳолатҳои расондани ҷароҳати вазнин, дуздӣ, рабудани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.
Куштор дар бисёр ҳолатҳо дар натиҷаи мушкилоти муносибатҳои оилавӣ ё ки низоъҳои байни ҳамсояҳо содир мегарданд. Дар тӯли ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз 277 ҷинояти қотилӣ 116-тояшон бо иштироки хешу ақрабо, 25 – ҳамсояҳо, 95 – зану шавҳар, бародарон, падару писар, ки барои анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои оилавии мо зид мебошанд, содир гардиданд.
Ба ин муносибат дар рафти ҷамъомад тавзеъҳоти роҳбарон, ки барои корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оиди барвақт пешгирӣ намудани ҷиноят дар маҳалҳо масъул мебошанд, шунида шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ П.Бобоҷонов дар бораи камбудиҳои соҳа, корҳо бобати барҳам додани онҳо ахбор дод.
– Мутаассифона, маълум мегардад, ки дар ҳар як сектори вилоят ва ноҳияҳо нозирони профилактика бо ташкилотҳои ҷамъиятии ҳудудҳо, маҳаллаҳо, иттиҳоди ҷавонон, кумитаи занон, фаъолон, ҷомеаи васеъ ҳамкорӣ намекунанд ва дар натиҷа дар ин самт ба як қатор камбудиҳо роҳ медиҳанд, – таъкид намуд вазири корҳои дохилӣ П.Бобоҷонов. – Агар инспекторони профилактика ва фаъолони маҳалла моҳияти масъаларо амиқ дарк намуда, кор кунанд, тайёриро ба дараҷаи зарурӣ ба роҳ мемонданд, пешгирии мушкилоту ҷиноятҳои дар боло зикршуда имконпазир мегардид. Кор дар низоми нав таҳти шиори «Ҳақиқати ҷиноят ва адолат» бояд мақсади асосии ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ гардад. Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки агар аъзои сектори дар ҳар як минтақа созмондодашуда фаъол кор кунанд, хона ба хона гашта мушкилотро омӯзанд, тамоми ҳолатҳои ногувор ва ҷиноятро пешгирӣ карда метавонанд.
Таъкид гардид, ки барои барвақт пешгирӣ намудани ҷиноят дар мамлакат натанҳо мақомоти давлатӣ, балки ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи васеъ, тамоми шаҳрвандон масъул мебошанд. Аз ҷумла, аз сабаби дуруст ба роҳ монда нашудани фаъолияти Кенгаши ҷумҳуриявӣ оид ба мутобиқсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон ва сохторҳои он қариб дар 60 фоизи маҳаллаҳо ҷиноят содир гардиданд. Дар корҳои амалишуда муттасилӣ намерасад, ки фактҳои такроран содир гардидани бисёр ҷиноят аз ин далолат медиҳад. Бо назардошти ин барои минбаъд такмил додани фаъолият бино бар барвақт пешгирӣ намудани ҷиноят, баланд бардоштани масъулияти роҳбарон ва кормандони тамоми сохторҳои дахлдор як қатор таклифу тавсияҳои аниқ садо доданд.
Раиси Шӯрои маҳаллии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Қ.Қуронбоев дар бораи корҳое, ки дар айни ҳол бино бар пешгирии ҷинояти байни ҷавонон амалӣ мегарданд, маълумот дод.
– Агар ҳар яки мо барои пешгирӣ намудани ақаллан як ҷиноят саъй намоем, дараҷаи ҷиноят коҳиш меёфт,– таъкид намуд Қ.Қуронбоев. – Вақте ки мо дар маҳалҳо бо ҷавонон суҳбат оростем, маълум шуд, ки намояндагони ҷамоатҳои шаҳрвандон, муовинони онҳо оид ба масъалаҳои ҷавонон, муовини ҳокими ноҳия оид ба масъалаҳои ҷавонон оиди усулҳои самарабахш мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тасаввурот надоранд. Барои чӣ ҷавонон ҷиноят содир мекунанд? Барои он ки ҷавонон рӯҳан аз ӯҳдаи мушкилоти ҳаётӣ баромада наметавонанд. Ба ин мақсадҳо мо бо иштироки психологҳо, педагогҳо, ки бо масъалаҳои ҷавонон шуғл меварзанд, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ семинарҳо гузарондем. Мо ба мутахассисон дар бораи ҷиноятҳои мухталиф ва сабабҳои содир гардидани онҳо филмҳо намоиш медиҳем. Онҳо  ба маҳалҳо баромада, сабабҳои содир гардидани ҷиноят, аз он ҷумла, бекориро меомӯзанд. Масалан, дар вилояти Сурхондарё кор бобати пурмазмун ташкил кардани вақти холии ҷавонон барои расмият гузаронда мешавад. Ҳангоми мулоқот бо ҷавононе, ки дар маҳбаси Шеробод қарор доранд, маълум гардид, ки маҳз бекорӣ боиси ҷиноятҳои зиёд гардидааст. Агар мо ҷавононро рӯҳан тарбия намоем, маънавияти онҳоро баланд бардорем, онҳоро бо кор таъмин кунем, ба фикрам миқдори ҷиноят якбора кам мегардад.
Дар ҷамъомад ахбори раиси раёсати Кенгаши ҷумҳуриявӣ оид ба мутобиқсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон, вазирони таълими халқ, маълумоти олӣ ва миёнаи махсус ва роҳбарони дигар дар бораи камбудиҳо ва чораҳо оид ба пешгирӣ намудани ҷиноят шунида шуд.
Дар ҷамъомад инчунин таъкид гардид, ки аксарияти ҷиноят дар натиҷаи истеъмол намудани нӯшокиҳои алкоголӣ содир мегарданд. Дар мамлакатҳои хориҷ фурӯши маҳсулоти алкоголӣ баъд аз соати 21.00 манъ шудааст, бояд ин таҷрибаро дар мамлакатамон ҷорӣ намуд. 
Инчунин иштирокдорони ҷамъомад нисбати зарурати амалӣ намудани назорати депутатӣ ва ҷамъиятӣ бобати татбиқи Барномаи давлатии «Yoshlar – kelajagimiz», ба роҳ мондани таҷрибаи ба таври доимӣ дар парлумон ва Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ шунидани ҳисоботи роҳбарони барои иҷрои барномаи мазкур масъул фикру ақидаи худро изҳор намуданд.
Бино бар муҳокимаи амалӣ дар ҷамъомад қарори муштараки Шӯроҳои палатаҳои Олий Маҷлис қабул гардида, иҷрои онҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта мешавад.

Д.СУННАТОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: