Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо ташаббуси Вазорати адлия бобати ба роҳ мондани иҷрои Фармони Президент «Дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи моликият нисбати қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва биною иншооти дар онҳо сохташуда» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбарони вазорат ба иштирокдорони чорабинӣ доир ба тартиби мушаххаси қонунигардонии манзилҳои бидуни ҳуҷҷат бунёдшуда, эътироф кардани ҳуқуқ ба заминҳои худсарона ишғолгардида ва амволи ғайриманқули дар онҳо бунёдшуда маълумоти муфассал доданд.
Дар анҷумани матбуотӣ муовини вазир Алишер Каримов таъкид кард, ки моҳи августи соли ҷорӣ қонуни таърихӣ, ки онро миллионҳо шаҳрвандон солҳо интизор буданд, ба имзо расид. Ин қонун аз 8 ноябри соли равон мавриди истифода қарор гирифт. Айни замон кормандони Агентии кадастр бар асоси ҷадвали тасдиқшуда барои солҳои 2024-2025 ба тадқиқи маҳалҳо шурӯъ карданд. Яъне, тибқи маълумоти агентӣ, моҳҳои ноябр-декабри соли ҷорӣ дар 901 маҳал ва соли 2025 дар 2980 маҳал корҳои бақайдгирӣ анҷом дода мешаванд. Баъдтар, солҳои 2026-2027 маҳалҳои боқимонда мувофиқи ҷадвал амалиётро идома медиҳанд.
Имрӯзҳо барои таъмини бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ва молу мулки ғайриманқул, пешгирии худсарона азхудкунии қитъаҳои замин, назорати давлатӣ дар ошкор кардан ва барҳам додани ҳолатҳои қонуншикании вобаста ба замин низоми автоматикунонидашудаи иттилоотии «Назорати электронӣ», ки аз ҷониби Агентии кадастр таҳия шудааст, самарабахш истифода мешавад, – гуфт сардори раёсати омӯзиши истифодаи амалиёти ҳуқуқ Узакберген Ҷаксимуротов. – Бинобар ин барнома ба коғазбозии зиёдатӣ хотима дода, муҳлати пешгирии ҷиноятҳо кӯтоҳ ва суръати мубодилаи ҳуҷҷатҳои байниидоравӣ тезонида шуданд. Вай ба коршиносон имкон медиҳад, ки бо ёрии тасвирҳои кайҳонӣ вазъи заминро назорат ва саривақт ошкор кардани сохтмонҳои ғайриқонуниро муайян кунанд.
Инчунин, ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ ба сифати санҷиш тавассути планшетҳо чорабиниҳои назоратӣ гузаронида, бақайдгирии электронии қонуншиканиҳо дар ҷойи ҳодиса ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа тавассути ин дастгоҳ шахсияти вайронкунандагони қонуни вобаста ба замин мушаххас гардида, имкони дар ҷойи ҳодиса дар шакли электронӣ тартиб додани санади маъмурӣ пайдо мешавад.
Дар рафти чорабинӣ зикр гашт, ки тибқи қонун, ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва биноҳои дар онҳо сохташуда дар ҳашт ҳолат ба расмият дароварда мешаванд, ки онро бояд ҳар як корафтода донад.
Далер Азизов, хабарнигори «Овози тоҷик».