Рӯзи бузургдошти Ҷонибеки Қувноқ, ки дар мактаби санъат ва мусиқии бачаҳои ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах баргузор гардид, Парвин Холиқов китоби мӯъҷази худ – «Башорат»-ро бахшид. Китобро, ки ҳамчун нон муқаддас аст, бӯсидаву ба чашму абрӯвон молида, қабул кардам.
Зодаву парвардаи деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато Парвини Холиқ дар маҷмӯаи нахустини худ аз шеърҳо гулдастае сохта, ба диққати ҳаводорони каломи бадеъ пешкаш кардааст. Онро бо мароқи том хонда баромадам. Ҳарчанд мавзӯъҳо такрор ва обу рангҳои бадеии шеърҳо сустанд, ҷидду ҷаҳди додари азизамон қатъӣ ва қадамҳояш устувор аст. Ба ин шеърҳои навмашқонаи ӯ башорат медиҳанд ва оғози эҷодиёти ҷавонон чунин сар мешавад. Мо ҳам аз ин гуна хатокориҳо орӣ набудем.
Ҳозир дар Ӯзбекистони азизи мо хушбахтона, қалам ба даст гирифта, шоироне, ки шеърҳо менависанд, кам нестанд. Ин ҳам боиси ифтихор асту ҳам табиист: коми мардуми моро бо сухан бардоштаанд. Бигузор шоирон бисёр шаванд. Вале сафи носирон каманд. Онҳое, ки барои бачаҳо эҷод мекунанд, боз камтаранд. Эҷодкороне, ки барои бачаҳо асарҳои саҳнавӣ менависанд, умуман нестанд.
Чизе, ки аз китоби Парвини Холиқ маро аз ҳама бештар хурсанд кард, 8 шеъри барои наврасон эҷодкардаи ӯ буд. Барои калонсолон навиштан душвор аст, барои бачаҳо бошад, боз ҳам душвортар. Эҷодкорони мо аксаран ҳамчун калонсол барои бачаҳо менависанд, ки ин гуна шеърҳо мисли панду насиҳат аст ва ё ҷиҳатҳои тарбиявӣ дошта, гӯё барои хурдсолон ҳамчун раҳнамо хизмат менамояд. Шояд ин хел асарҳо ҳам лозиманд. Вале мо бояд барои бачаҳо асарҳо эҷод кунем. Калимаҳо оддиву фаҳмо, ташбеҳу истиораҳо хотирмон, мисраъҳо кӯтоҳ ва худи шеър ҳаҷман хурд бошанд, ки азёд кардани бачаҳо осон гардад. Ин гуна шеърҳое, ки чандин авлодро ба камол расондаанд, хушбахтона дар эҷодиёти адибони тоҷик, ба мисли А.Деҳотӣ, У.Раҷаб, Г.Сулаймонӣ, Н.Бақозода, Ҷ.Ҳошимӣ ва дигарон ба назар мерасанд.
Аз байни эҷодкорони куҳансоли мо Асад Гулзодаи Бухороӣ, Ҳусейн Рашидӣ бештар ба таълифи шеърҳои бачагона машғуланд. Вале солҳои охир ин кори онҳо камтар шудааст ва ё мо бехабарем.
Дар ин соҳа Маҳбуба Неъматзода пурмаҳсул кор мекунад. Баробари шеър ҳикояву афсонаҳо менависад. Ҳазлу шӯхӣ ва хандаву бозиро, ки бачаҳо дӯст медоранд, ин хусусиятҳои онҳо бараъло дар асарҳояш ҳис мегарданд. Аз ин ҷост, ки китобҳои ӯ «Таваллудат муборак», «Тӯтии сухангӯ», «Модарҷонам, модарам», «Ҳусни инсон одоб аст»-ро бачаҳо ба шавқу завқ мутолиа мекунанд.
Дилрабо Насимӣ ҳам шеърҳои зиёди самимона дорад. Маҷмӯаи нахустини ӯ – «Маро ба мактабат бар» писанди хурдтаракон гардид. Зебои Тоҳириён низ дар ин ҷода саҳмгузорӣ дорад.
Шукруллохон Вализода, Абдурасул Иброҳимзода ҳам дар ғами адабиёти бачаҳо заҳмат мекашанд ва маҷмӯаҳои шеърии худ «Хазинаи бебаҳо» ва «Ватанҷон»-ро чоп кардаанд. Дар байни ашъори онҳо шеърҳои хубу дархӯри завқу табъи хурдтаракон бисёранд.
Ҳар як эҷодкори ҷавоне, ки ба ин соҳаи адабиёт мисли Парвини Холиқ хидмат кардан мехоҳад, боиси хурсандист. Мо таманнои онро дорем, ки додари азизамон бештар ба эҷоди шеърҳои бачаҳо рӯ меорад. Барои ин шароиту имкониятҳо фарох аст. Зеро ӯ худ омӯзгор аст ва дар иҳотаи бачаҳо қарор дорад. Барои эҷод мавзӯъ намекобад ва худи бачаҳо онҳоро пешниҳод мекунанд. Бештар хондану омӯхтан сайқали маҳорат аст. Тарҷумаи асарҳо, шоирони машҳури бачаҳои ҷаҳон ба пешрафти корҳои эҷодии ӯ трамплин – нуқтаи ҷаҳиш хоҳад шуд.
Бахтиёри ҶУМЪА.