Бастаи ҳуҷҷатҳои зиёд барои рушди ҳамкории Ӯзбекистону Қатар қабул гардид

  • Бастаи ҳуҷҷатҳои зиёд барои рушди ҳамкории Ӯзбекистону Қатар қабул гардид

Дар поёни музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ маросими имзои 15 ҳуҷҷати дуҷониба, ки ба рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию башардӯстӣ ва дигар соҳаҳо нигаронда шудаанд, баргузор гардид.

Аз ҷумла, инҳо қабул шуданд:

– Созишнома байни ҳукуматҳо дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

– Созишнома байни ҳукуматҳо дар бораи худдорӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андози даромад ва амвол;

– Созишнома байни ҳукуматҳо дар бораи кумаки мутақобила дар масъалаҳои гумрукӣ;

– Созишнома байни ҳукуматҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ;

– Созишнома байни ҳукуматҳо дар бораи аз талаботи раводид озод кардани соҳибони шиносномаҳои дипломатӣ;

– Меморандум байни ҳукуматҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таълими олӣ ва тадқиқотҳои илмӣ;

– Меморандум байни ҳукуматҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;

– Меморандум дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ;

– Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ;

– Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз ва карантини растаниҳо;

– Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонон;

– Меморандум дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳри Тошканд ва шаҳри Доха.

Инчунин барномаҳои ҳамкорӣ бинобар хати вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия барои солҳои 2023-2025, инчунин Созишнома дар бораи таъсиси платформаи муштарак барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ба имзо расиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: