БАҲОИ ШОФИРКОН ВА ҶОНДОР: «ҒАЙРИҚАНОАТБАХШ»

Маълум аст, ки 24 сентябри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев бобати муҳокимаи чораю тадбирҳои иловагӣ оиди рушди соҳибкорӣ дар ҳудудҳо ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Маълум аст, ки 24 сентябри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев бобати муҳокимаи чораю тадбирҳои иловагӣ оиди рушди соҳибкорӣ дар ҳудудҳо ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад. Мувофиқи қарори сарвари давлат аз 1 майи соли 2020 низоми баҳодиҳии рейтингӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо ҷорӣ гардида буд. Бинобар ин, бори аввал натиҷаҳои иқтисодии ноҳия ва шаҳрҳо, муҳити дастгирии соҳибкорӣ, дараҷаи истифодабарӣ аз инфрасохтор ва захираҳои мавҷуда омӯхта шуд.
Мувофиқи таҳлилҳо ҳолати пешравии соҳибкорӣ дар ҳудудҳо ба «хуб», «миёна» ва «ғайриқаноатбахш» ҷудо карда шуданд. Дар ҷумҳурӣ ҷамъ 33 ҳудуд, аз ҷумла дар вилояти Бухоро ду ҳудуд: ноҳияҳои Шофиркон ва Ҷондор баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтанд. Ба қарибӣ дар сессияи шонздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Шофиркон масъалаи «Муроҷиати роҳбарони секторҳои ноҳияи Шофиркон ба аҳолӣ бинобар камбудиҳои роҳдодаашон бобати баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтани ноҳия дар рейтинги дараҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуд, инчунин дар бораи тақдимоти «харитаи роҳ» оиди вазифаҳои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори он депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, намояндагони халқи Шӯрои вилоят, ки аз ҳудуди ноҳия интихоб шудаанд, вакилони халқи Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, ҷонишинони ҳокимони вилояту ноҳия, роҳбарони идораҳои вилоятию ноҳиявӣ, мутасаддиёни соҳа, намояндагони ВАО ва ғайра иштирок карданд. Аз рӯйи масъала ҳокими ноҳия Шукрулло Ҳакимов маърӯза кард. Бояд таъкид намуд, ки вай аз моҳи феврали соли ҷорӣ ин ҷониб ҳамчун сарвари ноҳия фаъолият нишон медиҳад. Ӯ дар бораи сабабҳои объективию субъективии баҳои паст гирифтани рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия таваққуф карда, дар бораи роҳҳо ва имкониятҳои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта изҳори ақида намуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз дар ноҳия қариб 180 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. 664-то корхона, 150 хоҷагии фермерӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бо сабабҳои гуногун қариб нисфи субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият нишон намедиҳанд. Даромад ба ҳисоби миёна ба сари аҳолӣ кам аст. Ноҳия аз роҳи оҳан, дигар имкониятҳои логистикӣ дур воқеъ гаштааст. 14 ҳазор нафар сокинони ноҳия барои кор ба хориҷа рафтаанд. Дар ноҳия 17 ҳазор гектар киштзор бошад ҳам онҳое, ки расман дар ин майдонҳо кор мекунанд, камшуморанд. Бобати ба сари кас тақсим кардани моли истеъмолӣ ноҳия дар вилоят дар ҷойи аз ҳама охир аст. Мутаассифона, дар ҳудуд на ҳамаи онҳое, ки машғули коранд, ба қайд гирифта шудаанд. Ноҳияи Шофиркон аксарияти объектҳои бинокории шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо шағал таъмин месозад, вале аз 20 нуқтаи шағалборкунии ноҳия фақат 5-тоаш литсензия дорад. Роҳбари ноҳия таъкид намуд, ки баҳри ислоҳсозии чунин ҳолатҳо чораҳои зарурӣ дида мешавад. Ӯ инчунин бобати ҳамкориҳо бо корхонаи кластерии «Зарҳалтекс», ҶММ «Шоҳруд» ва ғайра ҳарф зада, ҳозиронро бовар кунонд, ки ноҳия то охири сол ба дараҷаи «миёна» расида, соли 2021 аз қатори беҳтаринҳо ҷо мегирад. Дар ҷамъомад ҳоким ва роҳбарони секторҳо аз мардуми ноҳия бинобар камбудии роҳдодашуда бахшиш пурсиданд. Онҳо ба саволҳои зиёди иштироккунандагони сессия ҷавоб гардонданд. Дар охир доир ба масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдор қабул карда шуд. 

А.АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: