БАҲОР ИНАК, БА ТАБРИКИ ТУ МЕОЯД

ҚИЁМИ ҶИЛВАИ ГУЛ

ХУСРАВ

БАҲОР ИНАК, 
БА ТАБРИКИ ТУ МЕОЯД

ҚИЁМИ ҶИЛВАИ ГУЛ
Ба парандаҳо хабар кун, ки баҳор мерасад боз,
Ба диёри офтобӣ бикунанд азми парвоз.

Ба парандаҳо хабар кун, ки замони чаҳ-чаҳ омад,
Ба дақиқаҳои шодӣ шуда боз тақвим оғоз.

Ба парандаҳо хабар кун, ки ба боли худ биёранд,
Ҳама бори меҳрубонӣ, ҳама бори файзу эъзоз.

Ба макони меҳр созам зи сари умед даъват,
Ки суруду нағмаҳоро бикунанд аз нав оғоз.

Ба парандаҳо хабар кун, шаби ҳаҷрашон саҳар шуд,
Ба қиёми ҷилваи гул бишаванд нағмапардоз.
            
ИСЁНИ БАРГҲО
Дар ишқ зард гаштан аст ирфони баргҳо,
Сад гуна имтиҳон бувад дар ҷони баргҳо.

Як қатра шабнаме, ки вақти субҳ мечакад,
Чун шеъри тозаест дар девони баргҳо.

Сармо равад, ба ибтидои сабз мерасанд,
Охир шикаста мешавад армони баргҳо.

Дар косаи нигаҳ шароби сабз медиҳанд, 
Яъне, алайҳи поиз аст исёни баргҳо.

Гар фасли дай ҳукумати сармост бардавом,
Айёми навбаҳор шуд даврони баргҳо.

Дар он даме, ки бо ғаму андӯҳ бигзарад,
Бояд, ки шуд зи таҳти дил меҳмони баргҳо.

Чун ҳар дам аз чакомаи тавҳид дам зананд,
Дар ҳолати нумӯ бувад имони баргҳо.

Борон, бибор, то дарахтон дар нумӯ шаванд,
Чашму дилу машом шуд пазмони баргҳо. 

ФАСЛИ ЛОЛАВУ НАСРИН
Баҳор инак, ба табрики ту меояд,
Ҳамеша босаодат бош!
Ҳаётат ғарқи лабханду назокат бод,
Ба бахти дил саломат бош.

Башорат медиҳад ин лаҳзаҳо борон,
Ки меояд нумӯи сабз.
Бирӯёнад зи хоки қалби инсон низ 
Худованд орзуи сабз.

Ҳамехоҳам, ба фасли лолаву насрин
Бибандад гул таманноят.
Танат бодо зи ранҷу дардҳо холӣ,
Намояд ишқ эҳёят.

БАҲОР ДАР РОҲ АСТ
Баҳор дар роҳ аст, 
Пас аз ду рӯз бо шукӯҳи тоза меояд. 
Ба ҳар диле хаёли ишқро биафзояд. 
Ва булбулон суруди миллии шукуфтанро
ба гӯшҳоямон замзама хоҳанд кард. 
Табиат аз сари нав 
бо шамими буттаҳои гул вузӯ мегирад
ва ду ракъат намози сабзро 
дар ҷонамози субҳ мехонад. 
Ва фикрҳои яхзада ҳам 
дар зеҳни одамон об мешаванд.
Акнун тамоми мавҷудоти замин 
ба фикри рӯйидан машғуланд 
ва вожаҳо озодтар нафас мегиранд. 
Ман аз гузашти вақт меандешам
ва имонам қавитар мешавад, 
ки рӯзҳои сабзи ишқ дар пешанд. 
Касе ба лаҳҷаи фариштаҳо ба гӯши ман мегуфт:
“Хусрав, баҳор дар роҳ аст”. 
Бале, баҳор бо ҳазору як навид меояд.
Ба ҳарфи нек мешавад бовар кард,
ба марзи мо,
ба зеҳни мо,
ба хонаи нигоҳи мо  
баҳори сабзтар аз умед меояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: