БАҲОР ВА ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТҲО

Дар маҳаллаи Елхони ноҳияи Давлатобод ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз таҷлил гардид.

Гузаштагони мо аз азал моҳи аввали баҳорро бо кайфият ва эътибори махсус пешвоз гирифта, онро «моҳи муборак», «моҳи умеду орзуҳо» номидаанд.

Ибтидои мавсими нави деҳқонӣ, рамзи файзу барака ва ободиву фаровонӣ, яъне ҷашни Наврӯз дар маҳалла бо рӯҳи баланд қайд карда шуд. Дар саросари кӯчаи Дӯстӣ маҳсулоти гуногуне, ки соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳунармандон истеҳсол кардаанд, ба намоиш гузошта шуданд, намоишгоҳҳои миллие, ки намояндагони маҳаллаҳои ноҳия ва муассисаҳои таълимии он созмон додаанд, баромади варзишгарони ҷавон дар ҷойҳои барои онҳо муқарраршуда ба тамошобинон кайфияти идона бахшиданд. Сурудҳои занони бадеҳагӯ ҷамъомадагонро ба рақс водор намуданд. 
– Ҷашни Наврӯз аз қадимулайём бо анъанаҳои поксозӣ, офарандагӣ ва бунёдгарӣ оғоз гирифтааст. Мардум дар ин айём кинаву адоватро фаромӯш мекарданд, агар бо якдигар қаҳрӣ бошанд, оштӣ мешуданд, нисбати ҳам меҳру мурувват зоҳир  мекарданд, ба ҳамдигар хушиву хурсандӣ металабиданд, аз ҳолу аҳволи беморон хабардор шуда ба оилаҳои камтаъмин кумак мерасониданд, – мегӯяд момои Гулчеҳра, ки баҳори 76-умин соли худро истиқбол мегирад. – Мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз кунем, онҳоро ба шуури ҷавононамон ҷойгузин намоем, беҳтарин суннатҳоро ба насли оянда талқин созем, аҳамияти маънавии Наврӯз, воситаи муҳими тарбия будани онро хотиррасон кунем. Дар ҷашни имрӯза чунин ҷиҳатҳои неки ҷашн равшан зоҳир гардиданд.
Наврӯз нафақат ҳамчун дӯстии хонаводаҳо, балки боз бо қадриятҳои неке, ки ба ваҳдати халқҳоямон вобаста мебошад, азиз аст. Иштироки марказҳои миллии вилоят ба ҷашн ҳусни дучанд бахшид. Намояндагони ба миллатҳои тоҷик, рус, куриё ва қирғиз мансуби ноҳия бо сару либосҳои зебову рангоранг, намоишгоҳҳои миллӣ, баромадҳои ба урфу одат ва суннатҳои онҳо хос ба ҷашн шукуҳи тоза бахшиданд. 
– Дар маҳаллаи мо 2628 нафар аҳолии асосан мансуб ба миллати қирғиз истиқомат мекунанд, – мегӯяд раиси он Саодат Қӯшмонова. – Онҳо аксаран бо чорводорӣ, боғпарварӣ ва ҳунармандӣ машғул мебошанд. Барои дар хонаводаҳо ҳукм рондани аҳливу осоиштагӣ мавқеи куҳансолонамон беқиёс аст. Дар ин ҷо ғайр аз қирғизҳо тоҷик, рус, куриё, турк, қазоқ, қароқалпоқ, немис ва ҳинд низ зиндагӣ доранд. Аз ҳама муҳимаш дар маҳалла мафҳумҳои миллатгароӣ, нобаробарӣ умуман вуҷуд надорад. 
Ҷашни Наврӯзро бидуни суманак тасаввур кардан душвор аст. Дар деги калоне, ки дар хонадони Ашурбек Боганбоев гузошта шуда буд, намояндагони миллатҳои гуногун чун аъзои як оила шоду мамнун ин таоми наврӯзиро омода карданд. 
Ҳокими ноҳия Анварҷон Тоҷимирзоев ҷамъомадагонро бо ҷашни Наврӯз самимона муборакбод намуд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: