БАҲОРИ ПУР АЗ НАФОСАТУ МЕҲР

На ҳар кас метавонад ҷамъиятро дигар кунад.

Донишмандони улуми инсоншиносӣ мегӯянд, ки агар дар давлате, ки  шароити хуб барои тавлиду тарбия ва зиндагии шахсиятҳо мавҷуд бошад, теъдоди онҳо танҳо се дар сади аҳолӣ хоҳад буд. Театр ва синамо, адабиёт дар пайдоишу афзоиши теъдоди шахсиятҳо нақши муҳим доранд. Ба ин қатор фалсафа низ дохил мешавад.
Барои он ки театр вазифаи худро комилан дуруст иҷро кунад, яъне дар ботини тамошобин катарсис ба вуҷуд оварда тавонад, омилҳои пуртаъсире лозиманд. Коргардони боистеъдод, ҳунарпешаи боистеъдод, рассому композитори бомаҳорат аз омилҳои асосианд. Аммо агар театршинос набошаду бурду бохти эҷодкоронро таҳлил накунад, дар санъати театрӣ пешрафт нахоҳад буд.
Чи хеле ки адабиёт набошад, танқиди адабӣ низ нест, дар санъати синамою театр низ чунин аст. Ба ҳамин сабаб дар замони шӯравӣ барои ривоҷи киношиносӣ ва синамошиносӣ маҷаллаҳои махсус таъсис ёфта буданд.
Мо – тоҷикон адабиётшиносони хуб дорем, аммо театршиносу синамошиносон ангуштшуморанд. Сабаб ин ки театршинос аз нозукиҳои мушкилтарин жанри адабӣ-драматургия ва нозукиҳои он, маҳорати коргардонӣ, маҳорати актёрӣ, санъати рассомию оҳангсозӣ бояд маълумоти фарогир дошта бошад ва кам касон ба ин муваффақ мегарданд. Яке аз чунин шахсиятҳои нодир Баҳори Хуррамзод аст.
Коргардони машҳури синамо ва театр Бақо Содиқов инро амиқ дарк карда ва вақте ки гоҳ-гоҳ бо телефон гап мезанем, ҳатман аз Баҳор мепурсад, ки чӣ ҳоле дорад ва таъкид мекунад, ки чунин шахсиятҳоро бояд қадршиносӣ кард. Беҳуда халқ нагуфтааст, ки қадри зар заргар шиносад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ. Бақо Содиқов нобиғаанд. Рӯзе мерасад, ки миллати парешонрӯзгори тоҷик ба қадри Бақо Содиқов ва Баҳори Хуррамзод барин шахсиятҳои нотакрор мерасад.
Олим шудан осон, одам шудан мушкил. Вақте ки дар бораи донишманди ҳунаршинос Баҳори Хуррамзод фикр мекунам, ҳамин мақоли мардумӣ ба ёд меояд. Дар бораи асарҳои илмиву педагогиаш, арзиши баланди онҳо ҳарфи бисёре метавон гуфт. Аммо таваҷҷуҳи камина ба ҷиҳати инсонии ин бонуи донишманд аст.
Ӯ аз хонаводаи зиёиён аст. Падару модар дар деҳаи Ангаралмоси ноҳияи Самарқанд аз инсонҳои пешқадамтарин буданд. Падар муаллими собиқ Абдуқодирака, баъди ба нафақа баромадан низ фаъол буданд ва ба гузар роҳбарӣ мекарданд. Дар он деҳа хоҳари камина Масъуда Истадова мезист ва бо модари Баҳор робитаи дӯстӣ доштанд. Рӯзе модари Баҳор як чӯбдаст гирифта ба назди хоҳарам омада мегӯяд: – Дар чойхонаи гузар ҳар рӯз ҷавонҳо ҷамъ шуда қиморбозӣ мекардаанд. Биёед, як калтак ба даст гиред, онҳоро зада пароканда мекунем. 
Баъд онҳо ба чойхонаи гузар рафта қиморбозҳоро мекӯбанд.
Ҳамин хел хислати хуби номуросоӣ бо одатҳои бад дар вуҷуди Баҳор низ ҳаст.
Солҳои шӯравӣ ман дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мудири шуъбаи санъат будам. Баҳор дар шуъбаи таърихи санъати Институти таърих ва этнография ходими илмӣ буд ва мақолаҳои оид ба театраш бо имзои камина рӯйи чопро медид.
Таҳлили спектаклҳо хеле объектив буд, мо аз ҳар як мақолааш оид ба намоиши спектакли нави ягон театр бурду бохти коргардон, ҳунарпеша, рассому композиторон маълумоти ҷолиб мегирифтем.
Вақте ки дифои рисолаи номзодиаш кашол ёфт, ман боре сабабашро пурсида будам. Гуфт, ки дар маҷаллаи илмӣ ду мақола чоп кардан лозим будааст. Он вақт дар шуъбаи танқиди адабии “Cадои Шарқ” Кароматулло Шукруллоев мудир буд, донишманду инсони асил. Ман ба Баҳор гуфтам, ки ин ҳолро ба он кас фаҳмон, ҳатман кӯмак мекунад барои чопи мақолаҳоят. «Наметавонам». Ин буд ҷавоби Баҳор.
– Ин тавр бошад, ман мегӯям, зеро сухани маро ба замин намемонанд, мо бо ҳам хеле нону намак хӯрдаем, – гуфтам ман.
– Шумо низ чизе нагӯед! – Ин буд посухи Баҳор.
Баъди ин ҳодиса эҳтиромам нисбати Баҳор хеле афзуд.
Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ман ба Самарқанд омадам, Баҳор низ.
Боз чунин иттифоқ афтод, ки ҳамроҳ дар шуъбаи маданияти рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар як утоқ кор кунем: ман мудир, Баҳор ходими адабии шуъба. Аммо ин суҳбатҳои самимонаи дилангез бо ӯ дер давом накард. Баҳор ба шуъбаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд даъват шуд.
Саҳми бузургаш дар ин шуъба тарҷумаи китоби дарсии бузурги Гуннер Скирбек ва Нилс Гилйе «Таърихи фалсафа» ба забони тоҷикӣ шуд, ки аз 578 саҳифа  иборат аст ва соли 2004 дар нашриёти “Адолат”-и Тошканд чоп шуда буд. Ин китоб дар асл аз ҳазор саҳифа зиёдтар аст, аммо бо ҳуруфи хеле хурд чоп шудааст. Барои як кас анҷоми чунин меҳнати тоқатшикан хеле гарон аст ва камина хабар дорам, ки ба қалби Баҳор чӣ таъсири манфие дошт.
Дар Тоҷикистон низ чунин китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ набуд ва ман хабар дорам, ки аз ҳамон китоб донишгоҳҳо истифода мебурданд.
Боре ба Иди забон ба Хуҷанд ҳамроҳ рафтем ва ман дар он ҷо ӯро ногоҳ гум кардам. Шаб соат аз 12 гузашт, даракаш набуд хеле ғам хӯрдам, зеро ба дӯсти ба дилам наздик мубаддал шуда буд. Рӯ ба рӯйи меҳмонхонаи мо бинои театр буд. Ҳеч ба ёдам наомад, ки театршиносро бояд аз театр ҷуст. 
Аз як ҳамроҳамон пурсидам, ки Шаҳзода ва Баҳор куҷо рафтанд? Гуфт: намедонам. Хеле ошуфта гардидам, диламро гургон тала мекарданд. Ба беруни меҳмонхона баромада, бо ҳаяҷон хеле қадам задам. Соат аз 2 гузашта буд, ки ҳар ду аз ҷониби театр намоён шуданд. Ва маро дар таги дари меҳмонхона дида, бе ҳеч хел узр «хоби хуш, устод» гуфта гузашта рафтанд, ки боиси боз бештари тааҷҷуби камина шуд. Дертар фаҳмидам, ки ба он ҳамроҳамон гуфта будаанд, ки ба театр мераванд. Баҳор инсони хушсуҳбат аст. Суҳбатҳои мо соатҳо давом мекунад. Он ҳамраҳи мо дар сафар ба Хуҷанд аз рӯйи бухл ё ҳасад хостааст, ки бо асаби банда бозӣ кунад.
Дар бораи суҳбаташон бо Барзу, навпардозиҳои ӯ хеле нақли ҷолиб кард.
Боре як шахсияти фарҳангии Самарқанд ҷашн дошт. Ба як ҳамкори собиқаш муроҷиат кардам, чизе нанавишт.
Маҷбур шудам ба Баҳор муроҷиат кунам. Баҳор чанд саҳифа оид ба кору рӯзгори он донишманд навишт  ва ҳол он ки он одамро чандон хуш надошт. Ин гувоҳи дили нарми инсонпарварона аст.
Дар Самарқанд ба чандин намоиши асарҳои рассомон даъват кардам, не нагуфта меояд ва мақолаҳо омода карда, оиди бурду бохти эҷодии рассомони тоҷик менависад. Рассомон низ аз таҳлили амиқ ва нозуки асарҳояш хурсанд шуда ба Баҳор баъзе корҳои эҷодии худро ҳадя мекунанд.
Зиндагии Баҳор дар зодгоҳаш  Самарқанд қанду асал набуд. Даргузашти падару модар, бемории бардавом ва марги шавҳараш Абдуҳаким ва соле пеш бар асари ковид марги додари меҳрубонаш Баҳодур зарбаи сахте буданд. Ба ғайри ин дар Самарқанд одатҳои урфӣ, маъракаҳо инсонро дар чорчӯбаи сахти худ нигоҳ медоранд ва барои олим, эҷодкор монеаҳои дигар зиёданд. Бо вуҷуди ин маҳрумиятҳо, фарзандони худро маълумоти олидор карда ба пой монда тавонист.  Робитаашро бо Академияи улуми Тоҷикистон, муҳити фарҳангии тоҷик ҳеч гоҳ наканд, дар фестивалҳои театрӣ, анҷуманҳои илмии Тоҷикистон фаъол иштирок мекунад. 
Ба муносибати зодрӯзаш ин сатрҳоро шитобон навиштам, қарздорам, ки ба ин мавзӯъ ҳатман бармегардам:
Дар бурҷи шасту чор аст 
хуршеди рӯзгорат. 
Ҳатман ба сад дароӣ бо ҷӯши 
гулбаҳорат.

Адаш ИСТАД.
САМАРҚАНД.

Баҳори Хуррамзод (аз рост сеюм) дар ҳузури эҷодкорон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: