«БАҲОРОН ДАР СУРОҒИ ТУ БИЁМАД...»

Боз фасли гул, фасли баҳор омад.

Боз фасли гул, фасли баҳор омад. Табиат мисли арӯси нав худро оро дод. Ҳар сол бо фарорасии баҳор сарояндаи ин фасли зебоӣ – шоира Зулфияро ба ёд меорем.
Зулфияапа тамоми умр сароид, бо ҷӯшу хурӯш зиндагӣ кард, эҷод намуд. Муҳаббати Модар-Ватан, инсонпарварӣ, вафо ва садоқат сатрҳои дафтари назми ӯро пур карданд.
Зулфияапа баҳорро, зебоиро дӯст медошт, шефтаи гулу майса буд. 
Айёми баҳор, рӯзҳои Наврӯз бо дастагулҳои рангоранг ба хонадони шоира баҳри муборакбодӣ мешитофтем.
Ӯ бо эҳтиром, бо як эътибору хушсуханӣ моро пешвоз мегирифт. 
– Омада маро хурсанд, хонаамро обод кардед, – мегуфт ӯ.
Ҳеч гоҳ аз ёдам намеравад. Солҳои дар рӯзномаи «Совет Ӯзбекистони» кор карданам зери рукни «Хонаи эҷодкор» материалҳо чоп мешуд. Шоир ва нависандагони номдор Ойбек, Ғафур Ғулом, Абдулло Қаҳҳор, Зулфия, Шайхзода, Миртемир ва дигарон бо асарҳои худ дар ин саҳифа иштирок мекарданд ва ин саҳифа ба майдони мусоҳибони шавқовар табдил ёфт. Бахусус, мақола ва шеърҳои шоира мавқеи алоҳида доштанд. «Мушоира» ном шеъри шоира, ки дар он сулҳ, дӯстию бародарӣ, замонаи тинҷу осуда тараннум гардидааст, ба мукофоти байналхалқии ба номи Неру сазовор дониста шуд. Бо ташаббуси Зулфияапа маҷаллаи дӯстдоштаамон «Саодат» ба яке аз нашрияҳои бонуфуз, майдони розу ниёзи бонувон, паҳнкунандаи маънавияту маърифат табдил ёфт. 
Аз ҳама муҳимаш, дар мактаби «Саодат» журналист, нависанда ва шоираҳои боистеъдод ба воя расиданд, ки дар он хидмати шоираи ҷонсӯз, меҳрубон ва сахтгир беқиёс аст.
Шоира ва журналистони шинохта: Холида Аҳророва, Эътибор Охунова, Алмос Аҳмедова, Гулчеҳра Ҷӯраева, Ойдин Ҳоҷиева, Қутлибека Раҳимбоева... Ҳамаи инҳо соҳибқаламонеанд, ки дар мактаби «Духтарони Зулфия» таҳсил гирифтаанд.
Рӯзе «Навои сурнай» ном ҳикояамро ба таҳририяти «Саодат» бурдам. Муҳаррир ҳикояро хонда фикру мулоҳизаи худро баён намуд. Бо баҳонаи ҳикоя бо Ҳамид Олимҷон бори аввал чӣ тавр шинос шуданашро гуфт: «Боре ба ҷамъомаде каме дер мондам. Нигоҳ кунам, ҳама ҷо банд. – Ин ҷо биёед, – нидо дод касе. Ба паҳлуям нигоҳ кардам, Ҳамид Олимҷон маро ба назди худ мехонд. Бо каме ҳаяҷон рафта нишастам. Рақами палтоямро, ки супурда будам, дар даст бозӣ доронда менишастам. Магарам ин ҳаракати ман ба Ҳамид Олимҷон нафорид, ки рақамро аз дастам гирифта ба кисааш андохт.
– Ба шумо халал расонда истодааст, баъд аз маҷлис медиҳам, – бо табассум гуфт ӯ.
Маҷлис ба охир расид, ба берун баромадам. Ҳама паси ҳам баромада рафтанд. Ҳамин вақт шоир дар даст палтои ман омад ва бо як тавозӯъ онро ба китфам партофт. 
Каме пиёда меравем, раҳораҳ суҳбат мекунем, гуфт ва ҳар ду ба роҳ даромадем, ҳамон вақт то хонаам маро гусел кард. Баъдтар ин вохӯриҳо ба мазмуни шеърҳоям табдил ёфтанд. Ситораҳоямон мувофиқат карда будааст, хонадор шудем. Фикр, андеша, нигоҳ, дунёи маънавиамон якхела буданд. 
Рӯзе ба сифати роҳбари рӯзнома ба Зулфияапа занг зада, бахшида ба чорабиние шеър навиштани ӯро хоҳиш кардам. Шоира ҷавоб дод: «Ман бо супориш шеър наменависам, доир ба мавзӯе, ки маро илҳом мебахшад, қалби маро ором мекунад, менависам».
Роҳи худ, услуби худро дошт, шоираи нотакрор ва ягонаи халқи худ будани  ӯ аз гуфтаҳояш аён буд.
Баъди аз чоп баромадани романи «Ибни Сино» як нусхаашро гирифта, бо як даста гул ба хонааш рафтам.
Духтари меҳрубон ва боиқтидораш Ҳулкар ҳам дар он ҷо будааст. Дар гирди дасторхон суҳбат оростем.
Баъд аз чанд рӯзи дигар ба ман занг зада гуфт, ки ба наздаш равам. Ба ҳузураш гӯё парида рафтам.
Китобам дар болои мизаш буд.
– Хонда баромадам, ба мавзӯи муҳим даст задед. Дар бораи аллома бисёр навиштаанд, вале дар асари шумо бадеият бартарӣ дорад.
Истиқлолият ба эҷодкорон низ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Ба анъана, урфу одат, эҷод, озодии сухан эътибор зиёд шуд. 80-солагии Зулфияапа дар қасри «Туркистон» ботантана баргузор шуд. 
Ҳурмату эътибори халқ, бахусус, табрики Президент рӯҳи ӯро болида гардонд.
Бори охирин барои дидани ӯ ба беморхона рафтам.
Дар дастам як сабад гулҳои сафед. Аммо дидан насиб накард. Ҳулкар бо чашмони ашколуд маро пешвоз гирифт...
– Саломатии модарам хуб нест, беҳтараш надароед...
– Ана ин гулҳоро гиред, Зулфияапа гулро дӯст медоранд.
Зулфияапа барои мо ҳамеша зиндааст, чун насими тозаи саҳарӣ бо мо ҳамнафас...

Мақсуд ҚОРИЕВ, 
Арбоби хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон.
 (Аз китоби «Зулфия замондошлари хотирасида»).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: