Раънои «Ӯзбекфилм» меноманд актрисаи номвар Тамара Ғаниеваро (фамилияи духтариаш – Шокирова).
Бале, вай баъди иҷрои нақши Раъно аз филми таърихии «Зулматро тарк карда» (аз рӯи романи А.Қодирӣ «Каждум аз меҳроб», коргардон Йӯлдош Аъзамов) чун Раъно бештар маҳбубият пайдо кард. Тамара ҳабдаҳро пур карда, нав ба ҳаждаҳ қадам гузошта буд вақте картина ба навор бардошта мешуд. Вақт чи қадар зудгузар. Наздик ним аср гузаштааст аз миён. Бо қомати раъно, латофату назокати дилбарона дар филме, ки зикр гардид, мисле абадӣ муҷассам монд духтари боистеъдоди «Ӯзбекфилм». Ҳамчун Раъно...
Баъди нақши Раъноро «ба маром расонда» иҷро кардан, бо вуҷуди он ки ҳанӯз маълумоти касбии актрисагӣ надошт, Тамараро ба студияи «Ӯзбекфилм» қабул карданд. Маслиҳат доданд хонад. Як соли тамом омодагӣ дид ва соли 1974 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи актёрии Институти театрӣ-рассомии Тошканд ба номи А.Островский дохил шуд. Ҳамзамон иҷрои нақшҳо дар картинаҳои гуногунро идома бахшид.
Фаъолияти Тамара дар соҳа хеле барвақт – ҳанӯз дар давраи мактабхониаш сар шуда, вай дар якчанд маҳсулоти «Ӯзбекфилм» нақшҳои эпизодӣ бозида буд. Ҳанӯз асное чаҳордаҳ сол дошт, бовар карда, ба вай нақши арӯсро супурданд. Ба хубӣ ӯҳда кард.
Филми «Дар ин ҷо сарҳад мегузарад» дар мавзӯи мубориза алайҳи босмачигарист. Дар мамлакати шӯроҳо бинандагони сершумор дар симои Тамара духтари зебои Шарқро дида ва ба латофаташ мафтун монданд. Дар филми «Нотарс» (1971) духтари ҷавон нақши ҳамсари раиси шӯрои деҳотро бозид, ки намехоҳад занҳо фаранҷӣ партоянд. Вале завҷаи ҷавонаш Гулсара ҷасорати ба худ дорад, ҷонибдори расму оинҳои нав аст.
Ба нимаи дувуми солҳои ҳафтодум омада, Шокирова ба ситораи тобноки кинематография табдил ёфт. Нақшҳои яке аз дигаре ҷолибтараш дар «Инсони дӯстдоштаи ман» (Саида), «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги тӯлонӣ» (Гулшод), «Ҷини ҳафтум» (Фирӯза), «Болотар аз абр» (Наргис), «Ин дар Қӯқанд рӯй дода буд» (Ҳалима), «Хона дар зери офтоби тафсон» (Ойдин) эътибори тамошобинони умумииттифоқро ба худ кашид.
Яке аз филмҳое, ки шуҳрати кинои Ӯзбекистонро дар доираи байналхалқӣ баланд бардошт, сериали «Роҳҳои пуроташ» (коргардон Ш.Аббосов) мебошад, ки аз тариқи телевизиони марказӣ (Маскав) намоиш ёфта буд. Дар он филм Т.Шокирова нақши Юлдузхон (завҷаи ҷавони Аҳмадбой)-ро бозидааст. Дар драмаи ҳарбии «Ленинградиҳо – фарзандони ман» (коргардон Дамир Салимов) ба Т.Шокирова нақши Хадича Ботироваро супурданд. Филм дар асоси воқеаҳои таърихии давраиҷангӣ (1942) ба сурат бардошта шудааст. Аз Ленингради муҳосирашуда тифлони зиёди ятим ва бепарастор ба Тошканд эвакуатсия карда шудаанд. Оила ва хонаҳои шафқат онҳоро қабул мекунанд. Яке аз занҳои ҷавоне, ки меҳру шафқат аз ятимон ва падару модар гумкардагон дареғ намедорад, Х.Ботирова мебошад. Вай дертар директори хонаи бачаҳо таъин гашт. Баъди ба итмом расидани ҷанг низ меҳру дӯстдорӣ бо тарбиятгирифтагон, агарчи ба балоғат расида, ҳаёти мустақилона ба сар мебаранд, идома дод. Гӯё исбот кардан хост, ки шафқатро оғоз ҳаст, анҷом нест...
Вай бо вуҷуди серкорӣ бо «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ менамуд. Хусусан, нақши Мунира (аз «Асрори оила», коргардон Валерий Аҳадов, 1983) дар иҷрои Т.Шокирова эътибори тамошобинонро бештар ба худ кашид. Зимнан, дар киноасаре, ки аз рӯйи повести адиби тоҷик Юсуф Акобиров «Балоғат» ба навор бардошта шуд, «ансамбли ҳунарпешагони номдор»-ро дидан мумкин: Ато Муҳаммадҷонов, Шуҳрат Эргашев, Светлана Норбоева, Марям Исоева, Сайрам Исоева ва ҳоказо. Тавре ба назар мерасад, чеҳраи Т.Шокирова дар симои Мунира – воқеан тоҷикона.
Озарбойҷониҳо низ Тамараро дӯст дошта, ӯро «афсонаи кинои ӯзбек» номидаанд. Алалхусус онҳо нақшҳои ҷолиби ӯ аз «Афсонаи Хоразм» ва «Роҳҳои пуроташ»-ро бо эҳсос ба хотир меоранд. Дар «Озарбойҷонфилм» вай нақшҳои Наргис («Болотар аз абр»), Нигор («Арӯсдуздӣ»), ҳамсари Гомис («Поезди сурх»)-ро бозидааст. Артисти мардумии Озарбойҷон Холида Гулиева мегӯяд, дар ҷараёни ба сурат гирифта шудани яке аз филмҳо бо ӯ дар як ҳуҷраи меҳмонхона зиндагӣ карда, ба худ болидаву фахр мекардам, ки тақдир маро ба кӣ рӯбарӯ кард. Баъди «сёмка» ҳарду ба сайр мебаромадем. Чи қадар оддӣ ва хоксор буд Тамараи нозанин. Бо чӯпонҳо аз таҳти дил суҳбат мекард. Баррачаҳоро сила ва навозиш менамуд...
Бале, дили бузург ва меҳрпарваре дошт Тамара. Вале чашмонаш хаёлангез. Ҳузне дар онҳо ниҳон...
Барои чӣ номаш Тамара?
Вай дар «оилаи интернатсионалӣ» ба дунё омадаву камол ёфтааст. Модараш Олга Гузенко, солҳои душвори баъдиҷангӣ аз Украина ба Ӯзбекистони офтобӣ кӯч баста ва дар ин ҷо бо Ҳалим Шокиров шинос шуда, бо ӯ хонадор шуда буд. Олга ва Ҳалим соҳиби се духтар ва се писар шуданд. Аз байни фарзандон як ман ба падар рафтаам, мегуфт Тамара. Вақте падарам аз кор баргаштанд, сахт ба оғуш мекашидам, падар низ гӯё ба ман дигар хел меҳр доштанд.
Шароити душвори моддӣ ҳукм меронд дар оила. Вақте Тамараи чаҳордаҳсола ба назари коргардон Алберт Хачатуров афтод ва дар филми ӯ нақш бозиду гонорар гирифт, рост ба магазин рафт: як қуттӣ шоколад харид. Модараш Олга шоколад ба даҳон андохт ва «ширинакам» гуфт Тамара рову ашк аз чашмонаш сарозер гашт. Тамараро лозим омад аснои ба навор бардоштани «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги тӯлонӣ» («Тоҷикфилм», 1975) мӯйҳои дарозашро қайчӣ занад. Лётчикдухтари тоҷик Гулшодро бозида буд вай. Ҷанг водор месохт духтарон меларо буранд, хусусан, лётчикдухтарҳо. Вақте аз Тоҷикистон бо мӯйҳои кӯтоҳ ба Тошканд баргашт, модар бо ҳаросу ҳайрат ба вай нигарист: «Мӯят канӣ?»
Аснои навори филми «Симурғ» (1973) Тамара ва Отабек Ғаниев (набераи Набӣ Ғаниев) ба ҳам шинос шуданд. Отабек ёвари коргардон буду аз иҷрогари нақши Зубайда чашм намеканд. Якдигарро дӯст доштанд. Вале ҳарду хонадон ба хонадоршавии ҷавонон сахт норозӣ. Дӯстдоштаҳо истодагарӣ карда, ниҳоят ба мақсад расидаанд. Аммо ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ дер давом накард. Соли 1977, вақте Тамара ҳомила буд (баъдтар Райҳон таваллуд ёфт, ки ҳоло овозхони маъруф аст), Отабек оиларо тарк намуд. Соли 1985 чашм аз ҷаҳон пӯшид. Хеле вақт танҳо зиндагӣ кард Тамара. Аснои «сёмка» дар Ашқобод вай бо Сергей ном каскадёр аз наздик шинос шуд. Ба якдигар дил бастанд. Тамараро дӯст дошта, Сергей аз баҳри оилаи аввалааш баромад ва ба Тошканд омад. Чаҳор сол ҳамроҳ зиндагӣ карданд. Аснои навори яке аз филмҳо Сергей ба фалокат дучор омад. Аҳволаш вазнин. Духтурон натавонистанд наҷот диҳанд. Вақте Сергей ҷон таслим кард, Тамара фарзанди дувум дар батн дошт. Духтар таваллуд кард, ба вай Насиба ном гузошт.
Баъде киноро тарк кард, бештар танҳоӣ ҳис менамуд. Ва боз ҳис мекард, дур аз «дунёи кино» нафас гирифтанаш душвор. Ба назди роҳбари «Ӯзбеккино» рафт, ки ӯро, агар имкон ҳаст, дарбон таъин кунад. Роҳбар хоҳишашро қабул намуд ва «ситораи тобноки кино» як муддат дар Хонаи кино дарбонӣ намуд. «Дӯстонам механдиданд», мегуфт Тамара бо оби чашм.
Дар солҳои охири умр шукри фарзандон мекард, ҳарчанд ҳаёт аз имтиҳони сахт гузаронда ва шиканҷаҳо медод. Хусусан, бо Райҳоне, ки соли 2002 беҳтарин овозхон эътироф гардид, мефахрид. «Райҳон – маънии зиндагиам», мегуфт вай. Лоиҳаҳо, ҳатто «костюм»-ҳои ӯро худаш омода месохт. Дар панҷоҳсолагиаш ба вай бемории саратон печид. Чанд сол мардона алайҳи он истодагарӣ кард. Дар рӯзҳое, ки Райҳон дар «Дӯстии халқҳо» консерт медод, вазнин шуд. 22 феврали соли 2012, дар синни 56 чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Дар пиндошти мухлисони сершумораш вай ҳанӯз «Раънои кинои ӯзбек» аст.
М. ШОДИЕВ.