БАҲРИ БЕТАЛАФОТ ГУЗАРОНИДАНИ САРМО

Дар маҳалҳо гурӯҳҳои корӣ бо мушкилии мардум ошно гардида, чораҳои зарурӣ меандешанд.

Дар маҳалҳо гурӯҳҳои корӣ  бо мушкилии мардум ошно гардида, чораҳои зарурӣ меандешанд.
Аз ҷумла, чанде пеш гурӯҳи кории ҷумҳурӣ, ки ходимони 18 вазорату идораро ба ҳайати худ  шомил намудааст, ба вилояти Ҷиззах омада, оид ба сабук гардонидани мушкилии мардум дар ин сармои сахт ба масъулони маҳаллӣ супоришҳо доданд.
Дар марказҳои қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳо «Штаби таъҷилӣ» таъсис ёфт. Онҳо ба ноҳияи Арнасой рафта, ба ҳалли як қатор муаммоҳо муваффақ гардиданд. Ба тариқи иловагӣ, боз ба аҳолӣ зиёда аз 59 тонна гази моеъ расонида доданд. Се трансформатори электрро бо наваш иваз намуданд. Дар маҳаллаи «Чӯлқувар» масъалаи оби ошомиданӣ ҳалли худро ёфт.
Барои пешгирии болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ноҳияи Ғаллаарал ярмаркаи фурӯши маҳсулот ташкил гардид ва то ҳол идома дорад.
Дар ноҳияи Мирзочӯл бо саъю ҳаракати  дастандаркорони «Штаби таъҷилӣ» ба бошандагони маҳаллаи «Пахтазор» оби тозаи нӯшокӣ кашонида доданд.
– Дар ин рӯзҳое, ки ҳавои сард ҳукмфармоӣ мекунад, ҳатто лӯлаҳои об ях мебанданд, – мегӯянд бошандагони маҳал.
Бо фаъолияти ин штаб дар ноҳияи Фориш муовини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои сохтмон, коммуникатсия, хоҷагии коммуналӣ, экология ва кабудизоркунӣ Баҳром Назаров шинос шуд. Дар ин бора ба мутасаддиён маслиҳат ва супоришҳо дод.
Ҳокими ноҳияи Пахтакор Асилбек Ашуров ба поликлиникаи оилавӣ рафта, бо дорухонаҳо ва шароити табобатхона ошно гардид. Барои ба зудӣ аз  фурӯш боздоштани доруҳои ношоям ва ба саломатии одамон зараровар супоришҳо дод.
Албатта, дар ноҳияҳои кӯҳии Бахмал, Янгиобод, Зомин ва дигар ноҳияҳои даштӣ низ ин қабил корҳо ҷараён доранд.
Дар зисту зиндагии мардум як андоза мушкилиҳо – гоҳе камчинии ҳезум дар деҳот, то андозае боло рафтани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, ба вуҷуд омадани душворӣ дар ҷодаи  парвариши чорво ба мушоҳида расад ҳам, бо вуҷуди ин, ҳама дар дил як нияту орзу мепарваранд, ки кош зимистони имсола ба сари мардум ранҷу азоб ва ташвиши зиёд наовараду беталафот онро паси сар намоем.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: