БАҲРИ БЕҲБУДИИ ШАРОИТИ ЗИСТ ВА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ АҲОЛӢ

Барои шиносоӣ бо шароити зист ва муаммоҳои аҳолӣ дар маҳалҳо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ба вилояти Намангон ташриф овард.

Барои шиносоӣ бо шароити зист ва муаммоҳои аҳолӣ дар маҳалҳо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ба вилояти Намангон ташриф овард.
Боздиди нахустини раиси Сенат аз деҳаи Чодаки ноҳияи Поп оғоз ёфт. Дар дашту саҳроҳои бекорхобидаи деҳа 100 гектар боғзор барпо гардида, дар ин ҷо дарахтони зудпази зардолу парвариш карда мешавад. Аз ин боғзор ба ҳар кадом 100 нафар ҷавонони номашон дар рӯйхати «дафтари ҷавонон» сабтёфта 1 гектарӣ замин пешниҳод карда шудааст. Ба онҳо агрономҳо барои аз ҳашароти зараррасон сари вақт пешгирӣ кардан ва парвариши боғ бо маслиҳатҳои муфид ёрии амалӣ мерасонанд.
– Ду нафар фарзандам ҳаст. Аз боғи зардолузор барои мо 1 гектар замин ҷудо карданд. Чанд сол боз бекору хонанишин будам. Акнун соҳиби кори доимӣ ҳастам. Дар мобайни боғ тарбуз мерӯёнам. Аз даромади меҳнати ҳалолам барои фаровонии оилаамон ҳисса мегузорам, – мегӯяд Муаззам Тиллаева.
Дар худи ҳамон ҷо мулоқоти раис бо як гурӯҳ ҷавонон баргузор гардид. Барои бартараф кардани муаммоҳои онҳо чораҳо андешида шуданд.
Боздиди навбатӣ аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Яккатут»-и ноҳия буд, ки ба рӯйхати «Ҳудуди сурх» дохил шудааст. Дар маҳалла 150 оила, 860 хонадон, 4525 нафар шаҳрванд истиқомат мекунанд. 58 нафари онҳо дар рӯйхати «дафтари оҳанин» сабт ёфтаанд. Онҳо дар сехи истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ меҳнат мекунанд.
Дар маркази маданияти маҳаллаи номбурда вохӯрии раиси Сенат бо аҳолӣ баргузор гардид. Чор нафар занон барои машғул шудан ба чорвопарварӣ ва моҳипарварӣ воми имтиёзнок дархост карданд. Муроҷиати онҳо дар ҷояш ҳаллу фасл карда шуд.
Яке аз корхонаҳои калонтарини ноҳияи Чуст ин корхонаи хусусии «Чуст текстил» буда, қисми асосии маҳсулоти трикотажии худро ба хориҷ содир мекунад. Сарвари давлат ҳангоми сафараш ба вилояти Намангон ба фаъолияти корхонаи мазкур баҳои баланд дода буд. Раиси Сенат бо фаъолияти корхона шинос шуда, бо кормандони он мулоқот орост.
Дар зиёратгоҳи Бибионаи ноҳияи Чуст мулоқоти ошкорову самимии аҳолӣ бо раиси Сенат баргузор гардид.
– Чанд сол аст, ки аз бемории онкологӣ азият кашида муолиҷа мегирам. Шифокорон ёрии амалӣ мерасонанд, аз онҳо сипосгузорам. Вохӯрӣ бо раиси Сенат ба ман рӯҳи дучанд бахшид, – гуфт сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулистон»-и шаҳри Чуст Муҳайё Исроилова.
– Ноҳияамон ба минтақаи инноватсионӣ табдил меёбад. Имрӯзҳо барои муолиҷаи бемории онкологӣ сохтмони лаборатория муташаккилона идома дорад. Вохӯрӣ бо Танзила Норбоева шифокорони иттиҳодияамонро барои ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ сидқидилона, бо ғайрати дучанд меҳнат кардан рӯҳбаланд кард, – мегӯяд сардори иттиҳодияи тиббии ноҳияи Чуст Саноат Каримова.
Рӯзи дуюми сафари раиси Сенат дар корхонаи муштараки «Водий ипаги»-и ноҳияи Уйчӣ давом кард. Корхона дар деҳаи Ҷийдакапа воқеъ буда, кормандони корхона асосан бошандагони маҳаллаҳои деҳа ба шумор мераванд. Корхона 8 сол боз амал мекунад. Дар корхона 100 нафар занону духтарон меҳнат мекунанд. Қолинҳои корхона аълосифат  буда, асосан ба хориҷ содир мешаванд.
Дар хонадони Рашида Маҳмудова дар 300 чиптачаҳо парвариши замбӯруғ ба роҳ монда шудааст.
– Барои омӯхтани тарзи парвариши замбӯруғ ба кишвари Краснодар рафтам, – гуфт ҳамкори Рашида Маҳмудова Муаззам Сафарова.
Дар ҳокимияти ноҳия бо иштироки роҳбарони корхона ва муассисаҳо, депутатҳои Шӯрои маҳаллӣ ва вилоятӣ ҷамъомад баргузор гардид. Танзила Норбоева дар ҷамъомад роҳбарону сарваронро даъват кард, ки ҳар кадом вазифаи худро сари вақт ва аз таҳти дил иҷро кунанд, бо мушкилоту муаммоҳои аҳолӣ машғул шуда, онҳоро ҳаллу фасл намоянд.
Умед аст, ки ташрифи  Т. Норбоева ба вилояти Намангон фаъолияти роҳбарони секторҳоро самарабахштар мекунад.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: