БАҲРИ ОСОИШИ МАРДУМ

Баробари дигар соҳаҳо дар самти таълими халқ низ таъмини бехатарӣ аз сӯхтор яке аз вазифаҳои муҳими ташкиливу тарбиявӣ ба шумор меравад.

Баробари дигар соҳаҳо дар самти таълими халқ низ таъмини бехатарӣ аз сӯхтор яке аз вазифаҳои муҳими ташкиливу тарбиявӣ ба шумор меравад. Чунки дар муассисаҳои таълими халқ фарзандони хурдсоли мо, ки ба назари онҳо оташ ҷозибадор менамояд, таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо оиди ин офати хатарнок, оқибатҳои зараровари он бо ташкил намудани чорабиниҳову мулоқотҳои рӯ ба рӯ фаҳмондан вазифаи муҳим ба шумор меравад. Ҳар як тарбиятгар ва омӯзгор ҳар як ҳаракати кӯдак ё хонандаро бояд таҳти назорат гирад. 
Ба ҳама маълум аст, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон дар натиҷаи сӯхтани шохҳои хушки дарахтон  ва баргу хазон сӯхторҳои калон зуд-зуд рӯй дода истодаанд. Ба наздикӣ дар маҳаллаи Ҷурҷонии ноҳияи Учтеппаи пойтахт сӯхтори калон  ба вуқӯъ омад. Маълум шуд, ки бачаҳои маҳалла пасмондаи сигорро ба рӯйи алафу баргҳои хушк партофтаанд. Дар ҳамон атроф нуқтаи газтақсимкунӣ низ будааст ва он таркидааст. Аз як чизи ба назар ноаён ҳодисаи нохуш рӯй дод. Падару модар доимо фарзанди худро бояд таҳти назорат гиранд, вақти аз хона баромадан донанд, ки дар дасти ӯ чӣ ҳаст. Бача бачагиашро мекунад, гӯгирд ё дигар воситаҳои оташфишонро аз хона ба кӯча мебарорад.
Барои дар байни аҳолӣ бурдани корҳои тарғиботӣ аз ҷониби ҳукумат дар  ҳар як минтақаи кишварамон гурӯҳҳои корӣ созмон ёфтааст. Гурӯҳи корӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо тафтишот гузаронда, мавҷуд будани ҷиҳозҳои оташхомӯшкунӣ, санҷидани ҳар як нуқтаи барқ – резетка, калидаки барқ, лампа ва дигар василаҳои маиширо аз назар гузаронданд. Дар ошхонаи муассисаҳои томактабию мактабҳо барои таъмини бехатарӣ аз газ, барқ ва дигар воситаҳои хатарнок кор бурдани навбатдори махсус ташкил карда шудааст. 
– Дар боғчаи набераам духтарчае санҷаки мӯяшро ба резетка халондааст. Якбора ӯро ток задааст ва аз тарс доду фарёди кӯдакон баланд шудааст... Волидон кӯдаконашонро ба боғча дода бо дили пур ба кори худ мераванд. Ба туфайли бемасъулиятии мураббиён чунин ҳодисаҳои нохуш низ рӯй медиҳанд, – мегӯяд сокини ноҳияи Сергелии пойтахт З. Аъзамова.
Тантанаҳои солинавӣ низ фаро мерасанд. Дар ин рӯзҳо бачаҳо, ҷавонони  беназоратмонда аз воситаҳои протехникӣ васеъ истифода мебаранд. Дар натиҷаи ин рӯй додани воқеаву ҳодисаҳои нохушро ҳама хуб медонем. Табиист, ки дар шабнишиниҳои солинавӣ ҳангоми пухту паз, қабули меҳмон ё ба меҳмонӣ рафтан ба меъёри истифода аз газ, барқ ва дигар асбобҳои барқӣ гоҳо риоя намекунанд. Ё вақти ба меҳмонӣ рафтан хомӯш кардани газ, барқ, обро фаромӯш мекунанд. Ҳар як соҳибхона ба таъмини бехатарии оилааш ҷавобгар аст. 
Пешгирии ин ҳолатҳо ва таҳти назорат гирифтани фарзандонамон натанҳо вазифаи ташкилотҳои масъул, балки вазифаи падару модар, ҳар як шаҳрванд низ мебошад.

А. РАҲИМОВ, 
инспектори калони шуъбаи бехатарӣ аз сӯхтори назди Маъмурияти Президент.        
                   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: