БАҲРИ ПЕШРАФТИ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ АСОСӢ

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, ба рушди соҳа эътибори алоҳида дода мешавад. Айни ҳол дар миқёси вилояти Ҷиззах зиёда аз ҳафтуним ҳазор хоҷагиҳои фермерӣ фаъолият мебаранд ва дар онҳо садҳо нафар коргару деҳқонон бо кор банданд. 
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳипарварӣ зиёда аз 4 триллион сӯмро ташкил дод.
Аз қариб 180 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда ва лалмӣ ба хирмани давлат беш аз 368 ҳазор тонна ғалла рехта, нақшаи ғалласупорӣ 119 фоиз иҷро гардид. Имрӯзҳо қариб ба 8 ҳазор гектар замини ғаллааш даравидашуда кишти такрорӣ кошта шудааст. Кишоварзони вилоят барои ба даст овардани 208,6 ҳазор тонна пахтаи хушсифат дар саҳро заҳмат мекашанд. Ба ҷои қариб 5 ҳазор гектар замини пахта, ки то ин вақт ҳамеша ҳосили паст медод, меваву сабзавот ва маҳсулоти полизӣ кошта, дар 500 гектари дигар боғу токзор ба вуҷуд оварда шуд.
Дар ҳокимияти вилоят таҳти мавзӯи «Масъалаҳои асосии рушди кишоварзӣ ва нақшаҳои ояндаи он» нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар он муовини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва об М. Холбӯтаев иштирок кард.
Мавсуф таъкид намуд, ки дар вилоят тӯли солҳои 2019-2020 роҳандозӣ шудани 236 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 52-тои он амалӣ гардиданд, дар натиҷа 406 ҷои нави корӣ ба вуҷуд омад.
– Президенти ҷумҳурӣ 30-31 январи соли ҷорӣ зимни ташриф ба вилояти Ҷиззах, бо фаъолони вилоят вохӯрда, пешниҳод намуда буд, ки барои рушди чорвопарварӣ ва азнавкоркарди шир, тайёр кардани мутахассисони техникаи кишоварзӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами Беларус гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини ҳоким оид ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ба ин ҷумҳурӣ фиристода шавад. Моҳи марти соли ҷорӣ гурӯҳи кории иборат аз шаш нафар ба Беларус рафта омадем. Ба вилоят аз Беларус 42-то комбайни ғалладаравӣ оварда шуд, – гуфт М. Холбӯтаев.
Дар чорабинӣ мутахассисон дар бораи лоиҳаи асосии моҳипарварӣ, оиди обёрии қатравӣ, ташкил кардани кластерҳои замонавӣ фикру ақидаи худро баён намуданд.

Анорбой Назаров,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.             

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: