БАҲРИ ТАЪЛИМИ АВЛОДИ БА АҶДОД МУНОСИБ

Се сол инҷониб фаъолият бурдани мактабҳои президентӣ воқеаи муҳим дар ҳаёти таълими халқи мамлакатамон гардид.

Дар бораи мақом, мақсад ва вазифаҳои асосӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо айни замон, тартиби ташкил ёфтани фаъолияти ин гуна мактабҳои типи нав чӣ медонем? 
Қарори Президент «Дар бораи чораҳои ташкил намудани мактабҳои президентӣ» 20 феврали соли 2019 ба имзо расида буд. Бо мақсади иҷрои ин қарор, ҳамзамон, бо мақсади ташкили самараноки фаъолияти мактабҳои президентӣ Низом дар хусуси мактабҳои президентиро Девони Вазирон тасдиқ намуд. 
Мувофиқи Низоме, ки корбаст шуда, мактаби президентӣ дар шакли муассисаи давлатӣ шахси юридикӣ ҳисоб меёбад. 
Мактаби президентӣ бевосита ба Вазорати таълими халқ тобеъ. Ин вазорат баробари роҳбарии умумӣ ба фаъолияти ин гуна мактабҳо ва корбарии онҳо назорат менамояд. Дар мактабҳои президентӣ гирифтани таълими умумии миёна ройгон мебошад. Дар ин гуна мактабҳо баробари барномаи таълимии асосӣ бо назардошти шавқу рағбати донишандӯзон машғулотҳои амалии беруназсинфӣ гузаронида мешаванд.
Мақсад ва вазифаи асосии мактабҳои президентӣ аз аниқ сохтани бачаҳои қобилиятнок, дар ҷараёни истифодабарии технологияҳои пешқадам барпои сохтори замонавии таълимӣ, бештар дастгирӣ сохтан ва рағбатноконидани бачаҳои истеъдоднок, ташаккул додани авлоди ҷавон аз нигоҳи интеллектуалӣ иборат мебошад. Фанҳои табиӣ ва аниқ ба таври амиқ омӯзонда мешаванд. Ташкили азхудкунонии технологияҳои муҳандисию иттилоотӣ мавриди назар аст. Барои дар насли ҷавон ривоҷ додани ғоя ва мафҳумҳои инноватсионӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд. Айни замон мақсад гузошта шудааст хонандагон ба касбу ҳунар фаро гирифта шаванд, дар онҳо малакаҳои роҳбарӣ, санъати нутқ, фикрҳои танқидӣ, қобилияти ҷустуҷӯӣ, ба амалиёт ҷорӣ сохтани донишҳои назарӣ ташаккул ёбад. Иштироки фаъолонаи хонандагон оиди фанҳои умумитаълимӣ дар олимпиадаҳои байналхалқӣ, озмун ва қуввасанҷиҳои зеҳнӣ таъмин карда мешавад. Ба хатмкардагони мактабҳои президентӣ ҳуҷҷат оиди таълим дар намуди давлатӣ, айни замон дипломҳои дахлноки дараҷаи байналхалқӣ дода мешаванд, ки имкон  медиҳанд хонанда ба муассисаҳои таълими олии кишварҳои хориҷӣ дохил шавад. 
Мувофиқ ба талаботи стандартҳои таълими умумӣ ва бо баинобатгирии таълими байналхалқӣ назорати сифати таълим ба амал бароварда мешавад. Барои таъмини назорати сифати таълим ташкилотҳои махсуси хориҷиро низ ҷалб кардан мумкин. Дар ҳолати аз як ё якчанд фан паст шудани натиҷаи рейтинги хонанда бо ӯ кори индивидуалӣ пеш бурда мешавад. 
Роҳбарон ва ходимони педагогии мактабҳои президентӣ дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд. Озмун дар шакли кушод корбаст шуда, иштирокдор баробари маҳорати баланди касбӣ бояд ба фазилатҳои шахсии маънавию ахлоқӣ  молик бошад. Шахсе иштирокдори озмун шуда метавонад, ки сарфи назар аз шаҳрванди Ӯзбекистон будан ё набудан забони давлатию англисиро хуб балад аст, камаш 5 сол собиқаи кори педагогӣ дорад, дар тартибе, ки муайян шуда, аз аттестатсия мегузарад, ба дигар талаботе низ, ки вазорат пешниҳод кардааст, ҷавоб дода метавонад. 
Дар соли 2021-ум бинобар пандемия қабули ҳуҷҷатҳо ба мактабҳои президентӣ ба тарзи онлайн амалӣ гардид. Он сол дар тасарруфи Агентии рушди мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва ихтисосондашуда 16 мактаб фаъолият намуд. Аз он чаҳорто президентӣ, нӯҳто эҷодӣ ва сето ихтисосондашуда. Мактабҳои президентӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Намангон, Хева ва Нуқус фаъолият бурданду халос. Қарор гашт минбаъд боз даҳто ин гуна мактабҳо дар шаҳрҳои Бухоро, Навоӣ, Тирмиз ва Нурафшон кушода шаванд. Он сол қабул ба мактабҳо се давраро ташкил намуд. Дар ҳар як ҳудуд гурӯҳҳои алоҳидаи корӣ созмон ёфтанд ва баъди тафтиш ҳуҷҷатҳоро қабул карданд. Имтиҳони қабул дар ду давра доир гашт. Дар давраи аввал хонандагон аз математика ба 30-то саволи тестӣ ҷавоб гардонданд. Фикрҳои  танқидӣ, ҳалли муаммоҳо ва ҷавоб ба саволҳо аз фанни забони англисӣ дар давраҳои минбаъда сурат гирифтанд.
Дар соли аввали ташкили мактабҳои президентӣ ба синфҳои V-Х ҷамъ 144 нафар беҳтарин хонандагон қабул карда шуданд. 
Барои қабул ба муассисаҳои таълими президентӣ дар соли хониши 2022-2023 наздик 75 ҳазор квота ҷудо гашт. Падару модароне, ки меҳоҳанд фарзандонашон дар масканҳои таълими замонавитарин хононд, хеле афзуданд. 14 апрели соли равон фармони Президент «Дар бораи васеъ сохтани сохтори мактабҳои ихтисосондашуда дар ҳузури Агентии муассисаҳҳои таълимии президентӣ эълон гашт. Дар асоси ин ҳуҷҷат  193-то мактабҳои ихтисосондашуда ба тасарруфи Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ гузаронида шуданд.
Сохтори таълимӣ дар мактабҳои президентӣ тӯли се соли охир, Барномаи кембриҷӣ, услубҳои байналхалқӣ самарабахшии худро исбот намуд. Иштирок ва натиҷаи назарраси хонандагону хатмкардагони ин гуна мактабҳо дар озмуну санҷишҳои байналхалқӣ далели фикри мост. 

М. ШОДИЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: