Масъулону ходимони идораи таъминоти амнияти нақлиётии садорати умури дохилии вилояти Фарғона бобати таъмини бехавфии ҳаракати поездҳои мусофиркашон дар шароити пандемияи коронавирус чораҳои муҳим меандешанд.
Масъулону ходимони идораи таъминоти амнияти нақлиётии садорати умури дохилии вилояти Фарғона бобати таъмини бехавфии ҳаракати поездҳои мусофиркашон дар шароити пандемияи коронавирус чораҳои муҳим меандешанд. Дарозии умумии хати нақлиётии идораи зикршуда 232 километрро ташкил менамояд. Аз ҷумла, дар 133 километри ин хат поездҳо ҳаракат менамоянд.
Дар натиҷаи корҳои назоратию профилактикие, ки пеш бурда шуданд, хати роҳи оҳанро бемаврид бурида гузаштани 3774 нафар шаҳрвандон аниқ гашт. Нисбати онҳо корҳои огоҳсозию фаҳмондадиҳӣ ба амал бароварда шуданд.
Дар ҳудудҳои роҳи оҳан нафақат қадамгузории беэҳтиётонаи одамон, ба ҳоли худ гузошта шудани мактабиён, балки чорвои майдаашонро бонӣ кардани аҳолӣ, мутаассифона, ба назар мерасад. Дар ин гуна ҳолат мувофиқи моддаи 113, қисми 2-юми Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, нисбати ашхосе, ки бепарвоӣ зоҳир менамоянд, баённомаҳо расмӣ гардонда шуданд. Масъулон дар хонадонҳо шуда, аз наздик 5 ҳазор нафар шаҳрвандон, ки дар атрофи роҳи оҳан истиқомат мекунанд, оиди риоя ба қоидаҳои амният забонхат гирифтанд. Дар ҳудуди хидмати нақлиётчиёни роҳи оҳан 2 вокзали роҳи оҳан мавҷуд. Поездҳои мусофиркашон мувофиқи ҷадвал ҳаракат мекунанд ва дар вақтҳои зарурӣ дезинфексия карда шуда, аз чипта гирифтан сар карда, то ба манзили даркорӣ расидани сафариён риоя ба қоидаҳои карантин қатъиян таҳти назорат гирифта мешавад.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».