БАҲРИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ХОНАВУ ҶОЙ ТАРТИБИ НАВ ҶОРӢ ГАРДИД

Шахсе, ки дорои хонаву манзили худӣ аст, бо хотири ҷамъ, бо боварӣ ба фардои дурахшон хушбахтона ҳаёт ба сар мебарад.

Шахсе, ки дорои хонаву манзили худӣ аст, бо хотири ҷамъ, бо боварӣ ба фардои дурахшон хушбахтона ҳаёт ба сар мебарад. Чунки хонаву ҷой на танҳо сарпаноҳ, балки қӯрғони маънавии қалби инсон ба шумор меравад. Хонаву ҷойи худӣ баҳри ободии рӯзгор, солиму осуда ба камол расидани фарзандон аҳамияти муҳим дорад.
Солҳои охир таҳти роҳбарии Президент дар мамлакатамон ба рушди бозори воми ипотекӣ, қонеъ гардондани талаботи ба манзилҳои зист доштаи аҳолӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлат тақдим намудани субсидияҳо, ба сохтани биноҳои серошёнаи замонавӣ ҷалб намудани ташкилотҳои пудратии хусусӣ эътибори алоҳида нигаронда мешавад. 
Ин аст, ки дар муддати кӯтоҳ мамлакатамон ба майдони васеи бунёдкорӣ табдил ёфта, хонаҳои серошёнаи боҳашам, роҳҳои равон, бинои маҳаллаи замонавӣ, шохобчаҳои хизмати маишӣ сохта шуда истодаанд. Аз ҳама муҳимаш, корҳои сохтмонӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар минтақаҳо низ бо суръат пеш мераванд. 
Бо ташаббуси роҳбари давлат ба шахсоне, ки ба хонаву ҷо ниёз доранд, додани вомҳои ипотекӣ ба садҳо оилаҳо хурсандӣ мебахшад. 
Фармони Президент “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба таъмини аҳолӣ бо хонаву ҷой дар асоси воми ипотекӣ” баҳри баланд бардоштани фаровонии аҳолӣ қадами муҳим гардид. 
Бино ба фармон, шурӯъ аз 10 декабри соли 2021 тавассути вомҳои ипотекии ба тамоюлҳои бозорӣ асосёфта дар доираи таъмини аҳолӣ бо манзили зист ба шаҳрвандони даромадашон кам ва хонаву ҷояшон танг ҳангоми субсидиядиҳӣ аз буҷети давлат амалиёти муайян нашудани меъёри зиёдтарини майдони хонаи истиқоматӣ бекор карда шуд. 
Аз ҷониби вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ миқдори зиёдтарини воми ипотекие, ки ҳар сол ба як қарзгиранда дода мешавад ва миқдори субсидия баҳри як қисми пешпардохт тасдиқ карда шуд. Шахсоне, ки хабарномаро оиди пешниҳоди субсидия гирифтаанд, 5 фоизи пешпардохтро бино ба воми ипотекӣ мепардозанд. 
Сарфи назар аз ҷой, нарх ва майдони манзили зист субсидияҳо барои пардохти як қисми пешпардохт ба миқдори 32 миллион сӯм, барои пардохти фоизи як қисми субсидияҳо – дар тӯли панҷ сол 10 фоизӣ пардохта мешавад. Дар ин маврид пешпардохт ва субсидияҳо барои пӯшондани як қисми фоизи пардохтҳо, нархи манзилҳои зисти харидашудаистода дар сурати аз миқдори воми ипотекӣ боло рафтан ҳам, пардохта хоҳад шуд. 
Тибқи ҳуҷҷати мазкур дар соли 2022 барои хариди манзилҳои зист ва сохтани хонаву ҷойи инфиродӣ, ҳамчунин таҷдиду тармим вомҳои ипотекӣ, дар соли оянда нишондиҳандаҳои ҷудо кардани субсидияҳо бино ба вомҳои ипотекӣ, барои соли 2022 миқдори зиёдтарини воми ипотекии ҷудошаванда ба як қарзгиранда ва миқдори субсидияи муайяншуда барои як қисми пешпардохт тасдиқ карда шуд.
Ҳамчунин, ба Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани даромадҳои буҷети маҳаллӣ тибқи фармони мазкур ба ҳудуди дахлдор барои зиёд кардани вомҳои ипотекии пешбинишуда ва субсидияҳо рухсат дода шуд.
Навигарии муҳими дигар ин аст, ки ба ғолибони савдои музоядаи онлайни электронӣ оиди иҷора додани қитъаҳои замин барои сохтани хонаҳои бисёрошёна, 30 фоизи қимати лот баъди ҷамъбасти савдои музояда дар тӯли на кам аз панҷ рӯз, қисми боқимондааш дар тӯли 12 моҳ ба миқдори баробар бефоиз дар шакли қисм-қисм ҳуқуқи пардохтан дода мешавад. Соли оянда шурӯъ аз 1-уми январ ба ташкилотҳои пудратӣ барои ба гарав додани хонаҳои бисёрошёнаи сохтмонашон ба анҷомнарасидаи аз рӯйхати давлат гузашта, ба сифати таъминоти вомӣ рухсат дода мешавад. 
Хулоса, агар ҳар як шаҳрванд ба хонаи худӣ соҳиб бошад, кору фаъолияташ бобарор ва муваффақиятнок мегардад. Вазифаҳое, ки дар фармон нишон дода шудаанд, сари вақт ва босифат ба амал бароварда шаванд, боварии ҳамватанонамон, бахусус ҷавонон, ба оянда боз ҳам зиёд мегардад. Ин бешак, ба нафароне, ки солҳои тӯлонӣ орзуи соҳиби хонаи худӣ шудан доштанд, бахти бузург аст. 

Ботирбек ТӮРАЗОДА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.    
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: