БАҲРИ ТАЪМИНИ ОСУДАГӢ ВА ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ

Баҳри осуда зиндагӣ кардан, қабл аз ҳама риояи қатъӣ ба таомули ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ талаб карда мешавад.

Дар ҷое, ки тартибот халалдор аст, оромона ҳаёт ба сар бурдан имконнопазир. Ин чиз, хусусан, дар шаҳрҳо, ки аҳолӣ зич ҷойгир буда, одатан одамон якдигарро намешиносанд, аҳамияти бештарро молик мебошад.
Аз қадим риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази эътибор қарор гирифта, шахсони махсуси ҳуқуқӣ чун муҳофизони тартибот дар ин кор вазифадор шуда омадаанд. Масалан, садсолаҳои охирин таъмин сохтани ҳуқуқу тартибот ба зиммаи миршабҳо буд. Миршабҳо (ё худ мири шабҳо) асосан шабона тартиботи ҷамъиятиро назорат ва ба муқобили ҷинояткорӣ мубориза мебурданд. Қонуншиканиҳо бештар аз ҷониби дузду роҳзанҳо содир мегашт. Қозиён аз болои ҷинояткорҳое, ки миршабҳо дастгир кардаанд, ҳукм мебароварданд.
Дар давраи нави таърихӣ миршабро милитсионер иваз намуд. Дар шахси милитсионер одамон ҳимоятгари худ дида ва шиори «милитсияи ман – ҳимоятгари ман» сари забонҳо буд. Вале на дар ҳама ҷо ва ҳар гуна ҳолат милитсионерон вазифаи худро сидқидилона иҷро ва боварии мардуми ба ҳимоят ниёзмандро сафед менамуданд.
Дар арафа ва солҳои аввали истиқлолият ҷумҳурии мо дар ҳифзи боэътимоди тартиботи ҷамъиятӣ давраи мушкилро аз сар гузаронд. Мураккабии давр, дар як қатор кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои ҳамсояи нав ба истиқлолияти давлатӣ дастёфта дар шаклҳои гуногун зуҳурот ёфтани нотинҷӣ ва нооромиҳо ба осудагии диёри мо бетаъсир намемонд. Қувваҳои сиёҳкор осудагиро халалдор ва пайи манфиатҳои шахсӣ аз ҳеҷ гуна амалҳои нораво ва паст рӯй наметофтанд. Ин водор месохт барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳолатҳои нохуш назорати қатъӣ ҷорӣ карда шавад. Вале дар сафи кормандони ҳуқуқу тартибот баъзе шахсони ба вазифаашон нолоиқ роҳ ёфта, ҷойи он ки осудагиро таъмин созанд, ба ранҷу азоб ва сарсониҳои шаҳрвандон, хусусан деҳотиёне, ки бо сабабҳои гуногун ба шаҳр омадаанд, сабаб мегаштанд. Сари ҳар қадам нигоҳ дошта, тафтиш кардани ҳуҷҷат  ва ҷомадонҳо, саволҳои майнаро гиҷкунандаи аз куҷо ва бо чӣ мақсад омадӣ, чаро шиносномаатро ба қайди муваққатӣ нагузоштӣ ва ҳукми ноодилонаи ҷаримаро супор ва худи ҳамин рӯз баромада дафъ шав ба иззати нафси мардум мерасид. Кор то дараҷае расид, ки одамони бепаноҳ аз маст ё авбоши кӯча не, аз кормандони ҳуқуқу тартибот бештар ҳаросанд ва то имкон ҳаст барои ба чашми онҳо намудор нагаштан ҳаракат кунанд.
Аз як қатор давлатҳои хориҷӣ хабарҳо оиди амалиёти харобкори рэкет ва «дуздони қонунӣ» ба гӯш мерасид. Дар мо низ низомипӯшони тамаъкор пайдо шуданд. Дар аэропорт ва истгоҳҳои роҳи оҳан бо баҳонаҳои гуногун маблағҳои дар мусофират ба ивази маҳрумият ва меҳнати пурмашаққат ба даст овардаи мардикорҳоро кашида гирифта, болои мурда сад чӯб гуфтагӣ барин, корашонро ба тафтиш мегузаронданд. Харидани чипта бо нархи муқарраршуда имкон надошт, худи низомипӯш ба касса наздикшавии мусофирони оддиро роҳ нагузошта, онҳоро ба «билетҷаллобон» рӯбарӯ месохт.
Маълум, ки ҳолатҳои нохуш ва ташвишовар асосан шабонгоҳҳо рӯй медиҳанд. Бо фуромадани пардаи торикӣ ба дил ҳарос роҳ ёфта, кас мехост зудтар сиҳату саломат ба манзили худ расида равад. Зеро бисёр мешуд ба автобусҳои махсус маҷбуран савор карда, ба «ҷойҳои даркорӣ» бурда, асаб ва киссаҳои каси ноилоҷ бевақтӣ ба кӯча баромадаро хароб кунанд.
Чанд соли охир, хушбахтона, вазъият дигаргун гашт. Сафҳои масъулони ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла, ходимони корҳои дохилӣ аз шахсони тасодуфӣ тоза гашт. Муомила ва муносибати милитсионерҳо ба шаҳрвандони оддӣ куллан тағйир ёфт. Даврае фаро расид, ки дар шахс ва симои онҳо кас ҳимоятгари воқеии худ дарёбад.
Оромӣ ва осудагии тамом дар саросари кишвар ба ҳамватанони мо мамнуният мебахшад, албатта. Ин гуна ҳолатро дар шаҳри Тошканд низ мушоҳида кардан мумкин. Меҳмононе, ки ба пойтахт омадаанд, акнун ҳеҷ гуна хавотирӣ ҳис намекунанд. Талаб карда нашудани қайдҳои муваққатӣ дар шиноснома, хотима ёфтани расмиятбозӣ ва ҳисси боварӣ ба шаҳрвандон, ба замми ин, мувофиқи мақсад будани худро равшан ба зуҳур меорад. Дигаргуниҳо дар ин бобат далолат медиҳанд бо эҳтиром сохтани озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон низ ба осудагию оромӣ даст ёфтан, пеши роҳи ҳар гуна қонуншиканиҳоро гирифтан имконпазир.
Бо вуҷуди он ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, минҷумла, осудагии ҳаёти пойтахти мамлакатамон корҳои самаранок ба анҷом расонида ва халқ назар ба пештара сабуктар нафас мекашад, ҳаракатҳо баҳри боз ҳам баланд бардоштани дараҷаи осудагӣ ва пешгирии ҷинояткориҳо дар Тошканд боз ҳам ҷоннок мегарданд. Қабул карда шудани қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 июни соли 2018 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии таъминсозии тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва мубориза ба  муқобили ҷинояткорӣ дар шаҳри Тошканд» далели ин фикр аст. Дар қарор таъкид меёбад бобати ҷорӣ намудани низоми сифатан нави ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи сипаришуда корҳои зиёд ба амал бароварда шуданд. Ҳаракатҳо дар ҷодаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, таъмин сохтани ҳуқуқу тартибот ва ҳифзи муътамади озодию манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дар ин самт ҳамкориҳо бо мақомоти давлатию идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаҳои дилхоҳ бахшиданд.
Вале ин маъное надорад тамоми корҳо ба дараҷаи талаботи рӯз бошанд. Хусусан, ҳангоми шом ва шабона ҳолатҳои ногувор дар намудҳои гуногун ҳанӯз оромию осудагии пойтахтро халалдор месозанд. Дар ин байн ҳатто ҷиноятҳои вазнинтарин содир мегарданд ва водор месозанд барои баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти мақомоти ҳуқуқу тартиботи Тошканд, ба роҳ мондани ҳамкории наздики онҳо бо идораҳои давлатию мақомоти худидора, таъмини пурраи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва пурзӯр сохтани мубориза алайҳи ҷинояткориҳо чораҳои заруртарин андеша шаванд. Мувофиқи қароре, ки дар боло зикр гашт, аз 1 июли соли 2018 ҳамчун таҷриба барои ба роҳ гузоштани низоми таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва гирифтани пеши қонуншиканиҳо дар маркази ҷумҳуриамон Консепсияи «Пойтахти бехавф» ҷорӣ гардид. Акнун шуъбаҳои қатории мақомоти корҳои дохилӣ, гвардияи миллӣ, ҳамчунин намояндагони ҷомеаҳо таҳти ҳамдастӣ тартиби шабонарӯзии себастаи патрулиро ба роҳ мегузоранд ва аз соати 16.00 то 8.00 масъулияти таъмини осудагии пойтахт ба зиммаи онҳо гузошта мешавад. Дар доираи татбиқ намудани Консепсия таҷрибаи амалиёти марказҳои мобилии робита ва ҳамоҳангсозии тартиботи ҷамъиятӣ бо вобаста кардани онҳо ба ҳудуди шуъбаҳои хидматрасонии корҳои дохилӣ ҷорӣ карда шуда, вазифаи асосӣ дар ин самт кӯмак ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ бобати татбиқ сохтани назорат, идора ва ташкили ҳамкориҳои самарабахши байниякдигарии нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва шуъбаҳои дарамали мақомоти давлатӣ дар хидмати шабона қарор гирифтааст. Созмон ёфтани гурӯҳҳои ҷамъиятии посбонии «Фидокор ёшлар», ҳамчунин, дар таъмини оромии ҳар як маҳаллаи шаҳри Тошканд бо ҷалб намудани ҷавонони фидоӣ, ки ба осудагии диёр бетараф нестанд, аз ташаккули чораҳои иловагӣ оиди таъминсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дарак медиҳанд.

М. ШОДИЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: