Дирӯз дар хонаи мо мавлуд буд.
Мавлуди падар! Падари омӯзгор, падари мушфиқ, ғамхор ва соябони сари фарзандон. Гӯё ин лаҳзаҳо боғи зиндагии падарам аз ҳарвақта дида беҳтару бештар боровар шуда буд. Ҳашт нафар фарзандони дилбанд. Келинҳову набераҳои дӯстрӯй дар гирди дастархони пур аз нозу неъмат саргарми сӯҳбат буданду аз дидори падар ва якдигар шоду масрур. Хандаву шӯхиҳои набераҳо гӯё ба базми мавлуди бобо оҳанг ва нағмаҳои ҷаззоб мебахшид, ки падарам аз онҳо лаҳза ба лаҳза рӯҳу илҳоми тоза мегирифтанд.
Банда чун ҳардафъаина риштаи суханро ба даст гирифта, хостам диққати ҳозиринро ба худ ҷалб созам. Аз ин рӯ, бо мадҳу ситоиши падар суханро оғоз намуда, ин байтҳоро бадоҳатан ба забон овардам:
Зиндагиро аз падар омӯхтам,
Равшаниро аз қамар омӯхтам.
Гиря аз борони найсони баҳор,
Ханда аз субҳи саҳар омӯхтам.
Пас аз қироати ин байтҳо аз нигоҳҳои гарми падар қувва ва нерӯи тоза гирифтам, ки мурғи илҳомам ба хониш омад ва инони сӯҳбатро ба даст гирифта, суханамро чунин идома бахшидам:
– Ман баракати зиндагиро аз умри босамар тайшуда ва рӯзгори обод медонам. Фарде, ки фидои пешаи худ бошад, ӯ соҳибэҳтиром, баобрӯ ва намунаи дигарон шуда метавонад. Охир гуфтаанд-ку:
Кӯш то халқро ба кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон биороӣ.
Ба ин монанд дар сифати зиндагӣ чанд мисол оварда, пиёлаи чойи ба сӯям дарозшударо гирифта, хомӯш шудам.
Хоҳари калониам – Замира, ки муаллимаи фанни кимиёст, аз хомӯшии ман истифода бурда, ҷилави суханро ба даст гирифт ва гуфт:
– Ман ба наздикӣ аз маҷаллае мутолиа намудам, ки яке аз фанҳои мушкилтарин дар мактаб фанни кимиё будааст. Масалан гирем, – сухани худро давом дода гуфт ӯ, – барои муайян кардани секунҷа ё ягон фигураи геометрӣ аз рӯйи формула чен кардан мумкин аст. Аммо муайян кардани як стакан маҳлул дониш, малака ва заҳмати зиёдеро тақозо дорад, ки танҳо мутахассиси соҳаи кимиё аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонад...
Падарам, ки суханони хоҳарамро бо диққат гӯш меандохтанд, ба фикри ӯ ҳамроҳ нагардида, чунин эрод гирифтанд:
– Не, инту нест! Ман ба ин фикри ту мутлақо розӣ шуда наметавонам. Зеро, ки фанни асоситарин дар мактаб ин фанни забони модарист. Чунки забони модарӣ барои ҳамаи фанҳо ва илмҳо нақши модарӣ дорад. Барои омӯхтан ё омӯзонидани ин ё он илму фан пеш аз ҳама забони модарӣ ва ё дониши забонӣ муҳимтар аст. Ман фикр мекунам, ки бе забони модарӣ ҳамаи илмҳо хор мешаванд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.
Ба баҳси мо бародари калониам Фирӯз, ки ӯ ҳам мутахассиси соҳаи кимиё мебошад, ҳамроҳ шуда фикри Замираро қувват бахшид:
– Забон ба гурӯҳи фанҳои гуманитарӣ дохил мешавад. Кимиё бошад ба гурӯҳи фанҳои дақиқ. Ҳама вақт омӯхтан ва таълим додани фанҳои дақиқ душвор аст. Барои омӯхтани фанни кимиё пеш аз ҳама шахс бояд илми риёзӣ (математика)-ро хуб донад. Аз тарафи дигар, аз фанни физика бояд бохабар бошад. Дар сурати бебаҳра будан аз ин илмҳо ман фикр мекунам, ки илми мазкур ба ӯ дастрас намегардад. Дуруст аст, ки фанни кимиё яке аз фанҳои асосӣ ва аввалиндараҷа дар замони мо дониста мешавад, ки ягон соҳаи ҳаёту зиндагиамонро бе он тасаввур кардан ғайри имкон аст.
Хоҳари хурдиам Гулрухсор, ки муаллимаи фанни риёзӣ аст, ба сухани бародарам ҳамроҳ шуда гуфт:
– Математикаро шоҳи фанҳо мегӯянд! Ягон илми дақиқ бе математика арзи ҳастӣ карда наметавонад. Ҳамарӯза дар рӯзгору зиндагии мо ин фан даркор аст. Ҳатто дар фанни забони модарӣ «шумора» гуфтанӣ ҳиссаи нутқ мавҷуд, ки ба фанни математика алоқамандӣ дорад.
– Дуруст мегӯед, – гуфт бародари хурдиам Диловар. Вай аз рӯйи ихтисос биолог аст. – Аммо фаромӯш насозед, ки мояи асосии ҳаёти инсон фанни биология мебошад. Биология – ин ҳаёт, наботот, зиндагӣ ва зиндагонист!
Ӯ дар баҳри беканори ин фан ғаввос гардида, асоситарин фан будани биологияро исбот кардан мехост. Ҳатто аз мадди назари ӯ на тадқиқотҳои Чарлз Дарвину на китоби бузурги «Пайдоиши намудҳо» дур намонд. Инчунин, сафари панҷсолаву киштии «Биг-лӣ»-и ҷӯяндаи онро дар силсиламисолҳояш кор фармуда, ба аҳди худ устувор будан мехост. Агар завҷаи ӯ пиёлаи чойро ба сӯяш дароз намекард, боз худо медонист, ки чӣ қадар мисолҳо меоварду дар ин майдони баҳси илмҳо талош меварзид.
Баҳсу талошҳо дар мавзӯи беҳтарин ё авлотарин фан ва ё илм дар сари дастархони падар, дар канори қиблагоҳ, ҷараёни тоза дошт. Ҳар яке мехост ба дуруст будани фикраш садҳо далелу исбот биёрад. Ам-мо ...
Падар аз ин баҳсҳо шод шуда аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирифт. Хурсанд аз он буд, ки заҳмати ин қадар сол кашидаи ӯ барабас нарафта, имрӯз дастпарварони боғи илму ирфони ӯ дар хидмати мардуманд.
– Ҳама гуфтаҳои шумо дар ин талошҳо қабуланд, – гуфтанд падарам ниҳоят ба баҳси мо ҳамроҳ гардида. – Аммо дониста бошед, ки барои омӯхтану омӯзонидани ҳамаи фанҳо забон нақши бузурге дорад. Агар ин ҷо забон намешуд, оё мо метавонистем, ки бо имову ишора фикри худро пурра баён созем. Албатта не! Пас, дониста бошед, ки забони модарӣ маҳаки асосии илму маърифати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад...
Ин замон табақҳои оши палав рӯйи дастархонро зеб доданд. Ман бошам боз ҷилави суханро ба даст гирифтаму ба табақҳои ош ишора намуда чунин гуфтам:
– Бародару хоҳарони азиз! Дар омода шудани ин хӯроки болаззат ҳамаи илмҳо иштирок карданд ва заҳмат кашиданд. Танҳо моро зарур аст, ки ҳиммат баланд бардошта онҳоро омӯзему аз худ намоем.
Нишастагон ҳама аз ин хулосаи ман ба ваҷд омаданд. Падар нахустин даст ба ош бурд, сипас дигарон. Ин буд як рӯзи таваллуди пурмаърифате дар як нишасти оилавии мо!
Илҳом ХИДИРОВ,
омӯзгори мактаби
рақами 8-уми
ноҳияи Сариосиё.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.