Баёни Байден дар бораи афви писараш

Президенти ИМА Ҷо Байден афви писараш Хантерро аз рӯи ду парвандаи судӣ сарфи назар аз ваъдаҳои зиёди пешинааш дар бораи анҷом надодани ин кор имзо кард.

"Имрӯз ман ба афв барои писарам Хантер имзо кардам, - гуфта мешавад дар изҳороти роҳбари ИМА, ки рӯзи якшанбе тавассути хидмати матбуоти Кохи Сафед паҳн шуд. - Аз рӯзи аввали корам ман гуфтам, ки ба қабули қарор аз ҷониби Вазорати адлияи ИМА дахолат намекунам. Ва ман ба ваъдаам вафо кардам, ҳатто вақте дидам, ки писарам мавриди таъқиби интихобӣ ва беадолатона қарор гирифт". "Айбномаҳо аз рӯи парвандаҳои ӯ танҳо пас аз он пешниҳод шуданд, ки чанд нафар аз рақибони сиёсии ман дар Конгресс инро ба мақсади ҳамла ва монеъ шудан ба интихоб шудани ман барангехтанд," - изҳор дошт роҳбари Амрико.

Тавре аз изҳорот бармеояд, сухан дар бораи баррасии парвандаҳо дар иёлатҳои Делавэр ва Калифорния меравад. Дар Делавэр Хантер Байден ба қонуншиканиҳо, ки ба соҳибӣ ба яроқи оташфишон марбут буданд, айбдор дониста шуд ва гунаҳкор эътироф гардид. Дар Калифорния писари роҳбари Амрико гуноҳашро дар напардохтани андозҳо эътироф намуд.

Қаблан Кохи сафед борҳо таъкид карда буд, ки Байден нақша надорад писарашро афв кунад, хабар медиҳад tass.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: