БАЁННОМАИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН: ТАҲДИДҲОИ ДАВР ВА ВОҚЕИЯТ

22 ноябр дар Маҷмӯи анҷуманҳои шаҳри Самарқанд Анҷумани осиёӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон кори худро сар кард.

Ин чорабинии бузург, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор мегардад, якҷо бо бахши минтақавии Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Осиёи Марказӣ, намояндагии доимии СММ дар Ӯзбекистон, Маркази минтақавии БР СММ дар Истанбул, БР СММ дар Ӯзбекистон, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар мамлакати мо, Бюрои САҲА оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон, Ассамблеяи парлумонии САҲА созмон дода шуд.
Дар анҷуман бино бар мавзӯи «Натиҷаҳои 70 соли баъд аз қабулшавии Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон: таҳдидҳои давр ва воқеият» коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони парлумон ва  низомҳои судӣ, мақомоти ҳуқуқу тартибот, мақомоти ҳамоҳангсози давлатӣ бино бар пешниҳоди ҳисобот ва ҳаракатҳои минбаъда, идораҳои миллӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ширкат меварзанд. Барои иштирок дар чорабинӣ намояндагони Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Афғонистон ва як қатор мамолики дигар ташриф овардаанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокдорони анҷуман Раиси Сенати Олий Маҷлис Ниғматилло Йӯлдошев хонда дод. Ҳамчунин муроҷиати видеоии Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш пешниҳод гардид.
Дар паёми роҳбари давлат таъкид мегардад, ки 70 сол муқаддам қабул шудани Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон барои қарор ёфтани равандҳои демократия ва инсонпарварӣ дар тамоми ҷаҳон имкониятҳои навро боз намуд. Мутаассифона, алҳол ҳамаи мо шоҳиди пурзӯр гардидани анъанаҳои мураккабу мухолифи якдигар мегардем, ки ба пешрафти мусбат монеъ мешаванд.
Дар ин замони душвор раванди асосии соҳаи ҳуқуқи инсон – ҳамагонӣ будани он дар рӯзномаи ҷараёнҳои сиёсӣ ва амалиёти ҳуқуқи байналхалқӣ боқӣ мемонад. Дар Ҳамоиши СММ оид ба рушди устувор, ки моҳи сентябри соли 2015-ум дар Ню-Йорк баргузор шуд, роҳбарони 179 давлат Рӯзномаи корро дар ин ҷанба бино ба давраи то соли 2030-юм тасдиқ карданд. Вазифаҳои минбаъда барои 15 сол бобати татбиқ сохтани 17 Ҳадафи рушди устувор мушаххас шуданд. Мутаассифона, дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон таъмин сохтани ҳуқуқҳои ҳамагонӣ барои ҳар як инсон душвор мегардад.
– Иқтисодиёти Қитъаи Осиё, ки зиёда аз 30 фоизи тамоми хушкиро дар бар мегирад, тақрибан 32 фоизи иқтисодиёти фаъоли ҷаҳониро ташкил медиҳад, – қайд кард директори Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқҳои инсон Акмал Саидов. – Дар кишварҳои Осиё иқтисодиёт бо суръатҳои баланд инкишоф меёбад, даромади аҳолӣ меафзояд. Баробари ин рушди иқтисодиёт худ аз худ муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва пеш аз беш самарабахш ҳифз кардани ҳуқуқҳои инсонро муайян намекунад. Анҷумане, ки дар қитъаи мо баргузор мешавад, аз замони қабул шудани Баённомаи умумии ҳуқуқҳои инсон аввалин аст ва ба коркарди тавсияҳои амалӣ бобати такмил додани механизмҳои мавҷуда ва таъсис додани механизмҳои нави ҳифзи ҳуқуқи инсон нигаронида шудааст.
Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон – аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқи байналхалқӣ ба шумор меравад, ки мамлакати мо баъд аз дарёфти истиқлолият ба он ҳамроҳ гардид. Равандҳои асосии ин баённома дар Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифода ёфтаанд.
Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ки бо ташаббуси Президенти мамлакати мо коркард шуд, ба давраи нави минбаъд такмил додани низоми таъминсозии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ибтидо гузошт. Стратегияи амалиёт «харитаи роҳ»-и Ӯзбекистон бино бар иҷрои Ҳадафҳои рушди устувори СММ дар мамлакат шуд. Бо қабули Стратегияи рушди Ӯзбекистон масъалаҳои дастгирӣ, ҳифз ва риоя кардани ҳуқуқҳои инсон самтҳои бартариноки сиёсати давлат ва ҳамкорӣ бо шарикони байналхалқӣ гардид.
– Баённомаи умумии ҳуқуқҳои инсон ҳуҷҷати ҳуқуқие ба шумор меравад, ки ба ҳифз ва кафолати шахсӣ, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ ва озодии инсон нигаронида шудааст, – таъкид кард муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, директори генералии бахши СММ дар шаҳри Женева Майкл Мёллер. – Ягон ҳуҷҷати дигар бобати  миқдори тарҷума ба забонҳои халқҳои ҷаҳон, қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ ва ҳамроҳшавии давлатҳо, ки дар пояи  он андешида шудаанд, баробар шуда наметавонад. Зеро дар он муайян гардидааст, ки ҳар як инсон дар сайёраи мо новобаста аз зодгоҳ ва ҷойи зист, тобеияти миллӣ ва забонӣ, эътиқоди динӣ  ҳуқуқ ва озодиҳои баробар дорад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамзамон бо ҳуҷҷатҳои дигари СММ  бобати ба ҳаёт татбиқ шудани меъёрҳои баённома эътибори махсус медиҳад. Дар сиёсати ислоҳоти васеъмиқёсе, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев дар пояи Стратегияи амалиёт амалӣ мешаванд, мақсади таъмин кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон мавқеи муҳим доранд.
Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ, роҳбари Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ Наталия Герман бо зикри он ки Анҷумани осиёӣ доир ба ҳуқуқҳои инсон идомаи мантиқии Конфронси байналхалқии «Осиёи Марказӣ: гузаштаи ягона ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ барои рушди устувор ва шукуфоии тарафайн», ки моҳи ноябри соли 2017-ум дар Самарқанд баргузор шуд, ба шумор меравад, моҳияти чорабинии кунуниро натанҳо барои халқҳои минтақа, балки барои тамоми Осиё таъкид сохт.
– Сиёсати фаъоли минтақавии Президент Шавкат Мирзиёев баробари рушди робитаҳои иқтисодӣ халқҳои таърихан дӯст ва бародарро пеш аз беш қарин мекунад, – қайд кард Наталия Герман. – Соддатар шудани режими даромаду баромад аз сарҳадҳои Ӯзбекистон ба давлатҳои ҳамсоя, вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, пеш аз ҳама, ба манфиати шаҳрвандони қаторӣ хидмат мекунад. Ғайр аз ин мо ташаббусҳоро бобати танзими сулҳхоҳонаи вазъият дар Афғонистон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои аҳолӣ, аз ҷумла занон ва кӯдаконро дастгирӣ менамоем. Аз ин нуқтаи назар анҷумани кунунии Самарқанд моҳияти таърихӣ дорад.
Директори Бюрои САҲА оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон Ингибёрг Солрун Гисладоттир, раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА Георгий Серетели, намояндаи махсуси Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон Адам Абделмула ва дигарон, ки дар анҷуман баромад карданд, дар бораи корҳое, ки алҳол дар миқёси байналхалқӣ амалӣ мешаванд, вазифаҳои минбаъда дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва аҳамияти анҷумани мазкур сухан гуфтанд.
Иштирокдорон муроҷиати Котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонгро шуниданд.
Дар доираи Анҷумани осиёӣ меморандум доир ба ҳусни тафоҳуми байни Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бюрои САҲА оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон, ҳамчунин ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон ба имзо расид.
Дар нимаи дуввуми рӯз анҷуман кори худро дар иҷлосияҳои «Мероси Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон – фарогирии ҳамагонӣ ва ҳуқуқи инсон», «Ҳуқуқи инсон ҳамчун асоси таъмин шудани Ҳадафҳои рушди устувор», «Маърифат дар соҳаи ҳуқуқи инсон: инноватсияҳо ва даъватҳои нав» идома дод. Намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, коршиносон, роҳбарони марказҳои миллӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Анҷуман кори худро идома медиҳад.

Ғ. ҲАСАНОВ,
У. ШОНАЗАРОВ,
хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: