БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ЗАБОНӢ ВА УСЛУБИИ

романи «Ӯткан кунлар»-и Абдулло Қодирӣ

романи «Ӯткан кунлар»-и Абдулло Қодирӣ
Тасвири ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ дар романи таърихии А.Қодирӣ «Ӯткан кунлар» аз соли 1268 ҳиҷрӣ оғоз мегардад. Дар асар ҳодисаву воқеаҳои таърихии шаҳрҳои Тошканд, Марғилон ва Хӯқанд мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, устоди каломи бадеъ А.Қодирӣ бо мақсади фардикунонии забони қаҳрамонони роман аз имлои забони пешинаи ӯзбекӣ истифода бурдааст. Ин маънӣ на танҳо дар воҳидҳои луғавии забони ӯзбекӣ, дар калимаҳои вомии тоҷикӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Масалан, ба ҷойи овозҳои «г» ва «к»-и забони адабии ҳозираи ӯзбек истифодаи овозҳои «ғ» ва «қ» ба назар мерасад:
1. Ба ҷойи истифодаи «ғ»: соддағина (116), донғдор (11), дамлағак (206), дармонсизлаған (365), ошниғина (72), оҳистағина (365), худойға (348,349), жонғина (57), парвосизғина (306), худойғағина (40), зӯрланған (293)...: Ҳожи парвосизғина қилиб қараған булди (306). — Худойға топширдим, Кумуш, қазом етиб кӯралмай ӯлсам, мендан розӣ бӯл! (349).
2. Ба ҷойи «к» истифодаи «ғ» ва «қ»: душманлиғи (324), бесаранжомлиқ (355), ошналиқ (238), орзулиқ (302), шодлиқлар (81), хӯрлиқдан (172), зӯрлиғини (205), жонбозлиқ (106), жудолиқ (347), миннатдорчилиқ (190), нодонлиқ (260), зӯрлиқ (224), усталиқ (158), ободлиғи (291), осонлиқ (179), савдогарчилиғи (237), норозилиғини (351): Мундан уч дақиқа илгари саодати учун тиришилган орзулиқ Зайнабнинг оқибати ҳам шу бӯлиб қолған эди (302).— Сизларда қандай душманлиғи бор экан?(324).
Монанди ҳамин, мувофиқи имлои забони пешина анҷомаи яке аз келишик (падеж)-ҳо—«га» дар калимаҳои вомии тоҷикӣ низ дар шаклҳои «-ға»,«-ка» ва «-қа» истифода шудааст: донхонаға (55), додиға (117), дорға (92, 213), димоғларға (140), деворға (235), ошға (71, 231), охирға (226), озодлиқға (278), шаҳриёриға (118), хафаланишға (226), худоға (252), меҳмонхонаға (148, 205, 206, 210), майдонға (245), пошшоға (160), тождорға (278), тоғораға (314), ёлиға (141), занбилға (239); дӯстка (297), бахтка (79), гапка (33, 48, 143, 333, 335, 350), ошка (233), чапка (32, 216), тушка (176), наматка (180), димоғқа (218, 283): Отабек деворға интилди ва секингина юқориға кӯтарилди (235). Бахтка қарши бу фикрдан ҳам тезда қӯл ювди (79). Кӯз ёшлари юзи орқалиқ эгарининг қошиға ва отининг ёлиға тома бошлайдир...(141). Енгилгина экан шамол димоғқа турлик ӯлан исларини келтуриб урар эди (283).
Зиёда аз ин, калимаҳои вомии тоҷикӣ дар забони романи «Ӯткан кунлар»-и А.Қодирӣ аз лиҳози тарз ва мавриди истифода низ қобили таваҷҷӯҳанд:
1. Калимаҳои вомии тоҷикие, ки дар забони адабии ҳозираи ӯзбек фақат дар услуби боҳашам маъмуланд: сарупо (54) — сарпо (шакли ӯзбекиаш), дарбоза (12)—дарвоза, ошно (161)—ошна, камина (117,118):Сарой дарбозасидан икки киши келиб киргач, улардан бирави дарбоза ёнидағи кимдандир сӯради (12). Қипчоқлар хайрихоҳи камина қулингиз бу сирни ичимга ютолмай, бир неча воситалар бирлан Марғилон ҳокими Ӯтаббойга билдирдим (117).
2. Як миқдор калимаҳои вомии тоҷикие низ истеъмол шудаанд, ки онҳо танҳо ҳамчун калимаҳои адабии китобии қадима ва таърихӣ дар таркиби луғавии забони адабии ҳозираи ӯзбек ҷой доранд: дору (368), навжувон (277), кафш (311, 330), гӯшанишин (41), мусиқавий (42), мижгон (152), зиндон (80): Чорламаған жойга бориш учун кафшинг кӯчада қолган эмас,—деди (330). Орадан беш кунлаб ӯтди, маҳбуслар зиндон балосидан қутила олмағанларидек, уларнинг қамалиш сирлари ҳам ҳеч кимга билинмади (80).
3. Дар роман истифодаи калимаҳои тоҷикие низ ба назар мерасанд, ки онҳо дар забони адабии ҳозираи ӯзбек мустаъмал нестанд: бофанда (192), бообрӯ (219), осиб (277), шаҳриёр (118), жонсӯз (33, 170), нописанд (278), рӯзӣ (38), кӯшиш (145): Маълумки, бофандалар олдиға кӯпинча хотин-қизлар келиб, янги нусха қидириб юрийдилар (192). ...жонсӯз бир товуш ила «уятсиз» деб қичқирди ва ерга йиқилиб ӯзидан кетди...(170-171).
Дар романи «Ӯткан кунлар»-и А.Қодирӣ, чи тарзе ки ишора рафт, калимаҳои вомии тоҷикӣ зиёда ба чашм мерасанд. Нигоранда бо мақсади шахси бомаърифат, фурӯтан, ғамхори оила, тарафдори халқ ва донандаи забони тоҷикӣ будани яке аз қаҳрамонони мусбати асар Юсуфбек Ҳоҷиро нишон додан зарбулмасали тоҷикии «Зӯри беҳуда миён шиканад»-ро дар як маврид айнан, дар мавриди дигар дар шакли тарҷумаи ӯзбекиаш истифода бурдааст:
– Зӯри беҳуда миён шиканад.
– Илоҳи тожикингиз қурсин! – деди Узбек ойим...(299).
– Уринсиз чирансанг, белинг синадир, дейди тожиклар (299).
Ҳамин тавр, нигорандаи ҳодисаю воқеаҳои таърихӣ А.Қодирӣ кӯшиш намудааст, ки забони романи «Ӯткан кунлар» бо забони замони тасвир мувофиқ бошад, яъне забони асар аз забони пешинаи ӯзбек бархурдор гардад. Ин маънӣ на танҳо ба воҳидҳои луғавии ӯзбекӣ, балки ба калимаҳои вомии тоҷикии дар роман истифодашуда низ тааллуқ дорад. Аз ин рӯ, дар забони роман як миқдор калимаҳои адабии китобии қадимаю таърихӣ ва калимаҳои мансуби услуби боҳашам арзи вуҷуд намудааст.

Малик КАБИРОВ,
номзади илми филология.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: