“БАЪЗЕ СЕРИАЛҲО ХИЛОФИ ЗЕҲНИЯТИ МАРДУМИ МОЯНД”

Вақтҳои охир сериалҳои телевизионие, ки синамогарон ва одамони ин касбу кори Ӯзбекистон офаридаанд ва дар шабакаҳои гуногуни хусусӣ намоиш дода мешаванд, мавриди танқид қарор мегиранд.

Аз тамошобини одӣ то коршиносу олим ва сенаристи варзида аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи якчанд сериал фикрҳои худро баён кардаанд. 
Журналист Барно Султонова дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки муқаддам борҳо дар ин бора бонги изтироб задааст, вале ин вокунишҳои ӯ дар байни мутахассисони соҳа ягон вокуниши ҷиддӣ ба бор наовард. Ҳарфҳои зиёди дигар низ ҳамин гуна бидуни вокуниш мондаанд. Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳатман дар ин робита корҳои мусбат ба вуқӯъ мепайванданд. 
“Дар ягон филми хориҷӣ, ки ман аксари вақт барои тамошои он иштиёқ дорам, падар ба ҳамсари писари худ бо назари шаҳват нигоҳ накардааст. Хушдоманеро надидаам, ки барои ҳифзи ору номуси писараш арӯси ӯро барои ҳамхобагӣ бо шавҳараш розӣ кунонида бошад”, навиштааст Барно Султонова.
Вай афзудааст, ки дар филмҳои хориҷӣ низ ягон зани зардинамӯй ба хиёнати шавҳараш бидуни вокуниши манфӣ намондааст. “Дар назди фоҷиае, ки дар шабакаҳои телевизионӣ мебинам, ба ҳамхобагӣ маҷбур кардану тамошои филмҳои эротикӣ ҳеч аст. Мушкилот дар ин аст, ки ин филмҳои синамогарони кишварамро коршиносони байналмилалӣ, тамошобинони хориҷӣ ва миллатҳои дигар тамошо карда, аз болои мо тамасхур мекунанд”, қайд намудааст журналист.
– Як қатор филмҳову сериёлҳо, қабл он ки дар шабакаҳои телевизиони давлативу хусусӣ пахш шаванд, бояд аз мадди назари дастандаркорони босалоҳияти ин шабакаҳо гузаранд. Дар акси ҳол вазъият тағйир нахоҳад ёфт. Барномаҳои телевизионро имрӯз дар ҳар як хона одамон тамошо мекунанд. На ҳама антеннҳои моҳвораӣ доранд, то ки барномаҳои шабакаҳои телевизиони давлатҳои хориҷиро тамошо кунанд. Барои ҳамин аз роҳбарони ҳамаи шабакаҳо тақозо мегардад, ки эҳсоси масъулият намоянд ва аз пахши сериёлҳое даст кашанд, ки дорои лаҳзаҳои фаҳш ва барои зеҳнияти мардуми мо ғайри қобили қабул мебошанд, – мегӯяд журналисти ҷавон Шермуҳаммад Деҳқонов.
Гуфта мешавад, ки соли сипаришуда Агентии кинематографияи Ӯзбекистон мувофиқи фармоиши давлат ва дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионӣ чанд сериалро ба навор бардошт. 
Ёдовар мешавем, ки чанде муқаддам сериали “Сабрия”  барои намоиш додани лаҳзаҳои фаҳшу беҳаёӣ ва ба зеҳни мардуми мо зид мавриди интиқоди шадид қарор гирифт, дар натиҷа мудири умумӣ ва муҳаррири шабакаи “Севимли” аз кор сабукдӯш гардидаанд.
Вазири фарҳанг О. Назарбеков низ вобаста ба ин мавзӯъ дар канор намонд. Вай эътироз намуд, ки ба намоиши оммавӣ ҳавола намудани маҳсулоте, ки аз маърифат ва маънавият дур мебошад, ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад, он ғайр аз хиёнат ба мардум ва давлат чизи дигар нахоҳад буд.
Дар пайи ӯ филолог ва блогнавис Шаҳноза Соатова бархе аз сериалҳоро “мамлакати фурумоя” номидааст. Ба гуфтаи ӯ сериалҳои туркиро ҳама хилофи маънавияти мардуми мо мехонанд, аммо акнун синамогарони худӣ арзишҳои пасту залил, бадкирдориву бадахлоқиро байни мардум, хусусан ҷавонон тарғиб мекунанд. 
Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик синамогарон ва студияҳои наворбардори хусусӣ барои наворбардорӣ ва пахши сериалҳои мундариҷаашон пасту заиф ва мухолифи зеҳни мардуми кишварро таҳти назорати шадид қарор хоҳанд дод.
Масъалаи дигари рӯз дар хонаву кор муҳокима шудани мундариҷаи сериалҳо мебошад. Он вақти тиллоии одамони зиёдро мегирад, бо вуҷуди ин домани муҳокимаҳо фарохтар мегардад, аксарият дарк наменамояд, ки ин вақти тиллоиро болои ҳам ҷамъ кунӣ, чанд соли ҳаётро ташкил мекунад.
Агар ба мундариҷаи навиштаҳои Саида Мирзиёева – ноиби раиси Шӯрои васигии хазинаи Масс-медиа дар шабакаи телеграмаш назар кунем, мебинем, ки вай зимни муҳокимарониҳо таъкид варзидааст ки шӯроҳои бадеӣ бояд дар мавриди сериёлҳои бетабъ хулосаи худро ошкоро баён кунанд.  
“Ман дар бораи сатҳи бадеӣ ҳарф намезанам, ин чиз дар сериал вуҷуд надорад. Инчунин, мутмаинам, ки дар байни муаллифон ягон зан шомил нест. Зеро,  дар ягон филм ин қадар нафрат нисбати занонро надидаам”, – қайд намудааст С. Мирзиёева дар саҳифаи худ.
Ба ақидаи ӯ рӯйикор омадани чунин “намунаҳои эҷодӣ”-и муҳтаво ва мундариҷаашон паст обрӯву эътибори занони кишварро зери суол мегузорад. Вай эътирозкорона мегӯяд:  “Чӣ тавр худкуширо дар экран нишон додан мумкин аст?” ва баъд меафзояд, ки занони мо сазовори чунин муносибат нестанд. 
Ин эътирози вай ҳам ба синамои хусусӣ ва ҳам ба синамои давлатӣ дахл дорад. Аксарият бар ин ақидаанд, ки ахиран чи дар ҷодаи истеҳсоли сериалҳо ва чи дар ҷодаи пахши он аз тариқи шабакаҳои гуногун афкори умум ба назар гирифта мешавад ва зеҳнияти мардуми мо аз тамошои сериёлҳои миллӣ зарар нахоҳад дид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: