БАЗМИ ШЕЪР ДАР МАКТАБ

Устод ин мисраъҳоро дар овони ҳаждаҳсолагиаш гуфта, аз ҳамон айём ба “хидмати халқу диёри хеш” миён баст ва то охири умр ҳамчун як фарзанди содиқ бори гарони суханро бар дӯш гирифту онро ба манзили мурод расонд.

Устод Лоиқ Шералӣ дар яке аз шеърҳои аввалини худ, ки “Ном” унвон дошт, ба ҷавони баҳри шуҳратёбӣ номи хешро ба санг сабткарда чунин хитоб кардааст:

...Гар ту хоҳӣ зинда бошӣ солҳои бешумор,
Умр бинӣ ҷовидонӣ то ҷаҳон дорад бақо,
Аз таҳи дил хидмати халқу диёри хеш кун,
Сабт кун номат ба қалби мардумони бовафо!
Устод ин мисраъҳоро дар овони ҳаждаҳсолагиаш гуфта, аз ҳамон айём ба “хидмати халқу диёри хеш” миён баст ва то охири умр ҳамчун як фарзанди содиқ бори гарони суханро бар дӯш гирифту онро ба манзили мурод расонд. Ӯ бо ашъори шаҳрошӯб номи худро дар лавҳи дили халқ ҷовидона сабт намуд. Ва алҳол тайи чанд рӯз бо шукӯҳу тантана қайд карда шудани ҳаштодумин солгарди мавлуди устод ифодаи меҳру муҳаббати беандозаи халқ нисбат ба ин шоири маҳбуб аст. 
Дар мактаби рақами 19-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё низ бахшида ба ҳаштодумин солгади таваллуди устод Лоиқ Шералӣ базми шеър барпо гардид. Дар ин чорабинии адабӣ, ки онро аъзои маҳфили “Чароғи адаб”-и мактаб таҳти сарварии устоди худ, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Пайғом (Тӯхтамиши Боқӣ) тайёр карда буданд, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, шоир Паймон, корманди масъули бахши сирдарёии Иттиҳоди нависандагони ҷумҳурӣ, шоира Норинисо Қосимова, шоир ва тарҷумон Мунаввар Пардаев, шоира Баҳор Холбекова ва шоири шифокор Даврон Ҷабборов, омӯзгорони мактаб, падару модарон ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба эҷодиёти устод Лоиқ иброз доштанд. Аз ҷумла шоира Баҳор Холбекова  гуфт: мо ҷавонони солҳои ҳафтодуми асри гузашта бо шеърҳои устодони каломи бадеъ Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов ва Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ ба воя расидем. Ман то имрӯз ҳар як шеъри ба забони ӯзбекӣ тарҷумашудаи устод Лоиқро бо ҳаяҷон мехонам, аз ӯ меомӯзам. Ин исботи он фикри бузургон аст, ки шеър сарҳад ва шоир миллат надорад.
Дар “базми шеър” хонандагони мактаб Сабрина Султонова, Уламо ва Таманно Додоеваҳо, Муҳаммад Ҳакимов, Иқбол Расулов, Умеда Атақуллаева, Дилноза Абдумаликова, Дурдона Равшанбекова дигарон шеъру ғазалу таронаҳои шоири зиндаёд устод Лоиқро ба ду забон –  тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо маҳорати баланд қироат карда, сазовори таҳсин гардиданд...
Дар охири чорабинӣ меҳмонон ба китобхонаи мактаб ва аъзои маҳфили ”Чароғи адаб” китобҳо туҳфа карданд.

Санҷана ДОДОЕВА,
узви маҳфили 
“Чароғи адаб”.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: