Ё ХУД ОЗМУНИ «КИТОБХОНИ ҶАВОН» ЧӢ ГУНА ГУЗАШТ?
Китобхонӣ шуғли дӯстдоштаи инсонҳоест, ки дар зиндагӣ мақсаду мароми аниқ доранд. Зеро китоб беҳтарин раҳнамост. Инро бояд ҳамагон, алалхусус, ҷавонон хуб дарк созанд. Барои ин шабу рӯз бояд тарғиби китобхонӣ кунем. Яке аз 5 ташаббуси муҳими Президентамон Шавкат Мирзиёев, ки имрӯз дар ҷомеа роҳандозӣ мегардад, маҳз китобхонӣ буда, барои беш аз пеш афзун намудани шавқу завқи китобхонҳо ду сол боз тадоруки ҳавасмандкунӣ – озмуни «Китобхони ҷавон» гузаронида мешавад. Дар оғози соли ҷорӣ низоми озмуни «Китобхони ҷавон» аз нав такмил дода шуд. Мақсад аз гузаронидани ин озмун, пеш аз ҳама, омӯхтани мероси гаронбаҳои илмию адабӣ, таърихӣ, динии ниёгонамон, пос доштани арзишҳои миллӣ-маданиамон ва дар рӯҳи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад.
Ба қарибӣ бо ҳамкории Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, ҳокимияти вилояти Сурхондарё, саридораи таълими халқ дар бинои «Маркази ҷавонон» зинаи вилоятии озмуни «Китобхони ҷавон» гузаронида шуд. Ба ин озмун дар оғози сол ба шӯрои шаҳру навоҳии Иттифоқи ҷавонони вилоят беш аз 48 ҳазор нафар даъвогар ариза дода буданд. Аз ин 42 нафар ҳуқуқи иштирок дар зинаи вилоятиро ба даст оварданд. Албатта, ҳеҷ кас инкор намекунад, ки сафи китобхонҳо рӯз то рӯз афзун шуда истодааст. Вале… биёед, беҳтараш ин қадар даъвогарро ба ҳоли худ гузорему дониши танҳо 42 нафар ғолиби то зинаи вилоятӣ омада расидаро аз назари таҳқиқ гузаронем.
Агар бо дидаи ҳақбин назар андозем, чунин ба назар мерасад, ки аксари иштирокдорони озмун танҳо барои ба даст овардани мукофоти Президент – автомобили «Спарк» иштирок доранд. Ё ин ки дар зинаи ноҳиявӣ мизони адолат вайрон шудаасту интихоб нодуруст. Дар давоми 3 рӯз 3 нафар ғолиб аниқ карда шуд. Аз миёни 10-14 солаҳо Шаҳзода Ӯралова (ноҳияи Ҷарқӯрғон), 15-19 солаҳо Шоҳсанам Ҳазратқулова (ноҳияи Шӯрчӣ) ва 20-30 солаҳо Нурислом Чориев (ноҳияи Ҷарқӯрғон) ғолиб дониста шуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ба ғолибон диплом ва китобҳо тақдим гардид.
Дар рӯзи нахуст ҷавонони 10-15 сола дарҳақиқат, китобхон будани худро намоиш дода тавонистанд. Онҳо ба ду шарти озмун ҷавобҳои аниқу мукаммал медоданд. Аз баромадҳои онҳо китобдӯсту ташнаи дониш будан, шавқу завқи баланди китобхонӣ доштанашон баръало ҳис мешуд. Китобҳои хондаашонро ба тариқи хос нақл намуда, ба саволҳои ҳакамон ҷавобҳои саҳеҳ мегуфтанд.
Дар рӯзи дувуми озмун, ки миёни ҷавонони 15-19 сола гузаронида шуд, табъи кас каме хира гардид. Онҳо ба озмун чандон тайёр набуданд. Фикри худро озод баён карда наметавонистанд, ба саволҳо ҷавобҳои муғлақ медоданд. Барои ҷавонон ин синну сол оё марҳилаи ҳалкунанда маҳсуб намеёбад? Вақти дониши худро сайқал додану аз ғалбер гузаронидан нест магар? Охир беҳуда нагуфтаанд, ки илму дониши дар ҷавонӣ азхудкардашуда чун нақши бар санг кандашуда аст.
Рӯзи сеюми озмун аз ин ҳам бадтар дилхиракунанда гузашт. Зеро «китобдӯстон»-и 20-30 сола аксар омӯзгорони фанни забон ва адабиёт буданду қариб 70 фоизи онҳо ба саволҳои ҳакамон «ёфта натавонистам», «аз ёдам баромадааст», «нахондаам» гӯён ҷавоб гардониданд. Нутқашон норавон, саволҳо беҷавоб буд. Оне, ки бояд дигаронро тарғиб кунад, ки «китоб хонед» худ аз олами китоб бехабар аст. Онҳо чӣ гуна шогирдонро ба китобхонӣ ҷалб карда, ҳавасашонро бедор намуда, дар интихоби китоб ба онҳо ёрӣ мерасонанд?
Дар анҷоми озмун, вақте ки ба иштирокчиён сухан дода шуд, баъзе изҳор доштанд, ки рӯйхати адабиёт дер дастрасашон шуду ҳаҷми китобҳо ҳам хеле калон буданд ва пурра дар ёд доштани асар ҳам мушкил аст. Ин баҳонаҷӯиҳо симои аксариятро фош кард. Маълум сохт, ки онҳо на китобдӯстанду илмҷӯ ва на омӯзгори дилсӯз. Ин иштирокчиёни тасодуфӣ танҳо барои «мукофот» «китоб хонда» ин ҷо омадаанд. Бояд сари ин масъала амиқтар андешид.
Хуллас, дар анҷоми озмун ҳангоми тақдимот ба ҷои табрикот аз ҷониби ҳакамон фикрҳои танқидии ҳаққонӣ гуфта шуданд. Барои лоиқ шудан пайваста омӯхтан, заҳмат кашидан лозим. Зеро:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Олим ПАНҶИЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.