БЕ ДИРӮЗ ИМРӮЗ, БЕ ИМРӮЗ ФАРДО НЕСТ

Султонхон Ҳасанхонов аз зумраи одамони хушсаводи деҳаи Чаканди ноҳияи Янгиобод мебошад. Баробари дар Донишкадаи забонҳои хориҷии Тошканд хонда соҳиби тахассуси муаллими фанни забони испанӣ гардидан, боз мустақилона забонҳои арабӣ, франсавиро аз бар намуд.

– Тасаввур мекунед, ҳар саҳарӣ мардуми зиёди деҳ маркабсавор ба чор тараф роҳ пеш мегирифтанд. Онҳо ба мактабҳои қишлоқҳои гирду атроф рафта дарс медоданд. Ин ҳол аз маърифатнок будани аҳли деҳ далолат медиҳад, – мегӯяд ҳангоми суҳбат Султонхон Ҳасанхонов. 
Султонхон Ҳасанхонов чанде қабл аз ин ба як кори хайру савоб даст зад. Бо ташаббуси ӯ дар даромадгоҳи қабристони деҳа «Хиёбони хотираи устодони деҳаи Чаканд» ташкил ёфт ва дар он номи 101 омӯзгори марҳум абадӣ гардонида шудааст.
«Ҳар чӣ корӣ он медаравӣ» гуфтаанд. Фарзанди калонаш Вафохон ҳоло имом-хатиби ноҳияи Зарбдор, Зиёхон донишҷӯи Донишгоҳи аграрист. Бақохон ходими шуъбаи адлияи ноҳияи Янгиобод мебошад.

Анорбой Назаров,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: