БЕ ИНКИШОФИ ВАРЗИШИ ОММАВӢ ДАР БОРАИ МАРРАҲОИ НАВ ҲАРФ ЗАДАН ҲАНӮЗ БАРВАҚТ

Қадами аввалини муваффақият аз ташаббус оғоз мешавад.

Ғамхорӣ ба он на танҳо бо чапакзанӣ, балки бо ҳис кардани моҳияти кор низ намоён мешавад.
19-уми марти соли 2019 таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, ҷалби онҳо ба фарҳангу санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби китобхонӣ, ташаккули маҳорати онҳо дар истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҷамъомади видеоселекторӣ доир гардида буд. 
Дере нагузашта, дар доираи панҷ ташаббуси муҳим истеъдодҳои ҷавон дар самтҳои гуногун аз китобхонӣ то технологияи инноватсионӣ кашф карда шуданд. Ҷавонон аз тарафи давлат ва сарпарастон ҳавасманд гардонида шуданд. Садҳо оила шод гардид.
Маълум аст, ки самти дуюми панҷ ташаббуси муҳим ба фароҳам овардани шароити зарурӣ ба тарбияи ҷисмонии ҷавонон, намоён кардани қобилияти онҳо дар варзиш нигаронида шудааст. 
Се сол пеш дар мамлакати мо зиёда аз 12 ҳазор иншооти варзишӣ мавҷуд буд, ки дараҷаи ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ ҷалб намудани ҷавонон шоёни таҳсин набуд. Мутаассифона, рақамҳои ҳисобот, ба рақамҳои дарамалбуда мувофиқ набуданд. Ба қадри кифоя набудани таҷҳизоти варзишӣ, на танҳо дар муассисаҳои маълумоти умумӣ, балки дар мактабҳои варзишӣ низ боиси як қатор мушкилиҳо гардид. 
Имрӯз чӣ хел аст? Имрӯз вазъият ба куллӣ дигар аст. Давлат пеш аз ҳама ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникии мактабҳои варзишии бачагону наврасон, бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин намудани онҳо диққати махсус медиҳад. Зеро ҷавононе, ки пагоҳ ба ҷамоаҳои яккачин дохил мешаванд, аввал дар маҳалла, баъд дар мактабҳои варзиши бачагону наврасон ба камол мерасанд. 
Шоёни диққат аст, ки то соли 2021 дар асоси барномаи давлатӣ 7 382 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии кишвар қисман бо таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 
Маҳфилҳои бокси 230 мактаби варзишии бачагону наврасон бошад, асбобу анҷоми заруриро гирифтанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки вазъияти ҳозира комилан беҳ аст. 
Дар натиҷаи чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва лоиҳаҳои солҳои охир шумораи умумии аҳолии бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул аз 4,8 миллион ба 5,6 миллион расидааст. 
Вале гуфтан барвақт аст, ки низоми тайёркунӣ, интихоби варзишгарони боистеъдод, ки шарафи кишварамонро дар арсаҳои варзишии ҷаҳон ҳифз мекунанд, пурсамар кор мекунад. Зеро бе инкишофи варзиши оммавӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникии он, дар бораи марраҳои нав сухан рондан ҳанӯз барвақт аст. 
Дар муассисаҳои варзишию таълимии ҳар ноҳияю шаҳр дар як вақт фаро гирифтани ҷавонони мо ғайриимкон аст. Ҳар яке аз мактабҳои варзишӣ ба ҳисоби миёна ба 1000-1500 нафар ҷавонон хидмат расонида метавонад.
Қарори Сарвари давлат, ки ба наздикӣ ба имзо расид, «Дар бораи чораҳои ба зинаи нав баровардани ҷалби ҷавонон ба варзиши оммавӣ дар маҳалҳо» барои ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаҳои зикршуда заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Илова бар ин, идомаи мантиқии панҷ ташаббуси муҳимест, ки Президент се сол пеш ба миён гузошта буд. Тарғиби тарзи ҳаёти солим тавассути ташкили мунтазами мусобиқаҳои оммавии варзишӣ байни ҷавонон дар маҳаллаҳо, ба зинаи нав баровардани варзиши оммавӣ, иҷрои вазифаҳое, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 гузошта шудааст, ба он хидмат мекунад, ки даҳҳо Оксанаҳо, садҳо Баҳодуру Улуғбекҳо, Акбару Давлатҳо ба воситаи мусобиқаҳои маҳаллӣ ба варзиши калон роҳ ёбанд.
Муҳимтар аз ҳама, ҷорӣ намудани низоми панҷмарҳилаи мусобиқоти оммавии варзишӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявии сезинавӣ боиси фаро расидани баҳори варзиши бузург ба ҳаёти Ӯзбекистони Нав, ҷорӣ шудани тамоюлҳои тарзи ҳаёти солим дар оила ва ҳаёти ҳар як шахс мегардад, ки  ин ба солимии миллат, ба камол расидани насли ҳамаҷониба соҳиби зеҳн роҳ мекушояд.

Шаҳрулло МАҲМУДОВ,
муовини вазири рушди варзиши Ӯзбекистон.
ӮзА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: