БЕ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ ОЯНДА НАДОРАД

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 сентябр ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати рақамӣ дар соҳаҳо ва минтақаҳо баргузор гардид.

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 сентябр ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати рақамӣ дар соҳаҳо ва минтақаҳо баргузор гардид.
Имрӯз технологияи рақамӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон бо шиддат дохил мегардад. Дар сурати сари вақт роҳ пеш гирифтан ба сӯйи инкишофи рақамӣ давлат ба муваффақиятҳо ноил мегардад, мамлакатҳое, ки бо усули кӯҳна кор мекунад, аз тараққиёт бозмемонанд.
Тавре ки маълум аст, соли 2020 дар мамлакатамон Соли илм, маърифат ва рушди иқтисодиёти рақамӣ эълон гардидааст ва дар ин самт корҳои доманфарох оғоз гардидаанд. Аз ҷумла, 28 апрел Президент ба қарор «Дар бораи чорабиниҳо оид ба васеъ татбиқ намудани иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати электронӣ» имзо карда буд.
Дар ҷамъомади видеоселектории мазкур корҳои дар ин роҳ татбиқгарданда, ҳамчунин лоиҳаҳое, ки татбиқашон барои соли ҷорӣ ва семоҳаи аввали соли 2021 муқаррар гаштааст, баррасӣ гардиданд.
– Роҳбарони минтақаҳо ва соҳаҳо бояд дарк намоянд, ки бе рақамисозӣ натиҷа ва тараққиёт ба вуҷуд намеояд. Роҳбарони тамоми дараҷаҳо ин масъаларо чун вазифаи рӯзмарраи худ муайян намуда, соҳаи рақамисозиро аз алифбо сар карда амиқ омӯзанд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Таъкид шуд, ки то охири соли ҷорӣ ҳар як роҳбари соҳа ва минтақа дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ба гардиши куллӣ бояд ноил гардад. Одамон ин бозсозиро дар кам гардидани бюрократия ва коррупсия, тезондани хидматгузории давлатӣ бояд эҳсос намоянд.
Ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо ҳар моҳ ду-се рӯз бояд қатъиян бо масъалаҳои рақамисозӣ машғул  шаванд. Ба фаъолияти онҳо вобаста ба он, ки минтақаашон дар бобати рақамисозӣ ба чӣ дараҷа расидааст, баҳо дода мешавад. Роҳбароне, ки ба натиҷаҳои намунавӣ ноил гаштаанд,  ба миқдори то 30 фоиз иловапулӣ хоҳанд гирифт.
Роҳбари давлат чандин бор ногузирии рақамисозии соҳаҳоеро таъкид намудааст, ки бо онҳо одамон бештар дучор мегарданд ва ҳаёти шаҳрвандон сабуктар мегардад. Бинобар ин талабот аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ 530 лоиҳаи минтақавӣ ва 280 соҳавӣ таҳия гаштааст.
Аз он ҷумла, 239 лоиҳа доир ба рақамисозии соҳаҳои тандурустӣ, кадастр, ҳимояи иҷтимоӣ, хоҷагии қишлоқ, таълим дар 14 ноҳия то охири соли ҷорӣ ва дар 14 ноҳияи дигар дар семоҳаи якуми соли оянда ба амал татбиқ мегарданд.
Ҳамин тариқ татбиқи низоми «Поликлиникаи электронӣ» коғазбозиро дар муассисаҳои тиббӣ 40 фоиз кам менамояд, вақти навбатпоиро ба 60 фоиз коҳиш медиҳад. Барои ин беморхона ва поликлиникаҳои марказӣ бояд пурра рақамӣ карда шаванд.
Ҳоло дар шаҳри Тошканд харитаҳои тиббии электронӣ, низоми информатсионӣ барои беморхонаҳо ва ёрии таъҷилӣ ҷорӣ мегарданд. Таъкид шуд, ки ин масъалаҳои барномавӣ соли оянда дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона, Ҷиззах, Сирдарё, Сурхондарё ва Хоразм ба кор андохта мешаванд. Таъкид шуд, ки дар тамоми минтақаҳо низомҳои «Рӯзномаи электронӣ», «Китоби дарсии электронӣ», «Баҳои муаллимон» бояд ба амал татбиқ гарданд.
Ба Вазорати инкишофи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия супориши пурра рақамисозии муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ дар 14 ноҳия ва дар мисоли онҳо тартиб додани модел барои дигарон супурда шуд.
Рақамисозӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт сарфакорӣ ва самарабахширо таъмин менамояд. Барои мисол, дар натиҷаи татбиқи низоми назорати сарбории автомобилҳои боркаш дар карерҳои санг дар ноҳияҳои Тайлоқ ва Оқдарё  моҳона аз 3 то 8 миллиард сӯм афзуд.
Дар назди Кумитаи давлатии андоз решакан намудани «иқтисодиёти сиёҳ» ҳангоми истифодаи карерҳо, аз он ҷумла бо роҳи татбиқи низоми электронии назорат аз болои гирифтани шағал, сарборӣ ва ҳаракати техника вазифа гузошта шуд.
Дар ҷамъомад ба лоиҳаҳои соҳаҳои саноат эътибори алоҳида нигаронда шуд.
– Бе иқтисодиёти рақамӣ иқтисодиёти мамлакат оянда надорад, – таъкид кард Президент.
Дар тӯли се соли оянда татбиқи 18 лоиҳаи рақамисозӣ дар секторҳои нафту газ ва энергетика, 12 лоиҳа дар металлургия, 9 лоиҳа дар саноати автомобилсозӣ, 8 лоиҳа дар саноати кимиё, 4 лоиҳа дар соҳаҳои маъдани кӯҳ ва геология ба нақша гирифта шудааст.
Барои мисол, ба туфайли татбиқи хидмати танзимгарии автоматӣ дар корхонаҳои соҳаи нафту гази Муборак ва маҷмӯи Шӯртан – соле имконоти сарфа намудани 50 миллион мукааб газ ва 650 ҳазор киловатт-соат электроэнергия фароҳам оварда шуд. Корхонаи автомобилсозии Асака аз ҳисоби рақамисозии логистика, харид, кашондани ашёи хом ва ҷузъҳои он метавонад 41 миллион доллар сарфа намояд. Дар ҷумлаи чунин лоиҳаҳои истиқболнок – татбиқи низоми идораи автоматии маҷмӯи нақлиётӣ дар чоҳҳои «Ёшлик-1» ва «Қалмақир»-и Комбинати маъдану металлургияи Олмалиқ вуҷуд дорад. Ин имкон медиҳад, ки соле 28 миллиард сӯм сарфа гардад.
Президент масъулони тамоми лоиҳаҳоро муайян намуд ва доир ба татбиқи саривақтӣ ва сифатноки онҳо, ҷудо намудани маблағе, ки аз институтҳои байналхалқии молиявӣ ҷалб гаштаанд, супориш дод.
Ба Сарвазир ва муовинони вай супурда шуд, ки дар муддати даҳ рӯз нақшаи рақамисозии соҳаҳои марбуташонро то охири соли ҷорӣ ва барои соли оянда таҳия намоянд.
Татбиқ ва босамар фаъолият намудани иқтисодиёти рақамӣ, тавре ки маълум аст, аз мутахассисон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, барои тарбия намудани кадрҳо аҳамияти муҳим дода мешавад. Соли гузашта дар Тошканд Парки маҳсулоти барномавӣ ва технологияи информатсионӣ бунёд гардида буд. Филиалҳои он дар Андиҷон ва Марғилон кушода шудааст. Боз як филиал дар ҳудуди Мактаби махсуси технологияи информатсионии ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар Тошканд ташкил мегардад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо кушодани 205 мактаби омӯзиши амиқи технологияи иттилоотӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба Вазорати маорифи халқ ва Вазорати инкишофи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия барпо намудани 14 мактаби махсус дар соли ҷорӣ ва боз 82 чунин мактаб дар соли оянда супурда шуд.
Аҳамияти татбиқи низоми миллии тарбия ва сертификатсияи муаллимони технологияи иттилоотӣ дар пойгоҳи Донишгоҳи технологияи иттилоотии Тошканд  ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ ва IT-паркҳо таъкид гардид. Ба музди меҳнати педагогҳое, ки сертификати малакаро соҳиб мегарданд,  50 фоиз иловапулӣ дода мешавад. Мукофотонидани муаллимони мактабҳое, ки шогирдонашон курси «Як миллион барномасоз»-ро бомуваффақият анҷом медиҳанд, роҳандозӣ мегардад.
– Масъалае, ки имрӯз баррасӣ мегардад – асоси муҳими кори мо доир ба инкишоф ва беҳсозии ҳаёти халқамон мебошад, – гуфт Президент. – Ҳамаи роҳбарони минтақаҳо ва соҳаҳо бояд инро дарк намуда, ҷаҳонбинии худро тағйир диҳанд ва қатъан аз пайи иҷрои вазифаҳои гузошташуда шаванд.
Ба Сарвазир назорати иҷрои чорабиниҳои муҳокимагардида дар соҳаҳо ва минтақаҳо супурда шуд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ ҳокимон дар бораи он ки лоиҳаҳои рақамисозӣ ҳаёти шаҳрвандонро то куҷо сабук месозад, маълумот доданд.    

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: